Главная / Чамъият / Истифодаи энергияи атоми

Истифодаи энергияи атоми

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи  истифодаи энергияи атоми 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2004, №12, к-1, мод. 696)

Мачлиси намояндагон 10-уми ноябри соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 25-уми ноябри соли 2004 чонибдори намудааст

Конуни мазкур асосхои хукуки ва принсипхои танзими муносибатхои чамъиятиро, ки хангоми истифодаи энергияи атоми ба миён меоянд, муайян намуда, ба химояи саломати ва хаёти одамон, хифзи мухити зист, таъмини речаи пахн накардани аслихаи ядрои, бехатарии ядрои ва радиатсиони, хифзи моликият хангоми истифодаи энергияи атоми равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атоми ва пойдор гаштани низоми байналмилалии истифодаи бехатарии энергияи атоми мусоидат менамояд.

atom

Боби 1. Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар  Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

танзими давлати – фаъолияти макоми ваколатдори давлати дар тахия, тасдик ва татбики меъёр ва коидахои бехатарии ядроиву радиатсиони, ба амал баровардани назорат ва додани ичозатнома (литсензия) ба намудхои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атоми алокаманданд;

назорат амале, ки макоми ваколатдори давлати ва ташкилотхои истифодабаранда ба таври доими барои тафтиши ичрои талаботи меъёр, коидахо ва дастуруламалхо анчом медиханд;

санчиш – амале, ки макоми ваколатдори давлати барои тафтиши ичрои санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартхои ичозатнома (литсензия) ва шартномахои байналмилали дар доираи салохияти худ ба максади танзими раванди истифодаи энергияи атоми анчом медихад;

махали чойгиршави иншоот ва сохтмонхои доимии махсус, ки барои нигохдории маводи радиоактиви ё гуронидани партовхои радиоактиви пешбини шудаанд;

энергияи атоми – энергияе, ки дар чараёни табдилшавии ядрохои атом хорич мегардад. Манбаи энергияи атоми энергияи дохилии ядрои атом мебошад, ки бо таъсири мутакобила ва харакати протонхо ва нейтронхо дар дохили ядро алокаманд аст;

истифодабарии энергияи атоми – энергияи атоми, ки хангоми амали кардани реаксияхои занчирии ядрои ва термоядроии идорашавандаи намуди таркиш (бомбаи ядрои ва термоядрои), инчунин реаксияхои идорашавандаи танзимкунии дарачаи чудошавии энергияи (реакторхои атоми) ба вучуд меояд. Дар ин чо дар зери истифодабарии энергияи атоми, хамчунин истифодаи энергияи кохиши радиоактивии манбаъхои афканишоти иондоркунанда ва моддахои радиоактиви фахмида мешавад;

партовхои радиоактиви – мавод ва моддахои дар хар холати дилхохи агрегати, ки микдор ва дарачаи гилзати (консентратсии) маводи радиоактивии ба андозаи мукарраргардидаи санадхои меъёрии мукарраркарда ахамияти баланд дошта, ки дар  натичаи фаъолияти хочаги ба вучуд омадаанд ва минбаъд кобили истифода нестанд;

ашёи махсуси  гайриядрои – ашёе, ки бо санадхои зерконуни вобаста ба талаботи низоми хукукии байналмилалии танзими содироти ядрои хамин тавр муайян шудаанд;

мол ва хизматрасони дар сохаи истифодаи энергияи атоми – дастгоххо, тачхизот, технологияи ядрои, маводи радиоактиви, масолехи махсуси гариядроие, ки барои истехсоли масолехи ядрои истифода мешаванд, манбаъхои афканишоти иондоркунанда, инчунин хизмати марбут ба онхо;

сатхи бозпас гирифтан – мачмуи андозахое, ки дар вохидхои фаъолият ифода ёфта, манбаъхои афканишоти радиоактиви ва иондор дар он вохид ё камтар аз он метавонанд мувофики меъёрхои амалкунанда аз назорат хорич карда шаванд;

хифзи физикии маводи ядрои ва тачхизоти ядрои – системаи ягонаи тадбирхои ташкили ва техникие, ки ба пешгирии дастрасии беичозати ашхос ба маводу тачхизоти ядрои равона шудаанд;

нигохдори – чойгиркунии муваккатии маводи радиоактиви ва партовхои радиоактиви, ки дар чойхои махсуси омодагардида (аз чумла дар контейнерхои махсус), ки имконияти баровардани онхо барои истифода, коркард ё гуронидан  пешбини шудааст;

ташкилоти истифодабаранда-ташкилоте, ки барои истифодаи энергияи атоми ичозатномаи (литсензияи) макоми ваколатдори давлатиро дорад;

бехатарии ядрои – хосияти объекти ядрои, ки бо эхтимолияти муайян имконнопазир будани садамаи ядроиро таъмин менамояд;

дастгоххои ядрои– реакторхои ядрои, аз чумла реакторхои истгоххои атоми, асбобхои кайхони ва парвозкунанда, воситахои наклиёт, реакторхои саноати ва тадкикотии тачрибави, стендхои ядрои, хар гуна иншоот, мачмуахо, дастгоххо, тачхизот ва воситахои техники барои истехсол, истифода, коркард, хамлу накл ва чойгиркунии маводи ядрои.

             Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи истифодаи энергияи атоми

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи истифодаи энергияи атоми ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

          Моддаи 3. Принсипхои асоси ва вазифахои танзими хукуки дар сохаи истифодаи энергияи атоми

  1. Принсипхои асосии танзими хукуки дар сохаи истифодаи энергияи атоми аз инхо иборатанд:

– таъмини бехатарии ядрои ва радиатсиони хангоми истифодаи энергияи атоми, мухофизати ахоли ва мухити зист аз хатари радиатсиони;

– дастрас, объективи ва сари вакти будани иттилооти марбут ба истифодаи энергияи атоми ва таъсири он ба ахоли ва мухити зист ба шарте, ки ин иттилоот маълумоти сирри давлати надошта бошанд;

– иштироки шахрвандон, ташкилотхои тичорати ва гайритичорати (минбаъд ташкилотхо), шахсони дигари хукуки дар мухокимаи сиёсати давлати, лоихахои конунхо ва санадхои дигари хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин дар фаъолияти амали дар сохаи истифодаи энергияи атоми;

– манъи гуронидани партовхои радиоактивии давлатхои дигар дар каламрави Чумхурии Точикистон;

– таъмини назорати давлати ва санчиши бехатарии ядрои ва радиатсиони хангоми истифодаи энергияи атоми;

– таъмини хифзи ичтимоии кормандони объектхои истифодаи энергияи атоми, инчунин ахолие, ки дар минтакаи чойгиршавии онхо зиндаги ва кор мекунанд;

– додани товони зараре, ки аз таъсири радиатсия расидааст.

  1. Вазифахои асосии танзими хукукии муносибатхое, ки хангоми анчоми хамаи намудхои фаъолият дар сохаи истифодаи энергияи атоми ба вучуд меоянд, инхоянд:

– ташкили асосхои хукукии низоми идораи давлатии истифодаи энергияи атоми ва низоми танзими давлатии бехатари хангоми истифодаи энергияи атоми;

– мукаррар намудани хукук, ухдадори ва масъулияти макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, ташкилотхо ва шахсони дигари хукуки ва шахрвандон.

  1. Дар каламрави Чумхурии Точикистон хама гуна фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки дар истифодаи энергияи атоми бо максади тахия, сохтан, истехсол намудан, озмоиш, нигохдори ва пахн намудани силохи ядрои катъиян манъ аст.

           Моддаи 4. Объектхо ва субъектхо дар сохаи истифодаи энергияи атоми

  1. Объектхо дар сохаи  истифодаи энергияи атоми инхоянд:

– дастгоххои ядрои;

– махали нигохдории маводи ядрои ва моддахои радиоактиви, партовгоххои радиоактиви, объектхо ва иншооти доимие, ки барои нигохдории маводи ядрои ва моддахои радиоактиви ё барои гурондани партовхои радиоактиви мукаррар шудаанд;

– маводи ядрои;

– партовхои радиоактиви;

– манбаъхои афканишоти радиоактиви ва иондоркунандаи бештар аз сатхи бозпас гирифтан.

  1. 2. Субъектхо дар сохаи истифодаи энергияи атоми инхоянд:

– макоми ваколатдори давлатии танзиму назорат ва идоракунанда;

– ташкилотхое, ки бо фаъолияти истифодаи энергияи атоми машгуланд, хамчунин ташкилотхои тибби, таълими, тадкикоти, тичорати, кишоварзи ва саноати, аз чумла истихрочи маъдан, коркард ва гайраро дар бар мегиранд.

  1. Амали ин конун ба объектхое, ки маводи ядрои ва моддахои радиоактивиро бо микдор ва фаъолноки ва (ё) истихрочи афканишоти иондоркунандаи бошиддат ё энергияашон дорои кимати камтар аз меъёрхо ва коидахои давлати мукарраршударо дар сохаи истифодаи энергияи атоми доранд, барои онхо ичозати макомоти давлатии танзимгари бехатари хангоми ичрои фаъолият бо объектхои мазкур,  дахл надорад.

Моддаи 5. Намудхои асосии фаъолият дар сохаи истифодаи энергияи атоми

  1. Ба фаъолияте, ки дар сохаи истифодаи энергияи атоми алокаманданд, мансубанд:

– чобачогузори, лоихакаши, таъсис, истифода ва аз истифода гирифтани дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсиони ва махалхои нигохдори;

– муомила бо маводи ядрои ва моддахои радиоактиви, аз он чумла хангоми чустучу ва истихрочи канданихои фоиданок, ки чунин маводро доранд, дар истехсолот, хангоми истифода, коркард, хамлу накл ва нигохдории маводи ядрои, моддахои радиоактиви ва партовхои радиоактиви;

– бурдани тадкикотхои илми, ичрои корхо ва расонидани хидматхо бо истифодаи энергияи атоми;

– хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсиони, махалхои нигохдории маводи ядрои ва моддахои радиоактиви;

– омода кардани мутахассисон дар сохаи истифодаи дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсиони, махалхои нигохдори, маводи ядрои ва моддахои радиоактиви;

– таъмини бехатари хангоми истифодаи энергияи атоми;

– бахисобгири ва назорат ба маводи ядрои, манбаъхои афканишоти радиоактиви ва иондоркунанда, моддахои радиоактиви ва партовхои радиоактиви;

– содирот ва воридоти маводи ядрои, технология ва тачхизот, моддахои махсуси гайриядрои, мавод, технология ва тачхизоти дорои таъиноти дучониба, манбаъхои афканишоти ионидоркунанда, моддахои радиоактиви;

– назорат ба холати радиатсиони дар каламрави Чумхурии Точикистон;

– хамлу накли транзитии маводи ядрои ва моддахои радиоактиви аз каламрави Чумхурии Точикистон;

– омода кардан ва аттестатсияи мутахассисон ва кормандон.

  1. Хамаи намудхои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атоми алокаманд аст, тахти назорати доимии давлат ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 6. Моликият ба манбаъхои радиатсиони, махалхои нигохдори, маводи ядрои ва моддахои радиоактиви

Моликони манбаъхои радиатсиони, маводи ядрои ва моддахоирадиоактиви, махалхои нигохдори ва гурондани партовхо танхо шахсони хукукие новобаста аз шакли моликияташон буда метавонанд, ки ичозатномаи (литсензияи) макоми ваколатдори давлатиро оид ба хукуки кор кардан дар сохаи истифодаи энергияи атоми бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон доранд.

Боби 2. Макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон

дар сохаи истифодаи энергияи атоми

 

Моддаи 7. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи  истифодаи энергияи атоми

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон макоми ваколатдори давлатиро дар сохахои зерин муайян менамояд:

– танзими давлатии истифодаи бехатарии энергияи атоми;

– санчиш, назорат ва додани ичозатнома ба намудхои фаъолият оид ба истифодаи энергияи атоми;

– таъсири радиатсиони ба кормандон ва ахоли;

– санчиши экологи дар сохаи хифзи мухити зист.

  1. Вазифахо ва тартиби амали макоми ваколатдорро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

      Моддаи 8. Хукуки макоми ваколатдори давлати дар сохаи истифодаи энергияи атоми

Макоми ваколатдори давлати дар сохаи истифодаи энергияи атоми (минбаъд-макоми ваколатдори давлати) дар худуди салохияти худ хукук дорад:

– ба Хукумат барои омода кардан ва тагйир додани санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои истифодаи энергияи атоми пешниходхо ирсол намояд;

– дар асос ва ичрои конунгузории Чумхурии Точикистон меъёру коидахоеро, ки фаъолияти марбут ба истифодаи энергияи атомиро танзим менамоянд, омода, мукаррар ва татбик намояд;

– ба намудхои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атоми алокаманданд, ичозатнома дихад;

– ба ичрои меъёр ва коидахо дар сохаи истифодаи энергияи атоми назорат барад;

– вобаста ба ичрои салохиятхои худ назорат анчом дихад;

– оид ба холати радиатсиони дар каламрави Чумхурии Точикистон назорати давлати анчом дихад;

– бахисобгири ва назорати давлатии маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти радиоактиви ва  иондоркунандаро амали созад;

– аз корхонахо, ташкилотхо ва шахрвандон бе ягон махдудият маълумот ва хуччатхои барои халли вазифахои ба ухдаи онхо гузошташударо талаб намояд ва ба даст орад;

– ба макомоти хифзи хукук барои халли масъалахои ба чавобгари кашидан чихати вайрон кардани Конуни мазкур, санадхои дигари конунгузори ва меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мавод супорад;

– бо макомоти ваколатдори давлатхои дигар ва созмонхои байналмилали дар масоили бехатари хангоми истифодаи энергияи атоми ва оид ба масъалаи пахн накардани силохи атоми ва назорати маводи ядрои хамкори анчом дихад.

Моддаи 9. Хукуки шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати

Шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати (рохбарон, муовинхои рохбарон) хангоми ичрои вазифахои бевоситаи худ хукук доранд:

– бо тартиби мукарраршуда ба объектхои истифодаи энергияи атоми ва санадхое, ки фаъолияти онхоро тавсиф менамоянд, бемамониат дастраси дошта бошанд;

– фаъолияти шахсони хукукиеро, ки бо истифодаи энергияи атоми алокаманданд, хангоми тахдид ба амнияти ахоли ё мухити зист боздоранд ё дар бораи катъи фаъолияташон масъала ба миён гузоранд.

Моддаи 10. Мустакилияти макоми ваколатдори давлати

  1. Макоми ваколатдори давлати аз дигар макомоти ичроия, ташкилотхое, ки фаъолияти онхо ба рушд ва истифодаи энергияи атоми вобаста мебошад, мустакилияти маъмурию молияви дорад.
  2. Монеъ шудан ба  фаъолияти шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати хангоми ичрои вазифахои хизматиашон рох дода намешавад.

Боби 3. Шартхои фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атоми алокаманданд

Моддаи 11. Додани ичозатнома барои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атоми алокаманд аст

Барои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атоми вобаста мебошад, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хатман ичозатнома дода мешавад.

                 Моддаи 12. Бехатарии ядрои ва радиатсиони

  1. Хар гуна фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атоми алокаманд аст, бо шарти таъмини хифзи саломатии ахоли ва мухити зист, химояи  амволи шахсони  вокеи ва хукуки аз таъсири зарарноки афканишоти иондор анчом дода мешавад.
  2. Бехатарии ядрои ва радиатсиони аз чониби ташкилотхои истифодабаранда мутобики меъёру коидахои мукарраршуда таъмин карда мешавад.

Моддаи 13. Хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдории маводи ядрои ва моддахои радиоактиви

  1. Таъмини хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдории маводи ядрои ва моддахоирадиоактиви дар хама даврахои истехсолот, бунёд кардани объектхо, ба истифода додан ва аз истифода гирифтани объектхое, ки дар онхо бо маводи радиоактивии ядрои амалиёт гузаронида мешавад, хамчунин хангоми хамлу накли онхо, амали карда мешавад.
  2. Хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдории  маводи ядрои ва моддахои радиоактиви аз тарафи ташкилотхои истифодабаранда таъмин мегардад. Назорати таъмини хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдории  маводи ядрои ва моддахои радиоактиви аз тарафи макоми ваколатдори давлати амали карда мешавад.
  3. Барои ичрои вазифахо оид ба таъмини хифзи чисмонии объектхои истифодаи энергияи атоми метавонад макомоти корхои дохили ва макомоти хадамоти амният чалб карда шаванд.

Моддаи 14. Талабот оид ба таъмини хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдории  маводи  ядрои ва моддахои радиоактиви

  1. Талабот оид ба таъмини хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдории маводи ядрои ва моддахои радиоактиви бо меъёру коидахо дар сохаи истифодаи энергияи атоми мукаррар карда мешаванд.
  2. Хифзи чисмонии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдории маводи ядрои ва моддахои радиоактиви бояд мутобики ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи истифодаи энергияи атоми анчом дода шавад.
  3. Дар сурати наандешидани тадбирхо барои ичрои талабот оид ба таъмини хифзи чисмонии объектхои истифодаи энергияи атоми истифодаи дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия, махалхои нигохдори, хамчунин анчом додани хар гуна фаъолият оид ба истифодаи маводи ядрои ва моддахои радиоактиви, ки дар хар гуна шакл ва дар хар кадом мархилаи истехсол, истифода, коркард, хамлу накл ё нигохдори карор доранд, манъ аст.

Моддаи 15. Бахисобгири ва назорати маводи ядрои  ва манбаъхои афканишоти иондоркунанда

  1. Маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти иондоркунанда аз тарафи давлат ба хисоб гирифта шуда, мавриди назорат карор дода мешаванд. Бо ин максад макоми ваколатдори давлати низоми давлатии бахисобгири ва назорати маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти иондоркунанда таъсис медихад.
  2. Низомхои давлатии  бахисобгири ва назорати маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти иондоркунанда микдори вокеии маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти иондоркунанда, чойи нигохдори, пешгирии гумшави, истифодаи бераводид ва дузди, пешниходи иттилооти фаври дар хусуси мавчудият ва интиколи маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти иондоркунанда, хамчунин маълумот дар бораи аз хисоб хорич кардан ва гуронидани манбаъхо, оид ба содирот ва воридоти манбаъхо ва маводи ядрои ба макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон ва дар холатхои дар шартномахои байналмилали пешбинишуда аз тарафи ташкилотхои байналмилали ва давлатхои дигар  таъмин месозанд.
  3. Ташкилоти истифодабаранда, ки ба истифодаи маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти иондоркунанда фаъолият анчом медихад, бахисобгирии онхо ва пешниходи маълумоти боэътимодро ба макомоти ваколатдори давлати таъмин менамояд.
  4. Тартиби ташкили низомхои давлатии бахисобгири ва назорати маводи ядрои ва манбаъхои афканишоти иондоркунандаро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 16. Талаботи асосии бехатари хангоми интихоби майдончаю бунёди дастгоххои ядрои ва махалхои нигохдорию гуронидани  маводи ядрои ва моддахои радиоактиви

  1. Интихоби майдончаю бунёди дастгоххои ядрои, махалхои нигохдорию гуронидани  маводи ядрои ва моддахои радиоактиви бояд дар асоси меъёру коидахо дар сохаи истифодаи энергияи атоми ва хифзи мухити зист амали карда шавад.
  2. Карор дар хусуси бунёди дастгохи ядроию  махали нигохдори ва гуронидани маводи ядрои ва моддахои радиоактивиро Хукумати Чумхурии Точикистон бо назардошти холатхои зерин кабул менамояд:

– талабот ба онхо барои халли вазифахои хочагидории мамлакат ва манотики алохидаи он;

– мавчудияти шароити зарури, ки ба меъёру коидахои истифодаи энергияи атоми барои чойгир – кардани ин объектхо чавобгу мебошад;

– набудани тахдиди бехатарии объектхои мазкур аз тарафи объектхои наздик чойгиршудаи шахрванди ва низоми;

– окибатхои имконпазири ичтимои ва иктисодии чойгир кардани объектхои мазкур барои рушди саноат, кишоварзи, ичтимои ва фархангию маишии минтака.

  1. 3. Санадхои лоихавии объектхои мазкур ба таври хатми аз тахкики экологи, бехдошти ва техники гузаронида мешаванд.

Моддаи 17. Талаботи асоси ба ташкилоти  истифодабаранда

  1. Ташкилоти истифодабаранда барои бехатарии дастгохи ядрои, манбаи афканишоти иондоркунанда, махали чойгири, хамчунин барои муносибати даркори бо маводи ядрои ва моддахои радиоактиви масъулияти пурра ба зимма дорад.
  2. Масъулият барои бехатарии дастгохи ядрои, манбаи афканишоти иондоркунанда, махали нигохдори, хатто дар холати катъ гардидани амали ичозатнома то интиколи объектхои мазкур ба дигар ташкилоти истифодабаранда ё гирифтани ичозатномаи нав боки мемонад.
  3. Ташкилоти истифодабаранда ухдадор аст:

– дорои захирахои зарурии молияви, моддию техники ва кормандон бошад, ки барои таъмини бехатари дар хама даврахои фаъолият хангоми истифодаи объектхои энергияи атоми кофианд;

– барои ичрои корхо чихати аз истифода гирифтани объектхои истифодаи энергияи атоми, рекултиватсияи масохати гуронидани партовхои радиоактиви, бартараф кардани окибати холатхои садамави, чуброни зарар ба саломати ва хаёти одамон ва мухити зист, хамчунин амволи шахрвандон ва ташкилотхо тадбирхо пешбини созад ва бо маблаг таъмин намояд.

  1. 4. Ташкилоти истифодабаранда инхоро таъмин менамояд:

– истифодаи дастгохи ядрои, манбаи афканишоти иондоркунанда ва махали  нигохдори танхо барои хамон максадхое, ки онхо таъин гардидаанд;

– ташкил ва хамохангсозии тахия ва ичрои барномахо, таъмини сифат дар хамаи даврахои ба истифода додан, истифода намудан ва аз истифода гирифтани дастгохи ядрои, манбаи афканишоти иондоркунандаи махали нигохдори;

– тахия ва татбики чорахои омодагии садама ва тадбирхои зиддисадама дар дастгохи ядрои, манбаи афканишоти иондоркунанда ва махали нигохдори хамчунин чорахо оид ба кам кардани окибатхои манфии садама барои кормандони объектхои мазкур, ахоли ва мухити зист;

– бахисобгирии дозаи инфиродии кормандони объектхои истифодаи энергияи атоми ва татбики хукуки онхо барои чуброн;

– сугуртаи кормандон ва дар сафари хизмати карордоштагон аз хавфи таъсири радиатсия аз хисоби худ;

– анчом додани салохиятхои дигар, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар кардаанд.

  1. 5. Кормандони ташкилоти истифодабаранда бо тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, аз санчиши тахассуси мегузаранд.

 

Боби 4. Содирот ва воридоти мол ва хизматрасони дар сохаи истифодаи энергияи атоми

 

Моддаи 18. Анчом додани содирот ва воридоти мол  ва хизматрасони дар сохаи истифодаи энергияи атоми

Содирот ва воридоти мол ва хизматрасони дар сохаи истифодаи энергияи атоми, ки бо максадхои тичорати интикол, харид ё фуруш ё интиколи гайритичоратиро дар бар мегирад, аз тарафи макоми ваколатдори давлати назорат карда мешавад ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, хамчунин шартномахои байналмилали, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, анчом дода мешавад.

 

Моддаи 19. Тартиби амали гардонидани содирот ва воридоти мол  ва хизматрасони дар сохаи истифодаи энергияи атоми

Тартиби амали гардонидани содирот ва воридоти маводи ядрои, технология, тачхизот ва дастгоххои ядрои, маводи махсуси гайриядрои, манбаъхои афканишоти иондоркунанда, маводи радиоактиви ва партовхои радиоактивиро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Боби 5. Хукуку ухдадории шахрвандон, иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхо

Моддаи 20. Хукуки шахрвандон, иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхо дар сохаи истифодаи энергияи атоми

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхо дар сохаи истифодаи энергияи атоми  хукук доранд:

– тавассути макоми ваколатдори давлати оид ба истифодаи энергияи атоми ва васоити ахбори умум дар хусуси бехатарии объектхои бунёдашон пешбинишуда, лоихакашидашуда, бунёдшаванда, истифодашаванда ва аз истифода гирифташудаи энергияи атоми, дар бораи назорати амалишавандаи холати радиатсиони дар махалхое, ки онхо истикомат мекунанд ё кор менамоянд, хамчунин дар хусуси дозаи шуоъгири маълумот ба даст оранд;

– дар баррасии сиёсат, лоихаи санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ва барномахо дар сохаи истифодаи энергияи атоми иштирок намоянд;

– тахкики экологии чамъиятии хуччатхои лоихави ва назоратро аз болои вазъияти радиатсионии мухити зист мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон анчом диханд;

– бо максади шиносои пайдо кардан бо тартиби мукарраршуда аз дастгоххои ядрои, махалхои нигохдори ва гуронидан дидан намоянд;

– барои чуброни хисороту зиёне, ки дар натичаи садамаи ядрои ё радиатсиони ба онхо расидааст, аз хисоби ташкилоти истифодабаранда, ки ба ин садама рох додааст.

Моддаи 21. ухдадории шахрвандон, иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхо дар сохаи истифодаи энергияи атоми

Шахрвандон, иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхо ухдадоранд конунгузориеро, ки истифодаи энергияи атомиро танзим менамояд, риоя намуда, талаботи меъёру коидахои бехатари дар сохаи истифодаи энергияи атоми, хамчунин талаботи шахсони мансабдори ташкилотхо оид ба истифодаи энергияи атомиро ичро намоянд.

Моддаи 22. Сугуртакуни дар сохаи истифодаи энергияи атоми

Шахрвандон ва моликияти онхо аз эхтимолияти таъсири радиатсиони аз хисоби сохибмулк ва ё истифодабарандаи энергияи атоми хатман сугурта карда мешаванд. Пардохти сугуртапули новобаста аз маблаги супоридашуда ба амал бароварда мешавад. Тартиб ва шартхои сугуртаи шахрвандон ва моликияти онхоро аз эхтимолияти таъсири радиатсиони конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 23. Чуброни зараре, ки дар натичаи истифодаи номувофики объектхои энергияи атоми расидааст

  1. Зарари ба саломатии шахрвандон расонидашуда, хамчунин фавти онхо дар натичаи истифодаи номувофики объектхои энергияи атоми бояд аз хисоби расонандаи зарар дар хачми пурра бо назардошти дарачаи гум кардани кобилияти мехнатии зарардида, харочот барои табобати вай, баркарорсозии саломати, парастории бемор, кумакпулихои таъиншуда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда шавад.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз расонандагони зарар чуброни пурраи зиёни молии вобаста ба истифодаи номувофики объектхои энергияи атоми аз чониби ташкилотхо ва шахрвандон расида ва харочоти ташкилотхоро новобаста аз шакли моликияти онхо ва шахсони алохидаро, ки дар корхои садамавию начотбахши ва бартараф кардани окибатхои истифодаи номувофики объектхои энергияи атоми иштирок намудаанд, талаб намоянд.
  3. Шахсони вокеи ва хукукии гунахкори истифодаи номувофики объектхои энергияи атоми ухдадоранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон зарари ба замин, об, олами набототу хайвонот расонидашуда, аз чумла харочоти рекултиватсияи замин ва баркарорсозии хосилхезии табиии заминро чуброн намоянд.

 

Моддаи 24. Тадбирхо оид ба химояи ичтимоии шахрвандон дар манотики чойгиршавии дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия ва махалхои нигохдории онхо

Шахрвандоне, ки дар худуди манотики мушохидаи дастгоххои ядрои, манбаъхои радиатсия ё махалхои нигохдори истикомат мекунанд, кору фаъолият анчом медиханд ё хизмати харби адо мекунанд, ба чуброни ичтимоию иктисоди барои омилхои иловагии хавф ё барои шароити махсуси истикомат, анчом додани кору фаъолият ё адои хизмати харби хукук доранд. Навъ, андозаи чубронхои мазкур ва тадбирхо оид ба хифзи ичтимоии шахрвандонро дар вобастаги аз навъ ва тавсифи амнияти объекти истифодаи энергияи атоми санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд. Тартиби пешниходи чубронхои мазкур ва тадбирхо оид ба хифзи ичтимоии шахрвандонро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар месозад.

Боби 6.  Мукаррароти  хотимави

 

Моддаи 25. Санадхои хукукии байналмилали дар  сохаи истифодаи энергияи атоми

Агар мутобики санадхои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро  эътироф кардааст, назар ба он меъёрхое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба истифодаи энергияи атоми мавчуд аст, меъёрхои дигар мукаррар шуда бошад, дар ин сурат меъёрхои санадхои байналмилали истифода мегарданд.

Моддаи 26. Чавобгари барои вайрон намудани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки ба вайрон кардани Конуни мазкур рох медиханд, мутобики тартиботи мукаррарнамудаи  конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                     Э.Рахмонов

               ш. Душанбе  9 декабри соли 2004

               № 69

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …