Главная / Илм / КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД

КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД

kamhunii-navzodКАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД (Morbus haemolyticus neonatorum), бемории шадиде, ки бинобар аз руи гуруххои хун ва резус-омил мувофикат накардани хуни модару чанин пайдо мешавад.
Дар эритроситхо (хучайрахои сурхи хун)-и бисёр одамон моддаи махсусе вучуд дорад, ки он аввалин бор аз хуни маймуни зоти макака-резус чудо карда шудааст (аз ин сабаб онро резус-омил номиданд). Вобаста ба омили мазкур хунро ба резус – мусбат ва резус – манфи чудо мекунанд. Кудак ба бемори хангоми номувофикатии резуси хуни падар ва модар (хуни модар резус-манфи ва хуни падар резус-мусбат) бемор мешавад. Дар ин маврид кудак мумкин аст резус-омилро аз резус-мусбати падар мерос гирад. Резус-омили хуни чанин ба тавассути хамрохак ба мачрои хуни резусаш манфии модар мегузарад. Организми модар бар зидди резус-омили кудак подтанхое хосил мекунад, ки онхо ба воситаи хамрохак ба хуни резусаш мусбати чанин гузашта, эритроситхоро вайрон месозанд (хун об мешавад). Ин иллат минбаъд боиси камхуни ва чамъ шудани пигменти зарди талха – билирубин мегардад. Ба бемори бештар кудаконе, ки дар хамли дуюм, сеюм ва минбаъд зоида шудаанд, инчунин кудаконе, ки пеш аз таваллуд ёфтани онхо зан искот (аборт) кардааст, гирифтор мешаванд (зеро микдори подтанхои организми модар аз як давраи хомилаги то давраи хомилагии дигар меафзояд). Агар ба модар, сарфи назар аз резус-омил, пештар хун гузаронида бошанд, мумкин аст кудаки якуми у низ ба К. гирифтор шавад. Бемори инчунин хангоми номувофикатии гурухи хуни модар ва кудак руй медихад. Асосан ин холат хамон вакт ба вукуъ мепайвандад, ки хуни модар ба гурухи О, вале хуни кудак ба гурухи А ё В мансуб аст.
Чунин мехисобанд, ки дар мавриди резус – номувофикатии хун аз 1000 навзод 2 – 3 наф. ва хангоми тазод (конфликт) дар системаи АВО аз 1000 навзод 5 – 6 наф. ба К. гирифтор мешавад.
Се шакли К. мавчуд аст: истискои умумии модарзоди кудак, зардпарвини навзод ва камхунии модарзоди тифл. Ин таксимот шартист, зеро шаклхои омехтаи он хам дучор меоянд.
Шакли маъмули К. зардпарвини навзод аст. Зардпарвин рузхои аввали баъди таваллуд аён гашта, зуд авч мегирад; баъзан кудак бо ранги зард ба дунё меояд. Ба пайдоиши зардпарвин дар хун пайдо шудану зуд афзудани билирубин, ки хангоми тачзияи эритроситхо хосил мешавад, мусоидат мекунад. Билирубин моддаи захрнок буда, афзоиши он боиси эътилоли магзи сар мегардад. Дар сурати дуруст муолича накардан, холи кудак дар охири хафтаи аввали хаёт якбора бад мешавад; у бехолона сина мемакад, ташаннуч руй медихад, харакати чашмон халал меёбад. Кудаке, ки чунин зардпарвини вазнинро аз сар гузаронидааст, минбаъд мумкин аст рухан ва чисман заиф ба воя расад.
Шакли аз хама вазнини К. истискои умумии модарзоди кудак аст. Дар ин маврид кудак мурда таваллуд мешавад ё дар соатхои аввали хаёт мемирад. Хангоми истискои умумии модарзод ранги пуст парида, он баъзан зардчатоб мешавад; варами пуст ва камхунии кудак хеле назаррас аст. Камхуни ва истиско боиси нукси дил ва фавтидани кудак мегардад.
Хангоми камхунии модарзоди тифл ранги руи кудак парида, ин рнгпаридаги дар охири хафтаи якум ва аввали хафтаи дуюми хаёти у бештар аён мегардад.
Усулхои имрузаи муолича бахри кам шудани фавти кудакон аз К. заминаи мусоид фарохам оварданд. Бо максади пешгирии К. дар марказхои мушовараи тиббии занон резус-омили хуни занхои хомила муайян карда мешавад. Зани хунаш резус-манфиро ба кайд мегиранд, аник мекунанд, ки оё ба у пештар хун гузаронида буданд, кудаки мурда ё бемор ба дунё оварда буд, искот кардааст ё не. Мавчудияти резус-подтанхоро дар хуни онхо мунтазам тафтиш мекунанд. Хангоми гумонбар шудан ба бемори (зиёд шудани микдори подтанхо) тадбирхои зарури меандешанд. Ба зане, ки бори аввал хомила шудаасту хунаш резус-манфист, искоти чанин маслихат дода намешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …