Главная / Илм / КИСЛОТАИ ДЕЗОКСИРИБОНУКЛЕАТ (КДН)

КИСЛОТАИ ДЕЗОКСИРИБОНУКЛЕАТ (КДН)

kislota-dezoksirКИСЛОТАИ ДЕЗОКСИРИБОНУКЛЕАТ (КДН), навъи кислотахои нуклеат, ки дар табиати зинда пахн шудааст. КДН аз асосхои пурини (аденин, гуанин) ва пирамидини (тимин, ситозин, 5-метилситозин), канди дезоксирибоза ва бокимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтааст. Асосан дар ядрои хучайра дар шакли дезоксирибонуклеопротеидхо (ДНП) мавчуд аст. КДН вазифаи нигахдори ва гузаронидани ахбори генетикии доир ба сохт ва аломатхои организмхои зиндаро ичро мекунад. Дорухои КДН-ро аз бофтаи хайвонот ва растани, инчунин аз бактерияхо ва вирусхои КДН-дор хосил кардан мумкин аст. АДН биополимерест, ки аз мономерхои зиёди дезоксирибонуклеотидхо таркиб ёфтааст; вазни молекулавиаш 106 – 109. Мувофики модели сохтории с. 1953 пешниход намудаи Ч. Уотсон ва Ф. Крик КДН аз ду занчири полинуклеотидии дар спирали дукабатаи тобхурда ва бо бандхои гидрогении байни асосхои нитрогени ба хам пайвастшуда (аденин – А бо тимин – Т, гуанин – Г бо ситозин – С ё 5-метилситозин) иборат аст.
Чунин сохтори хос на танхо хусусиятхои биологии КДН, балки хусусиятхои физикию химиявии он (хосияти кислотаги, бошиддат фурубарии нурхои ултрабунафш, гудозиши махлулхои КДН дар 80 – 90°С ва г.)-ро низ дарбар мегирад. Хар як организми зинда бо КДН-и ба худ хос, ки таносуби муайяни нуклеотид доранд ва бо тартиби муайян чойгир шудаанд, тавсиф мешаванд. Ахбори генетики доир ба хамаи аломатхои хар як организм дар намуди пай дар пайи муайяни нуклеотидхо дар КДН рамз карда ва нигох дошта мешавад. КДН ягона моддаест, ки кобилияти худдучандшави (репликатсия) дорад. Хангоми репликатсия спирали дукабатаи КДН кушода шуда, дар хар як занчири полинуклеотиди, чун дар матритса, бо иштироки ферменти полимераза занчири нави нуклеотиди синтез мешавад. Хар як спирали ба тозаги хосилшудаи КДН нусхаи сахехи КДН-и «модари» мебошад. Ин раванд асоси аз насл ба насл гузарондани ахбори генетикиро ташкил медихад. КДН инчунин барои синтези кислотахои рибонуклеат (КРН) чун матритса хизмат мекунад.
Дар тадкики ахамияти биологии КДН олимони Точикистон низ сахми худро гузоштаанд. Дар Ин-ти ботаника, физиология ва биофизикаи растанихои АИ ЧТ микдори 5-метилситозин дар КДН-и растанихои гуногун ва ахамияти он дар тагйирёбии сохти молекулаи КДН муайян карда шудааст. Дар баробари ин, усули махсуси чудо кардани КДН аз хромосомахо ва омузиши сохти онхо дарёфт шудааст. Олимони ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино таъсири гормонхоро ба кобилияти синтези КДН дар бофтахоро мукаррар кардаанд (барои муоличаи баъзе беморихо истифода мешавад).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …