Главная / Гуногун / КАЗОИ НАМОЗИ ШОМ

КАЗОИ НАМОЗИ ШОМ

Дунё вафо надорад, эй нури хар ду дида…

Хофиз

– Ох!..

Пирамард, ки тарс аз казои намоз дошт, саросема ба офтоб нигаристу «хайрият» гуфта, охи сабук кашид. Офтоб ру ба уфук мерафт ва кам-кам кудрати худро аз даст медод. Рушноию гарми коста мегардид. Торафт заиф мешуд. Кохилу зардранг мегашт. Бобои Нозир араки пешониашро пок кард ва:

– Кифоя, – гуфта белро сари китф гирифту лаби чуи пуроб омаду онро шуст. Бурда ба анчомхона монд.

Сипас вазнин-вазнин кадам монда, ба хонаи хоби худ даромад. Худ ба худ гур-гур кард: «Эх, пир шудам, пир. Ку он кувваю гайрат? Ку он сузу соз? Лекин холо хам ташнаам. Ташнаи захмат. Ха, ташнагиам нашикастааст. Аммо чи суд? Хай дарег-а! »

Телевизорро ба кор даровард. Адиби хачвнигоре сухан меронд.

«… Зиндаги низ зиндон аст, агар ба хукми вичдон махкум шуда бошед…

    …Падар аз шавки дил дар кудаки дасти писар гирад,

    Ба умеде, ки дар пири писар пули падар гирад…»

– О, ин Шохин-ку?

Бобои Нозир уро аз симояш не, аз овозаш шинохт.

– Э, бечора-е, пир шудааст. Не, пир карданд уро. Лекин чи хел ба телевизион рох ёфта бошад? Охир, уро наздик шудан намемонданд. Боре худаш бо кахр гуфта буд: «Охир, ман «бачаи чайра» нестам. Хеч гох бар зидди манфиатхои давлату миллатам набаромадаам ва нахохам баромад. Баракс, нохамворихову ноадолатихои ичтимоъиро тахаммул надорам ва то чое, ки имкон дорад талош мекунам бо маколахои интикодии худ, бо амалу фаъолияти худ дар рафъи падидахои манфии чомеа сахмгузор бошам. Аламовар аст охир, ки аз ман душмантароши мекунанд». Наход уро сафед карда бошанд? Ё ки пул дода бошад?.. Э, не-е! Не! Хунар, истеъдодашро эътироф кардаанд.

«…Асадбек суратхои сафари Амрикоро бо наберааш тамошо мекард. Ва хар замон ба суолхояш посух медод. Наберааш акси Хайкали Озодиро нишон дода пурсид:

– Бобо, чаро ин занак яхмоси калонро бардоштааст?!

– Ин яхмос не, машъали озоди аст!

– Хмм… барои хамин озодии Амрико дар гармии Ироку Афгонистон зуд об мешавад, – гуфт набера…»

Реклама огоз шуду пирамард дароз кашид, то каме биосояд. Куфтаву шалпар шуда буд, хоб галаба карду пинак рафт. Ва хоби ботарсе дида, бедор шуд. Холо хам реклама пахш мешуд.

– Ох, кариб ним соат хоб рафтаам.

Хамзамон фигони чонсузи наберааш ба гушаш расид. Гиряи талхи тифл мутаассираш сохт. Нафаси гарми тараххум мадораш бахшид. Бархоста буд, ки садои келин баланд гашт:

                 Хоб кун, гавго накун,

                 Дасту по боло макун.

                 То шавад дардат сабук,

                 Фикри ин дунё макун.

                 Алла мегум, алла-е[1].

Лахзае парешони хотирашро магшуш гардонд. Бекарор ба гирду атроф чашм духт. Баъд аз нафасе як эхсоси гуворо дилу чонашро рохат бахшид. Хост тамошоро идома бидихад. Аммо фурсат даст надод. То реклама хотима меёбад, ки намоз казо мешавад.

– Бисмиллохиррахмониррахим!

Пирамард тахорат карду чойнамозеро, ки аз Маккаи мукаррама оварда буд, ру ба кибла густурд.

Аллоху акбар…

Ашхаду анло илоха иллаллох…

Бобои Нозир ба хондани намози аср шуруъ намуд.

Ин лахза писараш Нодир омад. Ба хона надаромад, лаби суфаи долон нишаст, интизор шуд. Гуш ба сурахонии падараш дод. Падар тарзе сурахои осмониро мехонд, ки гуё чисму чонро ба вачд меовард. Ба ларза медаровард. Хузуру халоват мебахшид. Бобои Нозир намозро хонда, дуо карда, бешитоб ва хеле ором чойнамозро бардошта дукад карду ба мех овехт. Сипас аз тиреза ба осмон нигарист, зоги сиёхи калонеро дид, ки дар шохи дарахти бебарг нишаста буд. Бозпас гашт ва андешид, ки шояд бегох барф борад. Ба хона писараш даромад.

– Ассалому алайкум, падар.

– Во алайкумуссалом, – посух дод падар ва синчакорона ба писар нигарист.

Ру ба руи у чавони гандумгуни тануманд, кадбаланд меистод. Чашмонаш рушан, симояш чидди, пургурур. Хушу чонаш тоза гашт. Куввату мадор ёфт. Хазорон шукр гуфт. Баъд:

– Об-бо-о! – гуён синчакорона ба атроф чашм давонд.

Сипас «Бисмиллохиррахмониррахим!» – гуён руи якандоз нишаст. Такя ба девор дода, андак рохат шуд.

Писар ба у дида духт. Чашмони камнури фурурафта, ожангхои руй ва муйхои испедаш гувохи бисёр гармиву сардихои рузгоранд, ки у кашидаву дида.

– Барои чи рост истодаи, писарам?! – мурочиат кард падар. – Бишин, бишин!

– Аз пайи гову мол шавам, мегуям…

– «Осиё бо навбат» гуфтаанд, писарам. Ту рост наист, бишин.

– Хуб шудааст, – гуён ру ба руи падар нишаст.

Падар маънидорона ба суяш нигарист. Ким-чиро аз у пурсидану фахмидан мехост. Лахзае чанд харду – падару писар хомуш монданд. Гуё бо хам чи гуфтанашонро намедонистанд. Нихоят писар бо мехрубони пурсид:

– Чи хол доред, падар?

– Шукри Худо, хама чо ба чо!

– Чаро табъатон хира, хотиратон парешон аст?

– Охир, писарам, хар руз туй нест, ки чалпак хури!

– Саломатиатон хуб аст, охир?

– Шукри Худо, шикоят надорам.

Дар лабони писар табассум накш баст.

– Лекин дигарон шикоят мекунанд.

Падар бо тахайюр ба писар дида духт.

– Ха, ха, хайрон нашавед, падар. Имруз ба хонаи ошноятон Назар рафта будам. Чою пояш нагз, хаваси кас меояд.

– Кадом Назар? Ланг ё Кур?

– Э не-е! На ину на он. Назари Пес. Худо ба у додаст. Се зани махлико. Се хонаи бодабдаба. Чанд мошини хоричи. Замину богу рог…

Падар ба газаб омад, оташин шуд ва миёни харфаш давид:

– Хазён магу! У хеч гох ошнои ман набуд!

Писар хичолат кашид, лахзае музтар монд. Баъд худро ба даст гирифта гуфт:

– Надонам…

Падарро яъси ногувор ба доми худ кашид.

– Як одами мусулмон ёфт нашуд, ки ту хонаи Назари Пес мерави! Магар намедони, ки у кухри аст, нахс аст, шайтон аст. Дунё аз дасти чунин одамон месузад. Сухробро ки кушт? Падараш Рустам! Ха, шайтон, ки ба дилат дарояд, писаратро хам мекушиву падаратро хам…

– Не, не, аз у ягон амали шайтони надидам. Танхо каме аз шумо гила кард. «Нописанду одамгурез шудааст», гуфт. Тамом, дигар чизе нагуфт.

Аз зури дилтанги овоз баланд кард:

– Боз гапи бехуда мегуи?!

Оташи гурур дар дили писар забона заду далер гашт.

– Фикр кунам, гапаш то чое чон дорад…

– Чи шуд ба ту якбора?! Ту бача нести-ку, охир, мардак шудаи. Неку бадро бояд бифахми. Сиёхро аз сафед фарк карда тавони. Хеч гох бадкору бадрафторро тарафдор мабош. Кахри Худо меояд. То тавони, назди дилшикастагон бирав. Аз паёмбар пурсиданд: «Худованд кучост?» Фармуд: «Дар назди дилшикастагон аст».

– Хе-е, шумо файласуф шудаед-ку, падар.

– Чи, чи? Файласуф? Ба синну соли ман бирас, гирудори зиндагиро паси сар кун, мебинам ки мешави.

– Аз хонашини хушатон меояд?

Падар охи вазнину чукуре кашид.

– Чи илоч, – чавоб дод падар. – Ночорам.

Писар тааччуб кард:

– Чаро? Наход…

– Не, не, ин фикрро ба сарат рох надех. Ин харгиз аз яъсу ноумеди нест. Ман хатто як лахза бе умед ва мухаббат зиста наметавонам. Ман аз ру ба ру шудан ба одамони дуруя хазар мекунам. Имруз дуруг ва фиреб дар авч аст ва кам касеро аз ин холат шарм меояд. Имруз хамчунон «воизон, к-ин чилва дар мехробу минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд». Имруз «буз дар гами чон – кассоб дар гами чарбу». Имруз дашном додан, бадзабони, бадрафтори ва хатто дузди кахрамони талакки мегардад. Ман аз чунин одамон фирор мекунам, то ки ба Худо наздик бошам. Аз васвасаю хамокату нокисихои инсон худро канор мегирам.

– Кам-кам телевизорро меписандед-а?

– Бале, холо кам-кам не, хеле меписандам. Зеро донишманде гуфта: «Телевизион нисбат ба одамон хамеша чолибтар аст, вагарна дар кунчи хонаи мо одамон меистоданд на оинаи нилгун».

Ба гапи рост чи хам метавонист гуфт писар. Сокиту хомуш монд, падар низ дигар лаб во накард. Хангоми сухбат падар боре хам ба писар дида надухт. Аммо нигохи писар ба у буд. Пайкари падар логар, нигохаш дар худ фуру рафта. Табии буд, ки писар худро хеле нохинчор хис мекард. Салох донист, ки падарро танхо гузорад. Вай аз чой бархоста, суи дар кадам бардошт.

– Кучо шитоб дори? Чи гап шудаст?

Садои падар уро боздошт.

– Хеч гап нашудааст, падар. Хостам, чой дам кунам… – гуфт писар ва хис кард чавобаш каме бемаъно баромад. Вале падар вобаста ба чой саволи дигаре ба у дод.

– Чи, ташна монди?

– Не, барои шумо дам мекунам.

– Лозим не, – гуфт падар. – Ман ташна нестам. Ту ин чо бишин.

– Хидмат адо кунам, сони мешинам.

– Не, бишин, – бо исрор гуфт падар.

Падар аз хикмат бебахра набуд. Рост ба чашми писар нигарист.

– Байни асру шом чой хурдан раво нест, – ва бидуни хашм, бо андухи талх танбехомез пурсид: – Чанд бор шуд, ки инро ба ту мегуям? Бо дурушти сухан кунам, меранчи, ба нарми намефахми. Охир, бо кадом забон фахмонам?

Писар ларзиш ва резиши сардие дар вучуд хис кард ва гуфт:

– Бубахшед, падар.

Вале он чун узри бадтар аз гунох садо дод. Баданашро араки сард пахш намуд. Даст ба кисахояш зад, аммо руймолча наёфт. Падар руймолчаи сафеди охариро ба вай дароз кард.

– Гир, тоза аст.

– Дорам… Меёбам…

– Намеёби. Кучое монда омади. Бигир!

Писар зарбаи сахте хурд, вале руймолчаро гирифт. Араки рую гарданашро пок кард. Ва бесабриву бекарори бар андомаш нишаст. Аммо падар мухри хомуши ба лаб задаву тархи руяш чун пешина буд. Писар боз азми берун баромадан намуд, вале овози хаставу шикастаи падар уро дар чояш нишонд.

– Бишин!

Ва табиист, ки у наметавонад сар нафарорад. Охир, падар падар аст! Ва боз набояд хомуш бошад, ягон сухане бояд бигуяд. Чи сухан? Худ намедонад! Аз ин ру, хайрону ошуфта ба падар дида медузад.

– Хмм! – гуён сукут меварзад падар.

Писар бо кунчкови саропои падарро аз назар гузаронд. Абрувони хастааш руйи пилки чашмхояш фуромада буданд. Дилаш сиёх шуду ба ташвиш афтод. Ва мунтазири сухани падар истод. Хомушии тулоние дар миён буд. Нихоят Нодир суол кард:

– Падар, ба хайр аст?

Бобои Нозир сар боло карда, ба писар дида духт ва андаке мад кашида ба сухан огоз кард:

– Ба хайр аст, писарам. Ташвиш накаш. Танхо ба ту як-ду савол доданиям.

– Бошад, – гуфт Нодир ва базур табассум кард. – Гушам ба шумо.

Падар пас аз каме андеша, кучковона ба каду басти писар назар афканда пурсид:

– Ба ман гуй, ки “Хозрасчёт” чист?

– “Хозрасчёт”? – гашта пурсид писар ва нафаси сабуке кашида хушхолона табассум намуд. – Оббо-е! Боз ман гумон кардам, ки ягон суоли дандоншикан медихед. Охир, ин саволи осон, кудакона аст…

– Ту ба хар хол ба хаминаш посух бидех! – норозиёна сухани уро бурид бобои Нозир.

– Хуб, хуб, падар! Хозир… “Хозрасчёт”… Яъне шумо фахмидани хастед, ки «Хозрасчёт» чист?

Падар ба нишони тасдик сар чунбонд.

– «Хозрасчёт» … яъне кор бо хисоби хочаги.

– Китобиву сарбаста гап назан, писарам, – норозиёна гуфт падар. – «Кор бо хисоби хочаги». Ин аз забони руси кучонида шудааст. Оё фахмотар гуфтан мумкин нест?

– Фахмотар? – каме гич гашт писар. – Фахмотар… Ха-а, яъне бо забони коргари?

– Не.

– Дехкони?

– Не, на ину на он!

– Ха-а, оммави гуед?

– Харгиз! – чидди гуфт падар ва норозиёна пурсид: – Магар забон коргариву дехкони мешавад?!

– Не, албатта.

– Мо як забон дорем. Забони точикии адаби. Оё ту медони, ки мо аз кадом кав ва нажодем?

Писар китф дар хам кашид.

– Вожаи Озодагонро медони?

– Озодагон? Ха, албатта. Ки намедонад? Яъне озод, озоди.

Падар аз ин чавоби у кадре ба хашм омада:

– Фикрат комилан галат аст! – гуфт.

Ва киёфааш чиддиву дигаргун гашт. Маълум буд, ки ранчидааст. Вай нафаси чукур кашида ру ба писар овард:

– Ту бача, наход то ин андоза бесавод боши?

Нодирро бори хичолат пахш кард ва хост ягон ибора, ягон бурхони котеъ дарёфта, худро аз ин вазъи нобоб рахо кунад, аммо ин ба вай муяссар намешуд.  Харчанд кушиш кард, бисёр дар худ тапид, вале рохи халоси наёфт. Падар фахмид, ки у зиёда аз ин чизе намдонад. Азоб додани у дигар маъни надошт. Боисрор гуфташ:

– Бехуда зур назан, писарам! Чавоб ёфта наметавони. Ориёиёни кадим, яъне ачдоди мо худро аз кавм ва нажоди Озодагон мешумориданд ва бо ин ифтихор менамуданд. Эшон сарафкандагиро нанг мешумориданд ва сарфарозиро меписандиданд. Фархангу дониш ва забонро гироми медоштанд. Баъдтар, замони Шурави «донишмандон»-е пайдо шуданд, ки забонро ба сатхи мардуми безавк ва омми фароварданд.

Падар ба андеша фуру рафт. Баъд, чашмонаш дурахши ачибе гирифта, бо тантана хитоб кард:

– Акнун фахмон!

– Хуб, майлаш, – рози шуд писар. – “Хозрасчёт” – яъне… – забон хоида дармонд, ба андеша афтод. – Чи хел ба шумо фахмонам? – худ ба худ савол дод писар.

– Кутоху мухтасар ва сода карда тавре фахмон, ки ман фахмам, – гуфт падар.

– Ха… Фахмидам. Сода карда фахмонам, яъне маънои “Хозрасчёт” хамин аст, ки дасту поятро мебанданд, дахону гушхоятро руст мекунанду танхо чашмхоятро кушода мемонанд. Фахмо, падар?

– Хуб, хуб, – сар чунбонд падар.

– Боз суол хаст, падар? – голибона пурсид писар.

– Хаст, хаст, саросема нашав, – ба руи писар нигарист падар. – Хуш ки бошад, гуй, ки “Аренда” чист?

Ин дафъа дарнамонд писар, дархол посух дод:

– “Аренда”, яъне ки дахону гушхоятро мекушоянд. Фахмо, падар?

– Хамту гуй?! – падар гуё аз чавоби писар каноатманд шуд ва суоли навбатиро дод:

– Хайр, “Прихватизация” чист?

Писар аз ин суоли падар ба ханда даромад. Падар дар тааччуб афтод, ки писар барои чи механдад. Хандаи писар хеле гариб буд. Хатто аз ханда китфонаш ба ларза омад.

– Наханд! – танбехомез гуфт падар. – Аз чи механди?!

Писар аз ханда бозистод ва гунахгорона фахмонд:

– Охир “Прихватизация” не, падар, “Приватизация[2]”.

– Надонам, хама «Прихватизация» мегуяд.

– Онхо сиёхдиланд, – гуфт писар. – Аз рашку хасад мегуянд.

– Хайр, ана “Приватизация” чист?

– Оббо-е, аз прокурор хам гузарондед-ку, падар! “Приватизация”, яъне дасту поятонро хам мекушоянд.

– На-хо-од?! – бо хайрони ба руи писар нигарист падар. – Яъне, ки тамоман озод мешави?

– Ха, падар, – тасдик намуд писар. – Тамоман озод мешави!

– Озоди озод?

– Бале, озоди озод!

Симои падар хеле чидди гардид ва:

– Хмм! – гуён ба сукут рафт.

Писар хайрону ошуфта ба у дида духт.

Лахзае пас падар сар боло карда, ба писараш гуфт:

– Ана, акнун фахмидам!

– Фахмидед? – писар хайрон мешавад. – Чиро фахмидед?

Падар лабханде зад ва гуфт:

– Фахмидам, ки барои чи рохбарон тарсида, аз “Приватизация” руй мегардонанд.

Падар ба як нуктаи номаълум дида духт. Сукут байни онхо парда кашид. Писар дар фикр фуру рафт. Лахзае пас падар сукутро шикаста суоли гайричашмдошт дод:

– Кабристонро хам мефурухта бошанд?

Писар аз ин суол лахзае гаранг шуда, ба киёфаи пурташвиши падар нигарист. Падар боз ба гап даромад:

– Мефурушанд ё не?

– Ба рости намедонам, падар.

Эхсоси талхе вучудашро фаро гирнифт. Лахни оромаш тунд ва каме хашин шуд. Холати бозпурси ба худ гирифт. Бо ачала пурсид:

– Кай ба гуристон рафта буди?

– Кай? – гашта пурсид писар ва бухтзада шуд. Гич гашт. Эхсос кард дар халои сарду вахмангезе гирифтор шудааст.

– Ба хамин наздикихо рафта буди ё не?

Писар хост аз чавоби ин савол сар бипечад. Аммо нигохи падарро хадди фирефтан надорад. Бо норохати ошкоро чавоб дод:

– Ба рости, ёд надорам, падар.

Чинхои пешонаи падар дар хам фуру рафтанд, сарашро ба шиддат такон дод ва бо кахр гуфт:

– То пеши хар касу нокас рафтана ба гуристон мерафти, бехтар мебуд!?

Писар токати шунидани чунин суханонро надошт.

Баногох бобои Нозир асири кучковии хеш гардид. Кунун наметавонист ором ва карор бигирад. Мебоист мерафт ва гуристонро медид. Дуову фотиха мехонд. Ва якбора неруи тоза ба даст овард.

– Писарам, бархез!

Писар ки хичолат пахшаш карда буд, аз чо начунбид.

– Бархез! – бо исрор такрор кард падар. – Бархезу тез тахорат кун.

– Чи кунам?

– Тахорат! – тунд гуфт падар.

– И-и-и, чаро! Барои чи?

– Ба гуристон меравем.

Писар хайратзада гуфт:

– Ба гуристон? Хамин хозир? Магар касе гузашта? Чаноза аст?

– То касе нагузарад, намерави?!

– О…

– Шукр, касе нагузаштааст. Зиёрат меравем.

Таъби дили писар набуд ин таклиф. Падар ба чашмони у дида духт.

– Чи шах шудаи Нодир?! Ту магар ба гуристон рафтан намехохи?

– Э не-е, албатта, мехохам, – падарашро ранчонидан нахоста, дуруг гуфт писар. – Чаро нахохам? Мехохам. Албатта мехохам. Чон-чон гуфта меравам.

– Боракаллох! Офарин, чони падар! Дониста бош, писарам. Ва ба гушат халка кун. Касе ки набошем, кибат чоямон он чост. Шоир бехуда нагуфтааст: «Окибат манзили мо зери замин хохад буд, То киёмат хамаро хол хамин хохад буд».

– Гапатон дуруст, падар, – тарафдори кард писар. – Хок хамаи моро ба огуш мегирад, хох шох бошем, хох гадо. Ба гуфтаи шоир:

        … Бахром, ки гур мегирифти хама умр,

        Бингар, ки чи гуна гур Бахром гирифт…

– Зиёрати кабристон натанхо карз аст, балки таскини дил хам хаст. Бахри дил кушода мешавад. Руху чони одам меосояд.

– Хак асту рост, падар.

Падар гайримунтазир савол дод:

– Исто, ки дуо хонда метавони?

– Дуо? Чи хел дуо?

Падар аз ин пурсиши писар шояд кадре ба хашм омад, ки якбора даргирифт:

– Дуоро хам намедони?!

Писар моту мабхут шуд ва фавкулъода хичолат кашид. Ранги чехрааш падарро андаке тарсонд. Дасташро дароз карда, сарашро сила зад ва хамдардона гуфт:

– Гам нахур, писарам. Ин айби ман. Ман бояд ба ту меомузондам. Хеч гап не, меомузонам. Ба шарте ки ту хохиш дошта боши.

– Дорам, падар, дорам. Ба хурмати Худо.

 Падар андухомез табассум кард, даст ба зонухояш ниход ва аз чо баланд шуд. Писар норохат гашт. Дилаш ба падар сухт. Вале аз дасташ хеч коре намеомад. Очиз буд дар назди меъмори вакт.

*      *      *

Хар ду аз хона берун омаданд.

Офтоб чониби уфук гуруб менамуд.

Чун лола суп-сурх шуда буд руяш.

Хона рушан мекард.

Рохи деха хилвату андухгин буд, шона ба шонаи хам хомушона рох мерафтанд. Писар бузургии падарро эхсос мекард ва дилаш рушан мегашт. Ба худ икрор мешуд, ки падар куввати дилу чони уст. Ва оташи гурур дар дилаш забона мезанад. Бо сари баланд, далерона рох мепаймуд. Чун чашмдард Тагойи майзада аз ру ба руяшон баромад. Чун хамеша ширакайф, калавида-калавида суруд мехонд:

– Мастум, мастуме, кавги мастуме!..

Гашташон якбора суст шуд. Рох яктост, рохи дигар нест.

Наздик мешуд майзада.

Наздик… наздик… наздик…

Либосхояш олудаи чангу хок. Маълум, ки афтида хеле лутидааст.

– Во-о-х!

Бобои Нозир ба чехраи у бо нафрат нигариста хост гузашта равад. Охир, аз маст девона гурехтааст. Аммо Тагой:

– Салом! – гуён пеши рохи муйсафедро гирифт ва у ба истодан мачбур шуд.

– Салом! – чавоб дод пирамард ва шубхаомез ба Тагой нигох кард.

Аз у буи шароб меомад.

– Ту маро нашинохти, бобои Нозир?

Бобои Нозир бо чашмхои кунчкови худ ба чехраи Тагой истехзоомез нигарист ва андаке бадчахлона пурсид:

– Ту кисти?

Дахони Тагой аз хайрат боз шуд.

– Во-о-х!.. Ман?.. Ман мург! Мурги озод. Чи хеле ки хохам, зиндаги мекунам. Ба кучое ки хохам, мепарам. Ба хеч кас хисобот намедихам…

Бобои Нозир миёни харфаш давид:

– Кофист, бас аст! Бипар, ки рохи мо дигар аст!

Тагой ба руи бобои Нозир дурудароз ва синчакорона нигарист.

– Бобои Нозир, ту дар бораи ман чи фикр дори? – канда-канда пурсид Тагой.

Нодир лаб кушода натавонист, дар изтироб буд. Боз харос дошт, ки падарро наранчонад. Падар бар асари нафрат лаб ба сухан накушод. Тагой худаш гап сар кард:

– Бобои Нозир! Муборак шавад!

– Чи?

– «Чи?» не, «Ки?»

– Ки?

– Мехмон… Мехмон атои Худо… Зиёфат мешавад-а?.. Бо аракаш!.. Ара-а-к!.. Фахмидед бобои Нозир! Бе арак зиёфат кабул нест…

Бобои Нозир якбора дар холе, ки манахаш аз хашм ба ларза омада буд, чониби Тагой дод зад:

– Хо-о-й, майзада! Ту факат аракро хоб мебини?! Кадом мехмон? Кани мехмон?

– Во-о-х!.. И-и-и… Ана… дар баратон-ку… Мехмони зебо… Шахри…

– Хо-о-й, хаёлпараст! Ин йигит мехмон нест, писарам, Нодир аст.

– Во-о-х! Нодир? Нахо-о-од? Туф-туф! Чашми бад нарасад! Хой, Нодир! Оё медони ки имруз чи руз аст? Намедони! Имруз рузи мукаддас аст. Барои он ки рузи таваллуди ман аст? Мефахми? Зодруз дорам! Зодру-у-з!..

Бобои Нозир бо нафрат гуфт:

– Ту хар руз зодруз дори!

– И-иии… Чи бади дорад? Бо ин бахона хурсанди мекунем… Кам-кам менушем… Зиёд не, садта-садта… Менушем! Ман зиёфат медихам… Менуши, Нодир? Бо ман менуши-а?

– Не, тамоман наменушад, – ба чои у чавоб дод падар. – То хол ба дахон нагирифтааст.

– Нахо-о-од? Хаааа… у одами бало… пул мегундорад… Пул мегундорам, гуй?

– Не-е, харгиз! Ба пул он кадар майл надорам.

– Мегундори. Медонам. Хаааа…

– Охир, пул барои гундоштан нест.

– Ман хам гун намедорам. Як руз Назари Кур маро таъна зад: «Агар арак наменушиди сохиби мошин мешуди». Пурсидам: «Ту арак менуши?» Чавоб дод: «Не». «Мошин дори?» «Не». Ха-ха-ха… Ху-ху-ху…

– Хуш бош. То дидана.

– Не, исто, бобои Нозир. Ту маро мефахми. Ман гум кардам

Абрувони бобои Нозир гирех баст.

– Медонам. Кайхо гум карди.

– Не, навакак пуламро гум кардам. Худо занад, ки рост мегуям, – чашмонаш дурахши ачибе гирифта, бо тантана хитоб кард:

– Бобои Нозир, ту зури! Ба Худо рост мегуям… Хама аз ту кади чон метарсанд… Дуруг гуям кар шавам, кур шавам, гунг шавам, шал шавам… Ту аз хирс хам зуртари… Ба хурмати Худо рост мегуям… Биё, ба хонаи ман меравем…

Бобои Нозир зураки табассум кард.

– Ба хонаи ту? Меравам, албатта. Факат имруз не. Дафъи дигар. Интизор бош. Худо хохад, меравам. Ту рози?

– Не, рози не. Хозир мерави! Шохид мешави. Ба занам мегуи ки ман пулхоямро гум кардам, – боисрор талаб кард Тагой.

Аз хохиши аблахонаи Тагой дили бобои Нозир ба танг омад, боизтироб тапид. Ва у, мисли ин ки бо садои баланд казоват мекарда бошад, гуфт:

– Ту пул не, номусатро гум карди!

– Во-о-х!

Тагой таконе хурду калавид. Ва дахонаш боз аз хайрат боз шуд.

– Бобои Нозир?!

– Чи мехохи?

– Ту одами, одам… Ичозат дех, туро бибусам…

Тагой кадаме пеш гузошта, дастони ларзонашро ба ду тараф кушода хост уро ба огуш кашад. Дар буи дахонаш токат карда намешуд. Аз баданаш буи гализу нофораме ба димоги бобои Нозир расид. Дилаш бехузур шуд.

– Уф-ф! – гуён як кадам кафо монд. – Нарас, тахоратам мешиканад.

– Во-о-х! Ба масчид мерави?

– Не, ба гуристон.

Ханги Тагой канд. Дубора дахонаш аз хайрат боз шуд. Пас мисли саги аз об баромада сарашро такон дода ба у нигарист.

– Во-о-х! Гуристон? Не, не, ман ба гуристон намеравам. Ман аз гуристон метарсам. Мефахми? Метарсам! Мефахми! Не, не, намефахми! Ман аз гуристон метарсам. Медони, чаро? Намедони?

– Эъ… – даст афшонд у ва ба падару писар таъзим карда, зуд аз онхо дур шуд.

Бобои Нозир охи вазнине кашид. Сипас ба фикр фуру рафт, гуё аз худаш мепурсида бошад, аммо андешахояшро ба забон овард:

– Кай аз дасти ин бадмастон халос мешавем?

– Ба хаёлатон, ман фолбинаму пешгуи карда метавонам? – гуфт Нодир ва ногахон хандид. – Лекин хуб бобаш кардед, падар.

Падар хайратомез ба у нигарист ва гур-гур кард:

– Ин гапхоро мону чашми дил кушо, ибрат гир. Дар Хадиси Расули Худо омада: «Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд бигирад», – ва бо овози хузнангез дунболи суханашро гирифт: – Диди? Не, диди? Боз маро кохиш мекуни. Пеш дар деха ягон майзада буд? Не! Набуд! Хатто май наменушиданд. Имруз чи? Панч майзада! Оё медони, ки онхоро майзада кард?

– Медонам…

– Балора намедони. Агар медонисти, пеши Назари Пес намерафти. Акнун бигу.

– Чиро, падар?

– Чи хел чиро? О, медонам гуфти-ку?

– Ха, Назари Пес.

– Бале, у буд, ки худуди халолу харомро шикаст.

*      *      *

Дарвозаи кабристонро кулф дида, лахзае моту мабхут монданд. Кулфи калон ва сип-сиёхи дарвоза ба дидаи кас фишор меовард. Ва ба дил гаму андух чо мекард.

Падару писар хайрон ба гирду атроф нигаристанд. Дар атроф сукути амике доман густурда буд.

– Худоё, хобам ё бедор!

– Наход?!

Падар як кад парида, ба писараш нигарист.

– Чи «наход»?

Писар хеле чидди гуфт:

– Гуристон шахси шуда.

Падар бо хаячон, бо ачала гуфт:

– Кай? Чи хел? Ки?

Писар бо хамон лахни чидди чавоб дод:

– Хатман лозим аст, бидонед?

Падар бо хамон хаячон, ки наметавонист, пинхон кунад, бо хамон холати тунду ачулона гуфт:

– Бале… бале… Хеле лозим аст… Охир хокдони мост… Бобою биби ва падару модаронамон ин чо хок шуда… Чои мукаддас аст…

– Охир, хеле ачиб аст!

– Ачиб?!

– Бале, ачиб ва шояд хам гайримантики… аммо бо ду чашми сар мебинам, хуб хакикат дорад…

– Хуб, бигу… бигу… чи тур шуда?

Писар бо садое, ки чиддият ва котеъияти он чои хеч гунна шак ва шубхае боки намегузошт, гуфт:

– Дар хобам дидам, ки онро фурухтанд.

Падар сарашро бошиддат такон дод ва гуфт:

– Чи гуфти?

Писар бо хамон лахни кабли гуфт:

– Гуфтам, ки дар хоб дидам.

– Не!.. Ха!.. Бале!.. Чунин амалро танхо дар хоб дидан мумкин аст! Дар хушёри аклнопазир аст!

Писар хичолатмандона китф дархам кашид.

– Хоб… Пас дуруг! Дуруг!

– Кошки, – гуфт писар ва аз замин сангеро бардошт.

– Чи кор мекуни?

– Кулфро мешиканам.

Аз хаячони зиёд дами падар ба дарун галтид. Писар хост санг бар кулф бизанад, падар нагузошт.

– Исто!.. Сабр кун… сабр кун. Ту девона шудаи! Ин номаъкулиро накун.

– Мекунам.

– Ба гапи одам гуш кун!

Писар сангро охиста ба замин гузошт. Дили пирамард пур аз гаму андух гашт. Харосзада, хаячонзада, шитобзада ва норохат ба чор су хуб нигарист. Зери лаб худ ба худ гап зад:

– Буи кахдуди сузон мерасад ба димогам.

Нодир саросема ба хар тараф нигарист. Нишони сухтор чуст, аммо аз харфхои падар маъни набардошт. Ва у фарёд кард:

– Хо-хо-хо-о-ой!

Аспи сафеди гусастаёл, ки дар гуристон баста буданд, бетокат шуда, газабнок ба хок сум зад. Гуничишкхои гурусна аз пеши пои у парвоз карданд. Айён буд, ки асп маст аст. Аспи маст ноороми мекард, по мекуфт, гардан мезад.

Аз дурдаст садои зузаи саг омад. Сардие ба таги пусти бобои Нозир давид. Давиду давид ва рафту дар дилаш чо гирифт. Ва рагхои дилаш таранг шуд.

– Чаро? Чаро? Худоё!

Дар овози падар хастаги эхсос мешавад. Нигохаш ба дури дур, болои боло духта шуд, гуё он чо чизеро медида бошад, аммо дар уфук ба чуз охирин мавчи нур хеч чиз ба назар намерасид.

То даме, ки бобои Нозир дасту по гум карда, ба атроф чашм медухт, ба наздаш ким-чи хел як одами ранги руяш кандаги пайдо шуд. Чашмони у аз саросемаги медурахшиданд. Марди ношинос бо овози гафсаш хусуматомезу дагалона дуг зад:

– Кистед? Аз кучо омадед? Чи мехохед?

У бо забони точики гап зад, аммо аз лахнаш маълум буд, точик нест. Бобои Нозир ба чои чавоб савол дод:

– Калиди дарвоза дар дасти ки бошад?

Дар каъри чашмони мард оташаки шавку завк фурузон шуд. Ва мушт ба сина заду гуфт:

– Дар дасти ман!

– Наход? – бобои Нозир саъй кард, то ки табассум намояд. – Набошад кушоед.

Мард дуди гализи сигорро фавворазанон гуфт:

– Хестед, ки хобед! Мумкин не. Бе ичозати раис намекушоям.

Бобои Нозир ба гушхои худаш бовар намекард. Дилаш сахт ба таппиш даромад.

– Раис? Чи хел раис? Кадом раис?

Мард бо овози баланд тамасхуромез хандид.

– Чи хел кадом раис?

Бобои Нозир вазнин-вазнин нафас мегирифт.

– Охир, холо чи бисёр раис…

– Чи, чи гуфтед?! – садо баланд кард мард ва ба сари онхо дод зад: – Барои ин тахкир чавоб медихед!

Аз муомилаи сарди мард гуё кахри шамол омад, ки ба вазидан огозид. Чор тарафро ба шур овард, хасу хошокро ба хаво хезонд. Нафаси шамол сард буд. Аз он буи барф меомад.

Бобои Нозир дар назди ин мард очизу нотавон будани худро бо талхи эхсос кард. Аз у нигох канду бухтзада ба гуристон нигарист. Гуристон чунон хароб, чунон гариб буд, ки эхсоси хузну изтироб дар дилаш ба хаячони ачибу гариб мубаддал шуд ва андомаш ба ларза афтод.

Шамол пурзуртар мегашту гуввас мезад.

Аллоху акбар…

Ашхаду анло илоха илаллох…

Бори нахуст бобои Нозир намози шомро казо кард.

Руз дар коми шаби торик фуру рафт.

[1] Аз Файзи Ашур

[2] Приватизация – хусусигардонї

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …