Главная / Илм / КАНАЛИЗАТСИЯ

КАНАЛИЗАТСИЯ

kanalizatciyaКАНАЛИЗАТСИЯ, мачмуи иншооти инженери, тачхизот ва чорабинихои санитари, ки чамъ кардану аз худуди махалли истикомат ва корхонахои саноати берун баровардани обхои гандида, инчунин пеш аз истифодаи дубора софу безарар гардондани онхоро таъмин мекунад. К. дохили ва беруни мешавад. К.-и дохили барои берун овардан ва то шабакаи канализатсияи беруни расондани обхои гандидаи биною кучахо хизмат мекунад. Унсурхои асосии К.-и дохилиро тачхизоти инженери, гулбахои оббар, стояк (гулбахои амуди)-хо ва обравхо ташкил медиханд. К.-и беруни барои берун аз худуди махалли истикомат ва корхонахои саноати баровардани обхои гандида пешбини шуда, гулбахои гандаоб, пйогоххои насоси ва иншооти софкориро дарбар мегирад. Обхои гандида аз шохахои дохили бино ва кучахо ба коллекторхо чори шуда, сипас ба коллектори умуми хамрох мешаванд. Дар К. гулбахои сафоли, асбестосементи, бетони ва оханубетони истифода мешаванд. Дар амалияи шахрсози системахои муттахида ва алохидаи К. маъмул аст. Дар мавриди системаи муттахидаи К. хамаи 3 тоифаи обхои гандида (маиши, истехсоли ва боришоти) тавассути шабакаи умумии гулбаю каналхо аз худуди махалли истикомат берун карда мешавад. Мавриди системаи алохидаи К. обхои борон ва обхои шартан софи истехсолиро тавассути як шабакаи гулбаю каналхо ва обхои гандидаи маишиву истехсолиро тавассути шабакаи (ё шабакахои) дигар дур мекунанд. Обхои гандидаи корхонахои саноати баъди дар иншооти софкори тоза кардан ба шабакаи умумии К. хамрох мешавад.
Кофтуковхои археологи дар худуди Точикистони имруза нишон доданд, ки хануз а-хои 7 – 8 дар Панчакент, а-хои 10 – 12 дар Хулбук (вил. Хатлон), Шахристон ва Хучанд системахои таъминоти об ва К. вучуд доштанд. Гандаобхо бо воситаи гулбахои сафолини зеризамини (диаметрашон аз 50 то 300 мм) ва обпартохои чукуриашон то 8 м (чун иншооти софкори хизмат мекарданд) чори мешуданд.
Коидахои истифодаи обхои руизамини ва аз ифлосихо хифз намудани онхоро ташкилотхои умури санитарию эпидемиологи назорат мекунанд. Ниг. низ Ассенизатсия.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …