Главная / Илм / КАЮМОВ Абдулхамид

КАЮМОВ Абдулхамид

nophoto-manКАЮМОВ Абдулхамид (тав. 02. 06. 1954, нох. Рашт), духтури терапевт, доктори илми тиб (1998), проф. (2002). Хатмкардаи факулати муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1978). Лаборанти калон (1978 – 80), ходими хурди илми (1980 – 90), ходими пешбари илмии лабораторияи тадкикоти тиббию биологии баландкух (1990 – 93) ва мудири Лабораторияи генетикаи экологи ва захршиносии экологии Шуъбаи хифзи табиати АИ ЧТ (1991 – 93). Директори кулли Боги миллии Точикистон (1993 – 98). Аз с. 1998 ассистенти кафедраи бехдошти умуми ва экология, мудири кафедраи бехдошти умумии № 2, проф. кафедраи бехдошт ва экологияи ДДТТ. Дар мавзуи «Тагйироти мурагию паренхимавии тухмдонхо дар рафти мутобикат ба шароити баландкухи Помир ва Антарктида» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Таъсири ифлосии иклим ба саломати ва давомоти умри ахоли дар шароити Чумхурии Точикистон» рисолаи доктори дифоъ намудааст. С-хои 1978 – 92 дар экспедитсияи илми дар Помир, Тиёншон ва нохияхои чануби ва шимолии чумхури ширкат варзидааст. С-хои 1983 – 84 дар хайати Экспедитсияи Байналмилалии Антарктида иштирок намуда, равандхои мутобикати одам ва хайвоноти тачрибавиро ба шароити кахратуни иклими он чо омухтааст. Бо максади гузаронидани корхои илмию тадкикоти дар сохаи тиб дар Экспедитсияи 54-уми Антарктида иштирок дошт (2009). К. аввалин точикест, ки парчами Чумхурии Точикистонро дар Антарктида афроштааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару маколахои илми, аз чумла 6 монография ва 10 навовари.
Ос.: Изменение климата и его влияние на состояние здоровья человека, Д., 2002; В поисках климата от Душанбе до Антарктиды, Д., 2002.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …