Главная / Илм / КАХХОРОВ Абдурауф Носирович

КАХХОРОВ Абдурауф Носирович

nophoto-manКАХХОРОВ Абдурауф Носирович (тав. 22. 9. 1933, Хучанд), чаррох, доктори илми тиб (1978), проф. (1981), акад. Академияи илмхои байналмилалии антропологияи интегративи (1994), узви вобастаи Академияи байналмилалии мактаби оли (1995), акад. Академияи илмхои тиббию техникии ФР (2008), Аълочии тандурустии ИЧШС (1980), Корманди шоистаи Точикистон (2001). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1958). Ассистенти кафедраи анатомияи мукаррарии ДДТТ, аспиранти Донишкадаи тиббии якуми Москва ба номи И. М. Сеченов (1958 – 63), ординатори шуъбаи чаррохии Беморхонаи чумхуриявии №1, ассистенти кафедраи чаррохии умумии факултаи дармон (1964 – 77), дотсент, проф. кафедраи чаррохии умумии факултаи педиатри (1978 – 81), мудири кафедраи чаррохии умумии факултаи дармон ва кафедраи беморихои чаррохиталаби факултаи дахонпизишки (1981 – 2003), мудири кафедраи колопроктология ва декани факултаи чаррохии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон, проф. – мушовири Маркази шахрии колопроктологи (аз с. 2003). К. дар мавзуи «Хусусиятхои мавзеии системаи лимфави ва хунгарди рудаи борик хангоми солим ва бемор будани он» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Тагйироти морфологию вазифавии чигар ва талхадон хангоми бемории холесистит – тадкики клиникию морфологи» рисолаи доктори дифоъ намудааст. К. дар бораи бемории чогар тадкикот бурда, усули нави чаррохии он – буриши фронталии гадуди чогарро дар амал чори намудааст. Натичаи чунин чаррохи с. 1969 дар конфронси чаррохони Осиёи Маркази (ш. Фрунзе) барраси гашта, бахои баланд гирифт. Дар робита ба усули мазкури чаррохи тарзи буриши фронталии гадуди чогари мунташир (диффузи) ва лимфамотозии Хошимоторо тахия кард. К. аз асосгузорони илми колопроктология дар чумхури аст. Бо кумаки у дар бисёр шахру вилоятхои кишвар шуъбахои колопроктологи ташкил карда шуданд. Сармухаррири мачаллаи «Нигахдории тандурустии Точикистон» (аз с. 1995). Муаллифи беш аз 200 асару маколахои илми, 11 китоб, 3 дастури таълим, 52 навоварист. Тахти рохбарии у 15 наф. рисолаи номзади ва 3 наф. рисолаи доктори дифоъ кардааст. Узви Комиссияи масоили проктологияи Россия (аз 1994).
Ос.: Чаррохии меъдаю рудаи дувоздахангушта, Д., 1986; Реши узвхои хозима, Д., 1987; Уход за хирургическими больными, Д., 1984, 1989; Дарди сина ва муоличаи он, Д., 1989; Парастории беморон дар шифохонаи чаррохи, Д., 1993; Анатомияи одам , Д., 1996; Чаррохии умуми , Д., 1997; Новый способ хирургического лечения послеродовых старых разрывов промежности, Прага, 2001; Диагностика и хирургическое лечение зоба, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …