Главная / Илм / КИМ Алексей Иванович

КИМ Алексей Иванович

kim-alekseyКИМ Алексей Иванович (тав. 03. 02. 1960, ш. Кулоб), чаррохи дил, доктори илми тиб (2001), проф. (2003). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1983). Ординатори клиникии кафедраи беморихои чаррохиталаби №1 ДДТТ дар назди Беморхонаи клиникии шахрии №5 (1983 – 85), духтури хамин беморхона (1985 – 87). Аспирант ва ходими илмии шуъбаи кудакони хурдсоли Маркази илмии чаррохии дилу рагхои ба номи А.Н. Бакулеви АИТ Россия (1987 – 90), ходими илми, мудири хадамоти чаррохии шуъбаи чаррохии очил ва муоличаи интенсивии навзодон (1991 – 99), мудири шуъбаи чаррохии тачдидии кудакони навзод ва хурдсоли гирифтори нукси модарзодии дили Маркази номбурда (аз 1999). Оид ба масъалаи баркарорсозии унсурхои осебёфтаи дил бо истифода аз технологияи гени ва хучайраги тадкикот мебарад. Муаллифи зиёда аз 180 асару маколахои илмист. Тахти рохбарии у 5 наф. рисолахои номзади дифоъ намудаанд. С-хои 1996 – 2003 ассистенти кафедраи чаррохии дилу рагхои Академияи тиббии Москва ба номи Сеченов буд. Аз с. 2003 проф. кафедраи чаррохии дилу рагхои факултаи такмили ихтисоси Донишгохи тиббии стоматологи. Бо Чоизаи умумироссиягии ба номи В.И. Бураковский, нишони фахрии Вазорати тандурусти ва рушди ичтимоии «Милосердия», Аълочии тандурустии Чумхурии Саха-Якутия кадр карда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …