Главная / Гуногун / Истиклолияти Мугулистон

Истиклолияти Мугулистон

Тобистони соли 1911 харакати зиддиманчури боз хам пурзуртар мешавад. Дастгирии Русия барои эълон карда шудани истиклолияти Мугулистон шароити мусоид фарохам овард. Ин буд, ки 1 декбри соли 1911 Кумитаи хокимон ва ламахои олимартаба истиклолияти давлатии Мугулистонро эълон кард. Рухонии калисои ламаи Мугулистон Богдо-гэгэн Чебзун Дамба-Хутухтаи III сардори давлат таъйин гардид.

Эълони истиклолияти Мугулистон дар вазъияти мураккаби байналхалки, дар шароити тезу тунд шудани зиддиятхои байни мамлакатхои империалисти ба амал омад.

maxresdefault

Баъди эълони истиклолияти давлати асоси сиёсати хоричии Мугулистон мубориза барои ба расмият шинохтани истиклолияти давлатии он гардид. Доирахои хукмрони мугул кушиш ба харч медоданд давлатеро бунёд кунанд, ки он Халха, Мугулистони Гарби, Мугулистони Дохилиро дар бар гирад. Вале ин кор хеле мушкил буд, чунки мувофики Созишномаи байни Русия ва Чопони солхои 1910 ва 1912 ба имзо расида Мугулистони Беруни ба доираи манфиатхои Русия ва Мугулистони Дохилию Корея ба доирахои манфиатхои Чопон тааллук доштанд. Барои хамин хам Русия танхо Мугулистони Беруниро дастгири карда метавонист.

Истиклолияти давлатии соли 1911 эълонкардаи Мугулистон то соли 1915 давом кард. Мувофики эъломияи русию чиноии 2 июни соли 1915 ва Созишномаи сетарафаи Мугулистон, Русия ва Чини мохи майи соли 1915 дар Кяхта баимзорасида Мугулистон дар хайати Чин худмухтор эълон карда шуд. Он дар хамин холати сиёси то соли 1919 монд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …