Главная / Техника / Иштироки Сарвари давлат Эмомали Рахмон дар чаласаи чоруми Панели сатхи баланд оид ба масъалахои об

Иштироки Сарвари давлат Эмомали Рахмон дар чаласаи чоруми Панели сатхи баланд оид ба масъалахои об

дар шахри Ню-Йорк Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар чаласаи чоруми Панели сатхи баланд оид ба масъалахои об иштирок ва суханрони намуданд.

Дар кори ин чаласаи сатхи баланд хамчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттахид, Президенти Бонки чахони ва дигар шахсиятхои воломакоми давлатхо ва ташкилоту созмонхои минтакавию байналмилали иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон изхор доштанд, ки мавчудияти Панели сатхи баланд оид ба масъалахои об дар як давраи кутох барои баланд бардоштани дарки мохияти об барои ноил гардидан ба Хадафхои рушди устувор такони чидди бахшида, накшаи амали он минбаъд дар халлу фасли масъалахои марбут ба об мусоидат хохад кард.

Ба накши Точикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солхои 2018-2028 бахои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки чомеаи чахони метавонад аз имкониятхои ин Дахсола васеъ истифода бурда, дар паст кардани шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас сахм гузорад.

Изхори бовари карда шуд, ки Дахсолаи мазкур барои боз хам баланд бардоштани дарки масъалахои об дар Рузномаи чахонии рушд ва мусоидат ба татбики Хадафхои рушди устувори марбут ба об мусоидат карда, дар ин самт барои муттахид сохтани талошхои давлатхои чахон кумак менамояд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон таъкид бар он доштанд, ки вобаста ба хадаф ва вазифахои Дахсола Точикистон Консепсияи татбики онро бо мачмуи чорабинихо дар доираи фаъолияти Панел пешниход намуда, барои амали намудани он чахд менамояд ва ният дорад, ки Накшаи чорабинихоро оид ба татбики Дахсола кабул карда, барои амали намудани он Маркази махсус ва чихати назорати ичрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дихад.

Дар чаласаи чоруми Панели сатхи баланд оид ба масъалахои об хамчунин Президенти Чумхурии Маврикий хонум Амина Гуриб Факим, Президенти Венгрия Янош Адер, Сарвазири Чумхурии Халкии Бангладеш хонум Шайх Хасина, Сарвазири Шохигарии Нидерланд Марк Рутте, Вазири корхои хоричаи Иттиходи Австралия Чулия Бишоп, Вазири банакшагири ва хамкорихои байналмилалии Урдун Имад Фахури, Вазири тичорати хоричи ва туризми Перу Эдуардо Феррейрос Купперс ва Муовини вазири хифзи мухити зист ва захирахои табии Мексика Родолфо Ласи Тамаё суханрони намуданд.

Инчунин кобед

Кисмхои компютерхои фарди

Пеш аз хама аз таъминоти дастгохии компютери фарди огоз менамоем: Расми кисмхои асосии компютер Чи …