Главная / Илм / КАШНИЗ

КАШНИЗ

kashnizКАШНИЗ (Coriandrum sativum), гашнич, кашнич, сабзавотест маъмул. То 120 см кад мекашад. Пояи сершохча, барги пармонанд, хушагули чатрнамо, гули майдаи сафед, гулоби, зард, меваи зардчаи бур дорад. К.-ро дар таом меандозанд, тару тоза истифода мебаранд. Аз тухми К. равгани эфир мегиранд. Гураи К. дар нонпази, саноати консерв ва г. ахамияти калон дорад. Дар таркиби сабзаи он витаминхои С, А, В1, В2 ва рутин мавчуданд. Дар тибби кадим К. ба сифати сабзавот ва растании давобахш васеъ истифода бурда мешуд. Ба гуфтаи Абуалии Сино К. мизочи хушку гарм дорад. Шираи он набзи тез, аз чумла париши рагхои чашмро таскин мебахшад, хунравии бини ва хунпартоиро бозмедорад, хангоми сарчархи ёри мерасонад. К.-и зирбонда кайро рафъ мекунад, оруги туршро таскин мебахшад. Абуалии Сино омехтаи К., сирко, равгани садбарг, асал ва мавизро барои муоличаи саглес ва сухтани, омехтаи К.-и сабз, асал ва мавизро хангоми омосхои табноки хоя тавсия додааст. Ба акидаи Мухаммад Хусайни Шерози баргу шохчаи сабзи К. ё шираи он хусусияти таскинбахши дорад, зухуроти бугшавиро дар магзи сар пешгири менамояд. Агар онро хоянд ё бо шираи К. гаргара кунанд, бусурот ва сузиши дахонро рафъ месозад. Табибони хинд гураи К.-ро чун воситаи таскинбахш, пешоброн, афзояндаи шираи меъда ва таквиятбахш ба кор мебаранд.
Дар тибби мардумии точик К. гизои иштихоовар ва бехсозандаи хазми хурок махсуб мешавад. Онро хангоми хунравии милки дандон, барои муоличаи камхуни ва галаёни хун, баъзан чун давои таскинбахш тавсия медиханд. Шираи барг ва чушоби гураи онро ба сифати омили талхарон, пешоброн ва зидди сурфа ба кор мебаранд. Чушоби решаи К. барои муоличаи бемории сурхча ва заъфарма нафъ дорад. Бо шираи К. чайкондани дахон бемории стоматитро даво мекунад. Гураи К.-ро хангоми асабоният, дарунрави ва заъфи пешобдон истифода мебаранд.
Ба акидаи табибони халки агар оби К.-ро дар чашм чаконанд, намегузорад, ки дар он сурхакон барояд, агар он обро дар дахон гардонанд, дард ва чушишхои гуногуни даруни дахонро дур мекунад, дарди дандонро таскин медихад. К.-ро нимкуфта ба дандон ва милкхои он бимоланд, онхоро мустахкам мекунад, аз милки дандон рафтани хунро манъ менамояд. Ошомидани оби бо шакар ширинкардаи К. иштихоро мекушояд, хоб меоварад. Истеъмоли К.-и тару тоза кувваи бохро суст ва агар бардавом бихуранд, хатто нест мекунад. К.-и куфтаро ба варамхо банданд, онхоро ба зуди тахлил медихад, агар онро бо орди чав хамир карда, ба ханозир (хукак) гузошта банданд, даво мешавад.
Тухми К.-ро куфта бихуранд, ба дил фарох мебахшад, дил ва магзи сарро кави мегардонад, исхолро мебандад, беихтиёр равон гаштани маниро ислох мекунад. Аз тухми К. шарбат тайёр карда биёшоманд, иллатхои сиёх задани чашм ва чарх задани сарро дафъ менамояд.
Дар тибби муосир истеъмоли К. ба сифати давои талхарон ва пархези, ки хазми хурокро бехтар мегардонад, тавсия шудааст. Равгани эфири К. хусусияти талхарони ва зиддиуфунати дорад, чарохатхоро шифо мебахшад. К.-и сабз тарашшухи шираи меъда, гадуди зери меъда, рохи талхаю пешобро бехтар мекунад. Равгани эфири гураи К. барои узвхои хозима ва талхароха муфид аст.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …