Главная / Илм / КЕФИР

КЕФИР

kefirКЕФИР, як навъ гизои турши пархезист, ки аз шири пастеризонидаи гов бо рохи туршонидан хосил мекунанд. Барои туршонидан ба шир сафеда ё мояи махсус меандозанд. Вобаста ба мухлати тайёр шудан К. ширин (якруза), нимтурш (дуруза) ва турш (серуза) мешавад. Мухлати туршонидани К. хар кадар зиёд бошад, микдори спирти он (аз 0,2 то 0,6%), гази карбонат ва кислотаи шир хамон кадар меафзояд. Заводхои шир К.-и серравган (дорои 2,5; 3,2 ва 6% равгани шир), серравгани дорои витамини С, К.-и меваги (шарбати мева ва 2,5% равган дорад) ва К.-и беравган (дорои то 0,05% равгани шир) истехсол мекунанд.
К. нисбат ба шир хеле зудхазм мебошад. Спирт ва кислотаи карбонати таркиби К. таъми турш ва буи хуши иштихоовар дошта, ба системаи асаб ва дилу рагхо таквият мебахшад, раванди фосидшавиро дар меъдаю рудахо пешгири менамояд. К. гизои шифобахш аст. Онро дар харорати 8°С то се шаборуз нигох доштан мумкин.
Истеъмоли мунтазами К. микрофлораи рударо солим гардонда, савияи холестеринро дар хун паст мекунад, масуният (иммунитет)-ро устувор менамояд. Бино ба акидаи мутахассисон хусусан К.-и асидофили ахамияти калон дорад. Барои тайёр кардани он асидофилус лозим аст. Асидофилусро (дар гилофак чой дорад) метавон аз дорухонахо харид. Дар 500 мл шири чушондаи гарм се гилофаки онро хал карда, зарфро ба чои гарм гузоред ва 12 – 18 соат интизор шавед. Ин гуна К.-ро хунук карда нушидан лозим аст. К.-и «нав» хосияти дарунрони дошта, К.-и серуза дарунро мебандад. Минбаъд ба чои асидофилус метавон худи К.-ро истифода бурд (барои 1 л шир ду кошук К.). Баъд аз дах руз боз асидофилусро истифода бурдан лозим аст.
К. барои рафъи фарбехи давои хуб мебошад. Он дар баробари кам кардани вазни бадан ба силсилаи дилу рагхо таъсири муфид мерасонад. Хусусан якчоя бо сабзавоту мевахо истеъмол намудани К. ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …