КАТАРАКТА (юн. katarrháktes – шаршара, шалола), оби марворид, тирашавии чалидияи чашм, ки боиси суст шудани кувваи босира мегардад. Истилохи К. акидаи нодурусти юнониёни кадимро, ки сабаби К.-ро аз пайдо шудани моеи тира дар байни инабия ва чалидияи чашм медонистанд, акс менамояд. Мафхуми дурусти К.-ро аввали а. 18 олими франсави П. Бриссо муайян кардааст.
К. вобаста ба чойгиршавии худ дар чалидия ситорашакл, доирашакл, кабатнок, косашакл, халтаги (дар капсулае, ки чалидияро мепушад), пусти (дар кабатхои периферии чалидия) ва ядроги (дар кабатхои марказии чалидия) мешавад.
К.-и модарзоди ва гайримодарзодиро фарк мекунанд. К.-и модарзоди дар давраи дохилибатни инкишоф ёфта, вобаста синну сол тагйир намеёбад, кувваи босира пурра суст намешавад. К.-и гайримодарзоди, одатан, дар одамони кухансол (К.-и пири), баъзан дар натичаи беморихои дигари чашм, захролудии умуми, инчунин зери таъсири омилхои механики, химияви ва г. осеб дидани чалидия ба вучуд меояд. Аломатхои асосии К.-и гайримодарзоди тадричан тира гаштани чалидия мебошад. Хангоми К.-и пири чалидия торафт тира шуда, ранги он сафеди хокистарранг ва чашм нобино мешавад.
К.-ро бо чаррохи табобат мекунанд.
Дар Точикистон чунин чаррохиро бори аввал проф. Л. Ф. Парадоксов (1940) гузаронидааст.
Ад.: Вовси Б. М., Итоги операций экстракции старческой катаракти по материалам клиники глазных болезней. Сборник работ клиники глазных болезней им. А. Ф. Парадоксова, Сталинабад, 1959; Вовси Б. М., Мамадшоев А. М., Вопросы полостной офтальмохирургии на Памире, «Тр. Таджикского госмединститута», т. 128, 1976.
З. Д. Ахророва.