КИНОЯ ЧИСТ?

Киноя калимаи араби буда, маънои лугавиаш сухани пушида, пушида сухан гуфтан; рамз ва ишора аст. Дар илми бадеъ номи яке аз санъатхои маънавист. Киноя чунон аст, ки шоир ё нависанда калима ё ибораеро истифода менамояд, ки ба маънои аслии худ не, балки ба маънои акс омадааст. Дар ин маврид шарти асоси ин аст, ки маънои асли ва маънои иловаги аз чихати мантики ва шабохат бояд ба хам наздик бошанд.

Киноя

Масалан, «Думи сагат кач», «Оби дари хона кадр надорад» киноя аз айбчуи ва бекадрии наздикон мебошад. Киноя аз воситахои баён буда, дар он ифодаи маънои хакики низ имкон дорад. Масалан, агар гуем, ки «Дарро задам, девор кафид» ба маънои одаме, ки хакикати гапро нафахмида, гавго мебардорад, аммо задани дару кафидани девор ба маънои асли низ наздик аст.

Киноя яке аз санъатхои серистеъмоли адабиёти шифохи низ ба шумор меравад. Дар афсона, латифа ва маколу зарбулмасалхои халки хеле зиёд ба мушохида мерасад. Чанд мисол: «Дами табарро пахта гирифтааст», «Хамаро мон, аммаро мехмон кун».

Дар ин байти Мирзо Турсунзода «мехмон» киноя аст:

Фурсати он аст, ки ин «мехмон»
Тарк кунад кишвари Хиндустон.

Дар абёти поёни таъбирхои «Нафасе то ба охират бирасид», «Худош бардорад» ва «Мусулмони хамин аст» – у «бе дард» ба вазифаи киноя омадаанд:

Шох аспе ба шоире бахшид,
Ки зи тундеш чашми чарх надид.
Буд тунд ин кадар, ки аз дунё
Нафасе то ба охират бирасид.
(Бисоти)

Ракиб гуфт, ки афтодаам, маро бардор,
Дуош кардаму гуфтам: «Худош бардорад»
(Возех)

Гар мусулмони хамин аст, ки Хофиз дорад,
Вой агар аз паси имруз бувад фардое.
(Хофиз)

На хар к-у зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-у бедард бошад.
(Низоми)

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Киноя дар лугатхо ба кадом маънихо меояд?
2. Чаро кинояро воситаи баён меноманд?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …