Главная / Чамъият / Изофакори

Изофакори

Моддаи 79-и Кодекси Мехнат. Изофакори

  1. Изофакори дар холатхои истиснои, ки моддаи 80 Кодекси мазкур мукаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва бо тартибе, ки корфармо бо мувофикаи намояндагони кормандон мукаррар намудааст, истифода бурда мешавад.
  2. Корфармо ухдадор аст хангоми изофакори бехатарии мехнат ва шароити муътадили истехсоли ва ичтимоию маиширо таъмин намояд.
  3. Чалби кормандон ба изофакори бо риояи махдудиятхое, ки Кодекси мазкур нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои ухдадорихои оилави ва ноболигон мукаррар намудааст, сурат мегирад.
  4. Хангоми 12 соат будани давомнокии баст, инчунин дар корхое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошанд, изофакори манъ аст.
  5. Изофакори набояд дар давоми ду руз пай дар пай беш аз ин бошад:

– ду соат дар корхое, ки шароити мехнат вазнин ва ё зарарнок бошад;

– чор соат дар дигар корхо.

  1. Барои хар як корманд изофакори дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …