Главная / Илм / КАЛШТЕЙН Лев Иосифович

КАЛШТЕЙН Лев Иосифович

nophoto-manКАЛШТЕЙН Лев Иосифович (тав. 26. 5. 1924, Кишинёв), оториноларинголог, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), Ходими хизматнишондодаи илмии ЧШС Точ. (1974), дорандаи Чоизаи давлатии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино (1979). Ин-ти тиббии якуми Москваро хатм кардааст (1947). Ординатор, ассистент, дотсент, мудири кафедраи беморихои гушу бини ва гулуи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1951 – 87). Муаллифи зиёда аз 100 корхои илмист, ки ба масъалаи беморихои гушу гулую бини бахшида шудаанд. Дар мавзуи «Хусусиятхои ташхису табобати гайморит дар кудакон» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Алокамандии беморихои гулую гушу бини ба беморихои меъдаю руда» рисолаи доктори дифоъ кардааст. К. сармутахассиси Вазорати тандурусти, раиси Чамъияти оториноларингологхои чумхури, аъзои хайати тахририяи мач. «Вестник оториноларингологии» (Москва) ва «Здравоохранение Таджикистана» буд. Зери рохбарии у 2 наф. рисолаи номзади химоя кардааст. Бо ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст.
Ос.: Гайморит у детей, Д., 1961; Взаимосвязи патологии ЛОР – органов с гастроэнтерологическими заболеваниями, Д., 1968; Детская оториноларингология, Д., 1976; 1984 (хаммуалл. Ю.Б. Исхоки).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …