Главная / Чамъият / Истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2003, №4, мод.131; соли 2007,  №5, мод. 368; Конуни ЧТ аз 03.07.2012с., №873)

 БОБИ I. КОИДАХОИ УМУМИ

 Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур асосхои хукукии истехсол ва муносибати эхтиёткоронаро бо пеститсидхо, аз чумла бо моддахои таъсирбахши онхо ва хамчунин бо агрокимиёхо бо максади хифзи сихатии одамон ва мухити зист, мукаррар менамояд.

pesticidho

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:

Пеститсидхо – моддахои кимиёви ё биологи мебошанд, ки барои мубориза бар зидди организмхои зараррасон (касалихои растани, алафхои бегона, микроорганизмхо, ки сабабгори талафи махсулоти  кишоварзи ва масолех, паразитхо, пахнкунандагони касалихои одам ва хайвонот мебошанд), инчунин барои пеш аз гунучин резонидани барги растани (дефолиантхо), барои пеш аз гунучин хушконидани растани (десикантхо), барои дур кардан, чалб кардан ва тамъизкунии хашаротхо таъин гардидаанд;

агрокимиёхо – нурихо, мелиорантхои (гизодорухои) кимиёви, иловахои гизои, ки барои сабзишу инкишофи растани, танзими хосилхезии хок ва хуроки чорво заруранд;

моддаи таъсирбахши пеститсид – чузъи аз чихати биологи фаъоли пеститсид, ки дар шаклхои гуногун истифода кардани он чун захр ба ин ё он хели организмхои зараровар, ё худ чун дору ба инкишоф ва нашъунамои растани таъсир мерасонад;

ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо ва агрокимиёхо  бакадйдгирии пеститсидхо ва агрокимиёхо, ки дар асоси он макоми махсуси ваколатдори давлати пеститсидхо ва агрокимиёхоро бо рохи гузаронидани санчишхои кайдшавандаи лаборатори ва тачрибахои сахрои ба кайди давлати мегирад, ба истехсол, истифода, фуруш, кашонидан, нигох доштан, нобуд кардан, реклама кардан, ворид намудани пеститсидхо ва агрокимиёхо ба чумхури ва содир кардани онхоро аз чумхури, ичозат медихад;

дастури истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо – талабхои хатми оиди шароит ва тартиби истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо;

тахиякунанда – шахси вокеи ё хукукие, ки пеститсидхо, ё агрокимиёхоро кор карда мебарорад, коршоями, хосиятхои захрноки ва ба мухити зист таъсир доштан ё надоштани онхоро тахкик, мекунад;

тайёркунанда – шахси вокеи ё хукукие, ки истехсоли пеститсидхо ва агрокимиёхоро амали мегардонад;

вазъи фитосанитари – холати замин, чангал ва наботот, ки бо микдори хашароти зараррасони растани, пахншавии касалихои растани ва мавчуд будани алафи бегона, муайян карда мешавад;

мониторинги фитосанитари – пешгуи ва мукаррар кардани хадди эхтимолии пахншави, микдор, суръати инкишоф ва зарароварии организмхо.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон оиди истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Конунгузории Чумхурии   Точикистон   оиди истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, ки вобаста ба он кабул карда мешаванд, инчунин аз санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Мавриди муомилот карор додани пеститсидхо ва агрокимиёхо

Пеститсидхо ва агрокимиёхои аз кайди давлати гузаштаро, ки барои дар худуди Чумхурии Точикистон озодона фурухтан ё худ бо усулхои дигар аз як шахс  ба  шахси дигар додан, мумкин аст.

Пеститсидхо ва агрокимиёхое, ки ба Фехристи давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхои дар каламрави Чумхурии Точикистон ичозатдодашуда дохил нагардидаанд, мавриди муомилот карор додан, манъ аст.

Муомилоти пеститсидхои истифодаашон махдуд, ки дар натичаи тахкикоти кайдшаванда эхтимолияти ба саломатии одамон ва мухити зист таъсири манфи расонданашон мукаррар гардидааст, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мавриди муомилот карор дода мешаванд.

 

 

БОБИП.  САЛОХИЯТИ  ХУКУМАТИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА МАКОМИ МАХСУСИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ ДАР  СОХАИ ИСТЕХСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭХТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДХО ВА АГРОКИМИЁХО

 

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо дохил мешаванд:

пешбурди сиёсати ягонаи давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткоронабопеститсидхо ва агрокимиёхо;

кабули санадхои меъёрию хукуки дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо;

амали гардонидани назорати давлатии ичрои конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо;

муайян намудани макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо;

ба рох мондани хамкории байналмилали дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо.

 

Моддаи 6. Салохияти макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо дорои салохиятхои зерин мебошад:

ташкили озмоишхои кайдшаванда, экспертизаи натичаи озмоишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо, ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо ва агрокимиёхо;

ташкили корхои стандартикунони ва сертификатсиякунонии пеститсидхо ва агрокимиёхо;

амали гардонидани дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

 

БОБИШ. ИДОРАИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ИСТЕХСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭХТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДХО ВА АГРОКИМИЁХО

 

Моддаи 7. Идораи давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Идораи давлатиро дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо Хукумати Чумхурии Точикистон бевосита ё худ ба воситаи макоми махсуси ваколатдори давлати амали мегардонад.

Макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхова агрокимиёхо мутобики низомномаи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон фаъолият мекунад.

 

Моддаи 8. Ташкили санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо

Санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхоро макоми махсуси ваколатдори давлати мутобики низомномаи тасдиккардаи Хукумати Чумхурии Точикистон ташкил менамояд.

 

Моддаи 9. Санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо

Санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо барои тайёр кардан ва асоснок намудани дастури истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо гузаронида мешаванд. Дастури мазкур истифодаи самарабахши пеститсидхо, агрокимиёхо ва бехатарии онхоро барои саломатии одамон ва мухити зист таъмин менамояд.

Санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхоро шахсони хукукие амали менамоянд, ки барои ин заминаи илми ва моддию техники дошта, мутахасисони сохавии дорои маълумоти дахлдор доранд ва аз тарафи макоми махсуси ваколатдори давлатии, ки ташкили санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо дар зиммаашон аст, ба гузаронидани ин санчишхо рох  дода шудаанд.

Санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо аз амалхои зерин иборатанд:

муайян кардани истифодаи самараноки пеститсидхо ва агрокимиёхо ва тартиб додани низомномаи истифодабарии онхо;

баходихии хавфи таъсири манфии пеститсидхо ва агрокимиёхо ба саломатии одамон ва тартиб додани меъёрхои санитарию гигиени;

баходихии экологии дастури истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо;

экспертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо.

Шахсоне, ки барои бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо дархост додаанд, вазифадоранд:

Намунахои пеститсидхо ва агрокимиёхоро барои санчиши кайдшавандаионхо бепул пешниход намоянд;

харочоти санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхои дархостшударо пардохт кунанд.

 

Моддаи 10. Экспертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо

Экспертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо ичрои амалхои зайлро дар бар мегирад:

экспертизаи экологии давлатии натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидховаагрокимиёхо аз чониби макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист;

экспертизаи токсикологи – гигиени, ки аз чониби макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи назорати давлатии санитарию эпидемиологи гузаронида мешавад;

экспертизаи дастури истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо, ки макоми махсуси ваколатдори давлати ташкил карда, санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхоро ба рох мемонад.

Тартиби гузаронидани эксиертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Принсипхои экспертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо

Экспертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхобо принсипхои зерин асос меёбад:

хатман гузаронидани он;

аз чихати илми асоснок будани хулосахои он;

мустакилияти экспертхо дар мавриди ичро намудани ваколатхои худ;

таъмини махфияти маводиба экспертизаиэкологи пешниходшаванда; (КЧТ аз 03.07.2012с., №873)

пулаки гузаронидани он.

Мухлати гузаронидани экспертиза набояд аз дах мох зиёд бошад.

Шахсони вокеи ва хукукие, ки барои аз кайди давлати гузаронидани пеститсидхо ва агрокимиёхо дархост додаанд, хамчунин тахиякунанда хукуки дар экспертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо иштирок карданро надоранд.

Аз хулосаи экспертизаи натичаи санчишхои кайдшавандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Тартиб ва ташкили гузаронидани экспертизаи натичаи санчишхои пеститсидхо ва агрокимиёхоро макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчиши кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхоро ташкил менамояд, муайян мекунад.

 

Моддаи 12. Ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо ва агрокимиёхо

Пеститсидхо ва агрокимиёхоро макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии онхоро ташкил менамояд, дар асоси хулосаи экспертиза ба мухлати ду сол дар мавриди зарурати гузаронидани тадкикоти иловаги аз руи таъсири манфии онхо ба саломатии одамон ва мухити зист ба кайди давлати мегирад. Дар холатхои дигар пеститсидхо ва агрокимиёхо ба мухлати дах сол ба кайди давлати гирифта мешаванд.

Бакайдгирии пеститсидхо ва агрокимиёхо то ба охир расидани мухлати нишондодашуда хангоми пайдо шудани маълумотхои нав дар бораи хавфнокии онхо, бекор карда ё  боздошта  мешавад.

Тартиби ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо ва агрокимиёхоро макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхоро ташкил менамояд, мукаррар мекунад.

Ба шахсони вокеи ва хукуки бо карори макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхоро ташкил менамояд, шаходатнома дар бораи кайди давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо дода мешавад. Шакли чунин шаходатномаи бакайдгириро макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчишхои кайдшаванда ва ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо ва агрокимиёхоро ташкил менамояд, мукаррар мекунад.

Пеститсид ё агрокимиёхое, ки барои истифодабарии онхо дар худуди Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, ба Фехристи давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо дохил карда мешаванд.

Фехристи давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхои истифодаашон дар худуди Чумхурии Точикистон ичозат додашударо. макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчишхои кайдшаванда ва ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо на агрокимиёхоро ба рох мемонад, тартиб медихад.

 

Моддаи 13.  (Хорич карда шуд бо К ЧТ аз 12.05.07с  №263)

 

Моддаи 14. Стандартикунони ва сертификатсиякунонии пеститсидхо ва агрокимиёхо

Истехсоли пеститсидхо ва агрокимиёхо мутобики стандартхо ва дигар хуччатхои меъёрии бо маккоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо мувофикашуда, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик гардидааст, ба рох монда мешавад.

Пеститсидхо ва агрокимиёхо оиди мутобик буданашон ба талаботи муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо бо тартиби мукаррарнамудаи макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчишхои кайдшаванда ва ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо ва агрокимиёхоро ташкил менамояд, сертификатсия карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Назорати давлати оиди истехсол ва муносибати зхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Назорати давлати оиди истехсол ва   муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхоро макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститисидхо ва агрокимиёхо амали мегардонад.

Тартиби ба рох мондани назорати давлати оиди истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

 

БОБИ IV. ТАЛАБОТИ УМУМИ ОИДИ ИСТЕХСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭХТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДХО ВА АГРОКИМИЁХО

 

Моддаи 16. Кор карда баромадани пеститсидхо ва агрокимиёхои нав

Хангоми кор карда баромадани пеститсидхо ва агрокимиёхои нав бояд шароити мехнат, тарзи хифзи саломатии одамон, мухити зист ва усулхои назорати дар ин соха истифодашаванда, ки онхо хавфу хатари ба саломатии одамон ва мухити зист таъсири манфи расонидани пеститсидхо ва агрокимиёхоро пурра аз байн мебаранд ё худ ба хадди камтарин паст мекунанд,  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон истифода бурда шаванд.

Тахиякунанда вазифадор аст хосиятхои захрнокии пеститсидхо ё агрокимиёхои хосилшударо чихати таъсирнокиашон ба мухити зист барои таъмини тадбирхо оиди муносибати эхтиёткорона бо онхо, тахкик, намояд.

 

Моддаи 17. Маълумот дар бораи муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Бо максади истифодабарандагонро таъмин намудан бо маълумот дар бораи муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо шахсоне, ки аз кайди давлати гузаронидани пеститсидхо ва агрокимиёхоро дархост кардаанд, хангоми ба кайди давлати гирифтан дар бораи кашонидан, истифода ва нигохдошти пеститсидхо ва агрокимиёхо. хамчунин тамгакогази борчомаи дорои аломату нишони огохони, тавсияномахо пешниход мекунанд.

Талаботро нисбати шаклу тартиби тасдики тавсияномахои кашонидан, истифода ва нигохдошти пеститсидхо ва агрокимиёхо, хамчунин нисбати тамгакогази борчома макоми махсуси ваколатдори давлати, ки санчишхои кайдшаванда ва ба кайди давлати гирифтани пеститсидхо ва агрокимиёхоро ташкил менамояд, мукаррар мекунад.

Хангоми фурухтани пеститсидхо ва агрокимиёхо фурушанда вазифадор аст. ба хар кадом зарфи дорои пеститсидхо ё агрокимиёхо тавсияномаи истифода, кашонидан ва нигохдошти пеститсидхо ва агрокимиёхо, хамчунин тамгакогази борчомаро таъмин намояд.

Рекламаи пеститсидхо ва агрокимиёхои аз кайди давлати нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 18. Истехсоли пеститсидхо ва агрокимиёхо

Тайёркунандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо вазифадор аст:

истехсоли пеститсидхо ва агрокимиёхоро мутобики хуччатхои меъёри таъмин намояд;

пеститсидхо ва агрокимиёхоро дар халта, кутти ва зарфхои барои истифодабарандагон кулай чой намояд, аз он чумла барои савдои чакана барорад;

асбобхои тахлилиро, ки ба воситаи онхо камтарин микдори пеститсидхо ва агрокимиёхо дар таркиби махсулоти кишоварзи, ашёи хоми дорувор, озука ва мухити зист назорат карда мешавад, таъмин намояд;

агар истифодаи безарари пеститсидхо ва агрокимиёхо хангоми ичрои тавсияхо оиди истифода, кашонидан ва нигох доштани онхо ё хангоми риояи махдудиятхо чихати истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо имконнопазир бошад, фуруш ва истифодаи онхоро катъ карда, партов намудани чунин пеститсидхо ва агрокимиёхоро ба рох монад.

Истехсоли пеститсидхо ва агрокимиёхои аз кайди давлати нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 19. Нигох доштани пеститсидхо ва агрокимиёхо

Нигохдории пеститсидхо ва агрокимиёхо дар анборхои махсусе, ки танхо бароинигохдоштани онхо таъин гардидаанд, ичозат дода мешаванд.

Пеститсидхоро бе зарф нигох доштан манъ аст.

Хангоми нигох доштани пеститсидхо ва агрокимиёхо коидахоеро риоя кардан зарураст, кирасонидани зарарро ба саломатии одамон ва мухити зист пешгири менамоянд.

Коидахои нигох доштани пеститсидхо ва агрокимиёхоро макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи муносибати эхтиёткоронабо пестититисидхо ва агрокимиёхо,   мукаррар менамояд.

 

Моддаи 20. Кашонидани пеститсидхо ва агрокимиёхо

Пеститсидхо ва агрокимиёхоро танхо бо воситахои наклиёти махсус тачхизонидашуда кашонидан мумкин аст.

Хангоми кашонидани пеститсидхо ва агрокимиёхо талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва коидахои аз тарафи макоми махсуси ваколатдори давлати мутобики онхо нашршаванда, ки таъсири манфии пеститисидхо ва агрокимиёхоро ба саломатии одамон ва мухити зист бартараф мекунанд, хатман риоя кардан зарур аст.

 

Моддаи 21. Ба Чумхурии Точикистон ворид ва аз он содир намудани пеститсидхо ва агрокимиёхо

Пеститсидхо ва агрокимиёхо бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ва дар холати мавчуд будани шаходатномаи кайди давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо, ки макоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститисидхо ва агрокимиёхо медиханд, ба чумхури ворид ва аз он содир карда мешаванд.

Дар шартномахои хариду фуруш ва кашонидани пеститсидхо ва агрокимиёхо бояд шарти мавчуд будани шаходатномаи кайди давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо, ки макоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санчишхои кайдшаванда ва бакайдгирии давлатии пеститисидхо ва агрокимиёхо медиханд, пешбини шуда бошад.

 

Моддаи 22. Истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо

Тартиби истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхоро макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо бо назардошти вазъи фитосанитари, санитарию экологи, талаботи растанихо ба агрокимиёхо, холати хосилхезиихок ва хамчунин бо назардошти таркиби хуроки хайвонот, муайян мекунанд.

Бехатарии истифодаи пеститисидхо ва агрокимиёхо бо риояи дастурхои мукарраргардида ва коидахои истифодабарии пеститсидхо ва агрокимиёхо, ки таъсири манфии онхоро ба саломатии одамон ва мухити зист бартараф мекунанд, таъмин карда мешавад.

Пеститсидхо ва агрокимиёхоро танхо бо истифодаи техникаю тачхизоти махсус истифода бурдан мумкин аст.

 

Моддаи 23. Хариду фуруши пеститсидхо  ва  агрокимиёхо

Шахсони вокеи ва хукукие, ки ба савдои яклухт ва чакана машгуланд, хукук доранд пеститсидхо ва агрокимиёхоеро, ки аз кайди давлати гузашта, дар Фехристи давлатии пеститсидхо ва агрокимиёхо дохил шудаанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон,киистифодаашон дар худуди чумхури ичозат дода шудааст, хариду фуруш намоянд.

Пеститсидхои истифодаашон махдудро танхо шахсоне, ки маълумоти махсуси касби доранд, фурухта метавонанд.

 

Моддаи 24. Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гуронидани пеститсидхо ва агрокимиёхои корношояму истифодаашон манъшуда ва зарфхои онхо

Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гуронидани пеститсидхо ва агрокимиёхои корношояму истифодаашон манъшуда, инчунин зарфхои онхоро кормандоне, ки маълумоти махсуси касби доранд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох мемонанд.

Тарзу усулхои нобуд кардани пеститсидхо ва агрокимиёхои корношояму истифодаашон манъшуда, хамчунин зарфхои онхоро тайёркунандагони пеститсидхо ва агрокимиёхо бо мувофикаи макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист ва макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи назорати давлатии санитарии эпидемиологи тахия мекунанд.

 

Моддаи 24Хифзи махфияти иттилооти дорои маълумот оид ба пеститсидхо ва агрокимиёхо

Бо максади хифзи иттилооти махфии дорои маълумот оид ба пеститсидхо ва агрокимиёхо, дорандаи он хукук дорад, чихати хифзи иттилооти махфи, инчунин тартиби ба шахсони сеюм ошкор кардани он тадбирхо андешад.

Махфияти иттилооти махфи дорои маълумот оид ба пеститсидхо ва агрокимиёхоро дорандаи он дар сурати мукарар менамояд, ки иттилооти мазкур:

иштифодааш махдуд ва маълум ба умум нест;

дорои арзиши тичорати мебошад.

Низоми махфияти иттилоот мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри тичоркати мукарар карда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №873)

 

БОБИ V. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 25. Халли бахсхо хангоми фаьолият дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Бахсхое, ки хангоми фаъолият дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо ба амал меоянд, аз тарафи суд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

 

Моддаи 26.Чавобгари барои вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо

Шахсони вокеи ва хукуки, ки конунгузориро дар сохаи истехсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидхо ва агрокимиёхо вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                           Э. РАХМОНОВ

             ш. Душанбе 

22 апрели соли 2003

             №1

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …