Главная / Гуногун / Истехсоли неруи барк дар Точикистон

Истехсоли неруи барк дар Точикистон

Истехсоли неруи барк. Дар нух мохи соли 2018 истехсоли  неруи  барк дар чумхури 14989,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нишондиханда нисбат ба хамин давраи соли гузашта 109,3 фоиз таъмин гардидааст.

Хамзамон истехсоли неруи барк дар чумхури бо арзиши пули 2490,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 107,2 фоизро таъмин гардидааст.

Аз чумла дар давраи хисоботи истехсоли неруи барк дар чумхури аз  чониби  ШСХК «Барки Точик» 12344,8 млн. кВт. соат, (нисбат ба хамин давраи соли гузашта 105,4 фоиз),  дар  ЧСК НБО «Сангтуда-1» 1867,8 млн. кВт.соат (138,8 фоиз), ЧСК НБО «Сангтуда-2» 649,4 млн. кВт. соат (126,3 фоиз), ЧСК «Помир-Энерчи» 127,4 млн. кВт. соат (99,2 фоиз) таъмин гардидааст.

Сабаби кохиши истехсоли неруи барк дар ЧСК «Помир-Энерчи» ин гарм омадани обу хаво дар давраи хисоботи мебошад.

Чихати ба рох мондани фаъолияти самаранок дар самти истехсол ва истифодабрии неруи барк вусъат бахшидани корхо дар доираи лоихахои «Тачдиди НБО-и Норак», «Тачдиди НБО-и Кайроккум» ва  лоихаи  «CASA-1000» зарур арзёби мегардад.

Хачми истехсоли энергияи гарми дар давраи хисоботи ба 332,1 хазор Гкал баробар шуда, нисбат ба хамин давраи  соли гузашта дар хачми 105,9 хазор Гкал зиёд ва дар сатхи ё 146,8 фоиз таъмин гардидааст.

Оид ба чараёни ичрои карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вакт омода намудани сохахои иктисодиёт ва ичтимоиёти чумхури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоху зимистони солхои 2018-2019»

Соли чори аз чониби Вазорати рушди иктисод ва савдо дар асоси банди 2 карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 29 декабри соли 2017, №586 «Дар бораи Накшаи кори Хукумати Чумхурии Точикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» лоихаи карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи сари вакт омода намудани сохахои иктисодиёт ва ичтимоиёти чумхури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоху зимистони солхои 2018-2019» тахия ва бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 27 марти соли 2018, №147  ба тасвиб расидааст.

Чихати ичрои карори мазкур аз чониби 29 вазорату идорахо ва 17 макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхои тобеъи чумхури чихати тайёри ба давраи тирамоху зимистони солхои 2018-2019 ситодхои фаври таъсис ва накшаи чорабинихо тасдик гардидаанд.

Максади карори мазкур ин муайян намудани супоришу тадбирхо вобаста ба халли масъалаи омодагии сохахои иктисодиёт ва ичтимоиёти чумхури ба мавсими тирамоху зимистони солхои 2018 – 2019 мебошад, ки дар 4 банд ва 44 зербанди Накшаи чорабинихо мухлати ичрои онхо ва макомоти ичрокунанда ба таври мушаххас нишон дода шудааст.

Бояд кайд намуд, ки чихати гузаронидани мониторинги дакики ичро ва арзёбии чорабинихои Накшаи карори мазкур он ба чор давра, яъне омодаги барои ичрои Накшаи чорабинихо, тасдики накшахо барои омодаги ба давраи тирамоху зимистон, чорабинихо чихати омодаги ба давраи тирамоху зимистон, истифодаи захира ва корхои анчомдодашуда тибки накша таксим карда шудааст.

Хамзамон Вазорати рушди иктисод ва савдо чихати ичрои зербанди 3.25 Накшаи чорабинихои карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вакт омода намудани сохахои иктисодиёт ва ичтимоиёти чумхури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоху зимистони солхои 2018-2019» фармоиши  вазорат аз 5 сентябри соли 2018, №62-ро ба тасвиб расонида, аз 1 то 10 октябри соли 2018 ба вилоятхо ва шахру нохияхо гуруххои кории вазорату идорахо барои гузаронидани мониторинги ичрои саривактии Накшаи чорабинихои карори мазкур сафарбар гардидаанд.

Дар ин росто корхои анчомдодашуда давра ба давра арзёби гардида, мониторинги мунтазами он ба рох монда мешавад ва аз натичааш дар мухлатхои мукарраршуда ба Хукумати чумхури гузоришхо пешниход мегарданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …