Главная / Илм / КИБЕРНЕТИКАИ ТИББи

КИБЕРНЕТИКАИ ТИББи

kibernetikai-tibbiКИБЕРНЕТИКАИ ТИББи, як фасли кибернетика, ки раванди идора ва дарёфти ахборро дар организми зинда ва гурухи алохидаи одамон (барои халлаи масъалаи табобат ва пешгирии беморихо) меомузад. К. т. масъалахои муолича ва пешгирии беморихоро мухокима мекунад, фаъолияти организми одамро дар асоси конунхои идора, ки одатан ба хамаи объектхои табии ва сунъи хос аст, тахкик менамояд.
Дар ин хол организми зинда ва узвхои алохидаи онро чун системае бояд тасаввур кард, ки дар он дарк, захира, тахлил ва интиколи ахбор ба вучуд меояд, ба аксуламал (реаксия)-и мувофик заминае тайёр мекунад, ки чараёни муътадили хама равандхои хаётан мухимро идора менамояд. Аз нуктаи назари К. т. хар гуна бемори хамчун ихтилоли раванди кабул, интикол ва тахлили ахбор ё натичаи тафсири нодурусти омили идоракунанда дониста мешавад. Истифодаи усулхои К. т. (моделонии электрони ва математики, усулхое, ки ба корбасти компютерхо асос ёфтаанд ва г.) ба афзун гардондани роххои тадкики организмхои зинда, ошкор сохтани имкониятхои духтурон хангоми ташхис ва табобати беморон равон гардидааст. Тараккиёти К. т. бо инкишофи техникаи компютери ва усулхои нави ба даст овардани ахбор дар бораи вазъи организм ё системаю узвхои алохидаи он зич алокаманд аст. Тадкикоти тиббию кибернетики ба се самти асоси чудо мешавад. Самти якум ба чамъ намудани ахбор дар бораи фаъолияти организмхои зинда ва узвхои онхо, ичунин коркарди усулхои истифодаи ахбори мавчуда (барои тавсифи объективонаи холати организм) вобаста аст. Самти дуюм кори идораи равандхои муътадил ва номуътадилро дарбар мегирад, ки он характери барои организми зинда зарурии рафти ин амалиётро таъмин менамояд. Самти сеюм тадкикот оид ба кашфи омилхои техникии ташхис ва табобат, инчунин системахои ахборию идоракуни бо максади идораи кори сохахои мухталифи умури хифзи тандурусти (аз муассисахои алохида, мас., поликлиника, беморхона то идорахои дахлдор ва хатто вазъи саломатии ахолии нохияхо ва давлатхои алохида) мебошад.
Ба корхои самти якум тадкикот оид ба ташхиси беморихо тавассути барномаю усули махсуси истифодаи компютерхо дохил мешаванд, ки кобиланд аз байни чанд намудхои бемори навъи бештар имконпазири иллатро «нишон» диханд. Системахои ташхиси дар холатхои душвор ба духтур кумак мерасонанд (дар ин хол компютер ба духтур варианти бештар имконпазири ташхисро «нишон» дода, хангоми зарурат муоинаи иловаги тавсия мекунад). Онхоро барои такмили умури тибби ба ахоли дар шароите, ки ёрии тиббии таъчили душвор аст (мас., аз сабаби дар муассисаи мазкур набудани мутахассиси ягон сохаи тиб), истифода мебаранд (дар ин хол системахои махсуси алокаро истифода бурда, муассисаи тиббиро бо муассисаи тиббии маркази алокаманд мекунанд ва аз он маслихати зарури мегиранд); нихоят, системахои ташхисиро барои муайян намудани одамони алохида (хангоми муоинаи тиббии оммави)-е, ки хавфи гирифтор шудани онхо ба ин ё он бемори бештар аст, кор мефармоянд. Дар ин хол аз пурсиши анкети истифода бурда мешавад, ки он тарчумаи холи одам, шароити зиндаги ва мехнат, омилхое, ки ба тарзи зисту зиндагии у вобастаанд, беморихои аз сар гузарондани уро дарбар мегирад. Агар хавфи ба ин ё он бемори гирифтор шудани одамони алохида муайян карда шавад, он гох онхоро ба муоинаи иловаги мефиристанд, ба низорати доимии тибби мегиранд. Азбаски коркарди маълумоти пурсиши анкети душвор нест, истифодаи ин усул имкон медихад, ки маблаги бахри муоина ва бистаригардонии тамоми ахоли чудокарда сарфа шавад.
Ба гурухи тадбирхои самти якум кори тахлили компютерии электроэнсефалограмма, электрокардиограмма ва г., ки вазъи беморро муайян мекунанд, коркарди системаи ба ном сарбастаи идораи наркоз, ангезиши фаъолияти дил (ниг. Кардиостимулятсия), нафаскаши ва асбобхои ёрирасон (мас., асбобхои хунгардиши сунъи ва г.) дохил мешаванд.
Аз сабаби зиёд шудани рагбат ба дарёфти узвхои сунъи, диккати мутахассисони сохаи К. т.-ро масъалаи амсиласози (моделони)-и организм ё зерсистемахои калони он (гардиши хун, нафаскаши, мубодилаи моддахо) чалб менамоянд. Аз ин ру, омузиши тарз (механизм)-и устувор нигох доштани мухити дохилии организм (гомеостаз) яке аз бахшхои мухими самти дуюми тадкикоти К. т. аст. Хусусияти гомеостазии организмхои зинда хам аз чихати ошкор кардани табиати физиологии тарзи нигохдоши холате, ки ба мухити дохилии организм мусоид аст (хангоми тагйири шароити беруни) ва хам аз нуктаи назари имконияти амалигардонии гомеостаз тавассути асбобхои техники (ниг. Бионика) барои К. т. ахамияти калон дорад.
Идораи рафти табобат низ яке аз масъалахои К. т. мебошад. Истифодаи кобилияти хифзи микдори зиёди ахбор дар компютерхо имкон медихад, ки ба тахлили маризихо такя карда, барои хар бемор чунин тарзи муоличае интихоб карда шавад, ки окибати он нек бошад. Масъалаи идораи табобат хангоми истеъмоли дорухои пуртаъсир ва захрнок хеле судбахш аст. Дар ин сурат тавассути усулхои амсиласози (моделони)-и математики барномаи табобати (мухлати истеъмол ва вояи дору), усулхои имконпазири бартараф намудани таъсири номатлуби дору ва г. муайян карда мешаванд. Хангоми шуоъшифои (барои хисоб кардани вояи шуоъ) истифода бурдани компютерхо ахамияти калон доранд.
Ба корхои самти сеюм дарёфти усулхои ба кайд гирифтани вазъи саломатии шумораи зиёди ахоли дохил мешавад. Чунин бакайдгири (хангоми датсрас будани таърихи бемори) имкон медихад, ки дар холатхои таъчили ба бемор фавран ёри расонида шавад; тадбирхои пешгирии беморихо аз руи накша ичро гарданд; сабабхои тамоюли ногуворро дар тагйири ахволи саломатии ахоли саривакт ошкор намоянд. Дар натича умури тиббие ба вучуд меояд, ки вазифахои гуногунро хал карда, имкониятхои дар системахои хифзи тандурусти вучуддоштаро амали мегардонад. Системахои идораи тадкикоти илми дар сохаи тиб низ яке аз тарзхои чамъоварии ахбори тибби мебошанд. Хангоми дарёфти чунин системахо саъю кушиши одамон ба халли масоили муборизаи зидди беморихое, ки ба чамъият зарари калон мерасонанд, равона шудааст (беморихои дилу раг, онкологи, сирояти ва г.). Тадкикоти ба муборизаи зиди ин беморихо равоншударо ташкилотхои байналхалки, кабл аз хама Созмони умумичахонии тандурусти, хамоханг месозанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …