Главная / Илм / КАБЗ

КАБЗ

kabzКАБЗ (Spasmus), спазм, гайрихтиёр кашиш хурдани мушакхои кундаланграх ё суфта. Падидахои возехе, ки дар асоси онхо К. аз шаклхои гуногуни ташаннуч (ихтилоч, рагкаши) фарк карда шавад, вучуд надоранд. Вобаста ба манбаи иллат К. мумкин аст мушакхои алохидаро фаро гирад, мас., К.-и мушакхои як кисми гардан (ниг. Качгардани), пилки чашм (ниг. Блефароспазм). Баъзан К. мушакхои тамоми андомро фаро мегирад, ки дар натича он фаъолияти худро гум мекунад (ниг. Фалач).
Хангоми осеби силсилаи асабхои канори К.-и мушакхои гардан, мушакхои мурудшакл ва чорсараи рон, мушакхои сок ба вучуд омада, боиси дарди шадид мешаванд. Дар мавриди невралгияи асаби сесара ва кузоз К.-и мушакхои хоиш рух менамояд. Дар сурати амрози силсилаи асабхои нашви бисёр вакт К.-и мушакхои суфтаи девораи рагхо ва узвхои дохили – ангоиспазм, бронхоспазм, ларингоспазм, ташаннучи сурхруда, меъда, руда ва г. инкишоф меёбад.
Ниг. низ Тонус.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …