Главная / Илм / КАНДИДОЗ

КАНДИДОЗ

kandidozКАНДИДОЗ (Candidosis), кандидамикоз, бемории занбуругии одам ва хайвонот. Хангоми К. пуст, луобпардахо, узвхои даруни иллат меёбанд. Занбуругхои ба ном Кандида, ки ба занбуругхои хамирмоя монанд мебошанд, дар табиат васеъ пахн шудаанд. Онхо дар растани, меваю сабзавот, хусусан дар мевахои ширин зандаги мекунанд. Пуст ва луобпардахои дахон, руда, рохи нафас ва аъзои таносули одамон ва хайвонот чои зисти занбуругхои кандида мебошанд. Занбуругхои Кандида дар пусту луобпардаи тифли навзод хангоми аз роххои зоиш гузаштани у чой гирифта, як умр дар хамон чо мемонанд. Агар неруи мухофизи организм дар аснои беморихои вазнин (сил, бемории хун, исхоли хунин, тиф ва г.) суст шавад, занбуругхои Кандида кобилияти бемориовари пайдо мекунанд.
Бе маслихату назорати духтур истеъмол кардани антибиотикхо ба шиддат гирифтани фаъолияти зиёновари занбуругхо мусоидат менамояд. Мавриди нодуруст истифода кардани антибиотикхо мувозанати биологии микроорганизмхое, ки дар пусту луобпардаи одам чой гирифтаанд, халал ёфта, барои афзоиши занбуругхои Кандида шароити мусоид мухайё мегардад. Дар натича ашхосе, ки муддати дароз беморанд, ба К.-и луобпардаи дахон ё «барфак» гирифтор мешаванд. Хангоми К. дар забон, ком ва милки дандон кабати тунуки сафед – «барфак» пайдо шуда, дар вакти истеъмоли хурок дахон дард мекунад. Дарди дахони кудакони ширмак аз кадимулайём маълум аст; ба он асосан тифлони чала ё аз сабаби ягон бемори заифгашта гирифтор мешаванд.
Баъзан пусти гушаи дахони одамони солхурда (бештар дар занхое, ки дандони сунъи доранд) кафида яра мешавад. Яра барои афзоиши занбуругхои Кандида шароити хуб мухайё месозад (окибат лачомак ба вучуд меояд).
Бисёр вакт К.-и нохун ба мушохида мерасад. Ба он асосан занхое, ки зуд – зуд дасташонро ба об мезананд (занхое ки косаву табак мешуянд, дар корхонахои канноди ва г. кор мекунанд) гирифтор мешаванд. К.-и нохун аз буридани он (зимни нохунорои) низ ба вучуд меояд. Занбуруг ба зери болиштаки нохун дохил гашта, дар он чо меафзояд, пусти атрофи нохун сурх шуда, варам ва дард мекунад.
К. дар махбал низ инкишоф меёбад; дар ин хол дар луобпардаи он кабати тунуки сафед пайдо шуда, ихрочи тарашшух ва хориш ба вучуд меояд (ниг. Колпит). К. дар чинхои пусти кадкашак, зери гадудхои шир, байни ангуштони даст, хусусан дар кудакон ва шахсони фарбех, низ метавонад пайдо шавад. Агар саривакт табобат накунанд, бемори ба диг. кисмхои пуст, луобпардахо ва узвхои дохили пахн мегардад. К. чандон сироятнок нест, вале кудакони навзод ва ширмак баъзан аз калонсолон ба тавассути пистонак, парпеч сироят меёбанд. Дар ин хол К. дар дахон ё чинхои кадкашак ба вучуд меояд.
Дар мавриди гирифтор шудан ба К. саривакт ба духтур мурочиат кардан лозим аст. К. – ро дар асоси маълумоти лаборатори ташхис мекунанд.
Бахри пешгирии К. риояи коидахои бехдошт, рох надодан ба серараки, худсарона истифода набурдани антибиотикхо ахамияти калон дорад.
К. бемории табобатшаванда аст. Мариз чи кадар бармахал ба духтур мурочиат кунад, хамон кадар тезтар шифо меёбад. К.-ро дар асоси тадкики лаборатори муайян мекунанд. Барои пешгирии К. риояи коидахои бехдошт ва эхтиёт кардани пуст зарур аст; антибиотикхо ва диг. дорухоро факат бо тавсияи духтур бояд истеъмол кард. Ниг. низ Барфак, Беморихои занбуругии пуст, Вулвит, Баланит.
Ад.: Зоиров П. Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П. Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …