Главная / Илм / КАЛМОЧ

КАЛМОЧ

kalmochКАЛМОЧ (Trichodesma incanum), як навъ растании бисёрсола. Баландиаш то 110 см. Пояи сершохчаю барги байзашакл ё нештаршакли дарозруяи сермуяк (дарозиаш 2 – 10 см, бараш 1 – 3 см), хушагули тугшакл, гули нилгун ё сафеди кабудтоб, чормагзаки мудаввар ё байзашакли дорчинии ашхаб (дарозиаш 6,5 – 9 мм) дорад. Май-окт. гулу мева мекунад. Дар чумхури хамчун алафи бегона дар киштзор, канори рох ва нишебии куху доманакуххо месабзад. Галладонае, ки аз тухми К. ифлос шудааст, барои одам ва хайвон хеле хавфнок аст. Баргу пояи К. 0,2 – 2,5%, гунчааш 0,57%, гулаш 0,36%, решааш 0,2 – 0,96%, тухмаш 1 – 3,5% алкалоидхои захрнок (триходесмин, инканин ва г.) дорад. Аз барги К. пештар ранги дорчини ва бур тайёр мекарданд.
Ад.: Короткова Е. Е., Троходесма седая – ядовитый сорняк, Ташкент, 1953; Садыков Ю. Д., Ходжиматов М., Алкалоиды триходесмы седой – Trichodesma incanum, «Доклады АН Таджикской ССР», 1979, № 4.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …