Главная / Илм / КАЙК

КАЙК

КАЙК, хашароти майдаи хунмак, ки дар чисми ширхурон, паррандахо ва одам зиндаги мекунад. К. хуни хайвоноти гуногун (гурба, калламушхо, сугур, саг ва г.)-ро макида, баъзан ангезандаи як катор беморихои хавфнок (тоун, хасба ва г.)-ро дар байни одамон пахн менамояд. Оби дахони К. таъсири озурдасози дорад. К. дар пашми хайвонот ва пару боли паррандагон тез харакат карда, чуфти пои кафояш барои чахидан хизмат мекунад. Ранги К. зардча ё чигари аст. К.-и нарина аз модинааш хурд мебошад.
Баъзе намудхои К. факат дар бадани хайвоноти муайян зиндагони мекунанд, намудхои дигар бошанд, дар чонварони гуногун паразити карда, аз як хайвон ба хайвони дигар мегузаранд. Зиёда аз 1000 намуди К. маълум аст. К. – и одам (Purlex irritans), К. – и саг (Ctenocephalides canis), К. – и калламуш (Xenopsulla cheopis), К. – и юрмон (Ceratophyllus tesquorum), К. – и муш (Leptopsulla musculi) барои одаму хайвонот хавфнок ва пахнкунандаи беморихои вазнин мебошанд. К. дар манзили одамон, дар хок, пору, таркиши фарш, тагандози хайвонот ва г. афзоиш меёбад. Як К. – и модина дар тули хаёт то 400 дона тухм мегузорад. Аз тухм баъди 4 – 12 шабонаруз кирминахо мебароянд, ки рангашон сафед буда, по надоранд. Кирминахо дар муддати 8 – 100 шаборуз ба зоча, сипас пилла ва ба К. (дар давоми 6 – 220 шаборуз) табдил меёбанд. Баъзе намудхои К. то 1000 руз умр мебинанд. К. метавонад муддати зиёд (зиёда аз як сол) бе гизо зиндаги кунад.
Барои мубориза бо К. кабл аз хама ба афзоиши он монеъ шудан лозим аст. Барои ин доимо тоза нигох доштани манзил ахамияти калон дорад. Барои нобуд кардани К.-и хайвоноти хонаги онхоро мунтазам ба зоошампун ё пиретрум (ба 1кг вазни хайвонот 1 – 2 г) мешуянд. К.-и хонаро ба хокаи пиретрум (ба 1м2 5 – 25 г), хлорофос, карбофос ва диг. инсектисидхо махв мегардонанд (ниг. Дезинсексия). Барои гурезонидани К. ба кунчхои хона явшон мегузоранд ё хонаро бо чоруби явшон мерубанд. Барои мухофизати шахси репеллентхоро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …