Главная / Гуногун / Исёни аскар

Исёни аскар

– Холаи Гулмох!

– Ха… Чи мегуи?

– Э тезтар бароед, Раис худои дода истодааст. Худои…

– Худои? Чи хел худои?

– Хафти бародараш. Шаш дег ош мондааст. Боз мегуянд, ки кабку мохи хам мепазанд.

Гулмох дар махалла аз хама камбаѓал буду ягона такягох – хамсараш се мох пеш аз олам чашм пушида. Маоши аз фарроши ба даст омада ночиз бошад хам, уро аз мурдан нигох медошт. Ва холо аз сухани духтари хамсоя ба димоѓаш буи ош расиду хамчун нилуфар аз тулуи офтоб кушода шуд.

– Наход! – нидо дардод Гулмох ва чизе ба хотираш заду ба тааччуб омад. – О аз руи конун хафт додан мумкин не-ку? Боз имруз чумъа, рузи кори-ку?

Духтари хамсоя аз соддагии холаи Гулмох завк бурд.

– Э ин кадар “ку-ку” кардед? – гуфт у хандида. – Фаромуш кардед, ки у мансабдор. Аз тарафи дигар ба мо чи, ош хурем шуд-да.

Дар хамин лахза садои хафифи модари бемораш ба гушаш расид.

– Модарчон, чи шуд ба шумо?

– Ош гуфтед? Ки ош пухтааст? Ошро шунидаму дилам гум зад. Хеле шуд, ки ош нахурдаам.

Дили Гулмох сахт ба тапиш даромад. Чашмонаш сиёхи заданд.

– Раис худои дода истодааст.

– Худо хайрашро дихад, – дар руи кампир хушхолии заифе давид.

Зери айвоне, ки дар майдончаи кудакон махсус сохта буданд, дар таги дах дег алов месухт. Оши палав, кабоб мепухтанд.

Чавони тануманде сари рохи Гулмохро баст ва ба у нигохи пурхашмонае афканда, бо зарда пурсид:

– Ту кисти?!

– Ман? – мутахайирона ба у дида духт. – Ман хамсоя.

– Туро касе даъват кард?

– Не… О ин худои-ку? – дар хайрат монд Гулмох.

Бузбала ба у зехн монда баъд хандид. Сипас бо истехзо гуфт:

– Худои баро хамсояхои фиси бини не, барои калонхо. Фахмиди?

– Шухи намекунед, рост мегуед? – нобоварона ба руи бузбала нигох кард Гулмох.

– Фахмиди, чи гуфтам?! – дод зад бузбала уро тела дода. Табакча аз дасташ ба замин афтида, пора-пора шуд.

Гулмох охувохкунон хам шуда, порахои табакро чамъ овард ва сипас гуфт:

– Бубахшед…

Хамсояхои камбизоат хайрону лол, аз дур маъракаро тамошо карда, лаб мелесиданд. Тамошо накарда чи кор хам мекарданд.

Хаво хеле хунук. Боди сард мевазид. Ва чун сузан ба тан мехалид. Аммо одамони бисёр миён баста дар хизмат буданд, чоннисори мекарданд.

Яке бо хасад гуфт:

– Хешу табори бисёр доштааст.

Дигари бо асабоният гуфт:

– Хеш-пеш надорад!

Якуми бо хайрат пурсид:

– Пас, инхо кистанд?

Дигари бо хамон оханг чавоб дод:

– Хешу табори мансабаш!

Бале, ин гап дуруѓ набуд, рост буд. Хамаи он одамон хешу табори мансаби Раис буданд. Рузи саги сиёхро доштанд. Аммо илоч надоштанд. Ботинан аз худ норизо, Раисро дашном медоданд. Хаёли осуда надоштанд. Дар тарсу харос буданд. Худо нишон надихад, ки Раис ранчад, дилмонда шавад. Кинагир, дилсиёх аст. Аз ин ру, хар яке харакат мекард, ки садокати худро намоиш дихад.

Яке ба дигаре гуфт:

– Диди?

– Мебинам. Кур нестам-ку.

– Чиро мебини?

– Маъраи пурдабдабаро.

– Зохирбин будаи. Ман конуншиканиро дар назар дорам.

Вай бо дили пурхарос чавоб дод:

– Не-ку, ман хеч чизро намебинам.

Дигарон хам хамин чавобро доданд.

– Чиноят рупуш шавад мегуед?

– Э, мемони, ки ба хамин холи бечорагиамон сихату саломат гардем.

– Барои ин махсус ташкилот хаст, маош мегиранд, бигузор чора бинанд.

– Ха, рост, ба мо чи?

Вай як охи сарди чукуре кашиду гуфт:

– Ха-а, як кудак лозим аст.

– Кудак? Чи хел кудак?

– Магар латифаи “Подшохи урён”-ро нашунидаи? Набошад, гуш кун. Подшохе будааст, бисёр аблах. Ду каллоб аблахии уро истифода бурда, уро бовар кунондаанд, ки аз хавои одди барои у матои харири нозук ва махин, ки онро кас ба чашм дида наметавонад, мебофанд. Ба тавраш бофтаанд ва аз он барои подшох либос духтаанд. Вакте ки подшох он либоси набударо пушида, ба назди дарбориёнаш мебарояд, онхо ба хазору як таърифу тавсиф уро муборакбод мекунанд, ки “Чи хел харири оличаноб, чи хел либоси чонона, духташ чи сон зебо ва ба каду комати подшох чи гуна шинам ва зебанда!” Дар миёни дарбориён кудаке будааст, ки подшохро урён дида, “О подшох луб-лучаст-ку!” гуфта хитоб кардааст.

– Ха-а, ачиб.

– Ана хамин хел як кудаке мебояд, ки дар риояи расму оини адолату инсоф ва конуну додгари сахмгузор бошад.

– Оча!

Холаи Гулмох як кад парид.

– И-и, писарам, ту аз дарс гурехти?

– Не, дарс нашуд, – чавоб дод Аскар. – Муаллим ба хонаи Раис рафта будааст.

– Мухобот накун, писарам.

– Мухобот не, оча… Хо, ана нигох кунед, муаллим дар назди самовор, чой дам мекунад.

– Ха, рост, – овоз дод модар. – Директори мактаб хам дар хизмат.

– Не, вай муовини раиси нохия аст. Директори мактаб хезум майда карда истодааст. Оча, Раис чи маърака дорад?

– Хафти бародарашро дода истодааст.

– Хафт, хафт?!

Вай охи вазнин кашиду гуфт:

– Ха, хафт.

Чанд фурсат вай харфе назад. Аммо руяш тааччуб ва тахайюри уро ифода мекард. Дили у дар талотум буд.

– Чаро маро фиреб кардед? – бо зарда ва нигохи оташбор пурсид Аскар.

Ин суоли писар модарро ба як холати ногувор андохт.

– Бачам, чи гап шудааст? Ягон кас туро ранчонд? Чи вокеа руй дод? Бигу, чи гап?

– Чаро ба ман дуруѓ гуфтед? Чаро хафти падарамро нагирифтед? Рухи падарамро ранчондед?

Модарро гуё кувваи барк зад. Таконе хурду ба руи писар нигарист. Нигаристу аз чашмони ѓамгинаш ду катра ашк ба мисли ду дона марчон аз нуги мижгонхояш канда шуда, ба ду рухсораш шориданд.

– Ха-а, фахмидам. Дилатон ба пулатон сухт. Пулро аз падарам боло донистед.

Модар фурсате сукут карда, маюс ба гар даромад:

– Писарам… Гуш кун… Гумон баъзан… Чи гуям? «Гумон аз имон чудо мекунад», мегуянд. Худат шохид буди-ку. Раиси махалла омад, Конунро нишон дод. «Мумкин не, чазо дорад» гуфт. Ба ёд биёр.

Ха, ба ёд овард ва беихтиёр садо дар дод:

– Номард!

Модар хайрону парешон ва бо изтироб ба писараш нигарист:

– Ки номард?

– Раиси махалла.

“Эй палид! Ту табиатан бадтинат хасти! На инсоф дориву на диёнат. Ба бемансабон «Конун, мумкин не» мегуию ба мансабдорон бошад, хизматгори. Холо у хеле серкору сертараддуд буд. Ду даст пеши бар мехмонхоро “Хуш омадед!” мегуфт, пазирои мекард. Вобаста ба мансабашон ба хонахо таксим менамуд. Бо фармоиши у назди онхо чой, дар табакхо ошу кабоб медароварданд. Мулло хам аз бари боло, гулу даронда оят мехонад”.

– Эй Худочон! – нидо дардод у ва хис кард, ки косаи сабру бовари бар санг зада, пора-пора мешавад.

Модар бо остин чашмонашро пок кард.

– Хе, содда! Ту тамоман аз сиёсат бехабар хасти. Хазл не, охир! Вай вазифа дорад. Хар кор карда метавонад. Холо давр даври у, Худо ба у додааст.

– Ба худододагон ситеза макун, ки худододагонро Худо додааст, – гуфт зани дигаре ва дар чехрааш истехзои нафратомез падид омад. – Фахмиди? Ситеза накун!

Гуё як куза оби сард ба сари у рехтанд. Дилаш хунук шуд. Оламро сарди гирифт. Ях баст хама чо.

Магар ба Раис Худо дода буд?

Номи аслии Раис Санг бошад хам, дар бачаги хама уро Кал ном мебурданд. Зеро кал буд. Коматаш миёна. Руяш доѓи кунчитак дорад. Дар кудакиаш “гул” гирифта буду дар зиндаги руи хуш надида. Хануз яксолагиро пур накарда, аз падар махрум шуд. Ва у монду бародараш Кулух ва модараш Хасмох. Хамеша дар забони модар калимаи Худо буд.

– Чаро ин кадар Худо мегуед?

– Бепанох ба ѓайр аз Худо боз ба ки панох бурда метавонад?

Ха, ѓайри Худо мутаккое надошт, модар. Худаш буду ду чучаи гирёнаш. Хаёти худро ба онхо бахшида буд. Вай акнун танхо барои онхо зиндаги мекард.

– Чаро мо камбаѓалем?

– Хамаи ин хости Худост, писарам, – бо андух мегуфт модар. – Агар бахт медоштед, падаратон зинда мемонд.

Кулух пас аз мактаби миёна ба донишгох нарафт, дар деха монд, дехкон шуд. Санг бошад, мактаби миёна ва донишгохи варзишро бо пули ночизе, ки модараш аз фарроши ва бародараш аз дехкони ба даст меоварданд, хатм намуд. Дар шахр монда, муаллими тарбияи чисмони шуд. Одати хабаркаши ва иѓвогари дошт. Аз ин ру, Калбуз лакаб гирифт. Чанд бор шатта хурд, аммо дигар нашуд. Нихоят карор шуд, ки уро аз мактаб биронанд. Гиряву зора кард, бо хохиши худ чавобаш доданд.

Чанд руз назди бинои вазорате тор танид. Нихоят чашми Вазир ба у афтид.

– Эй, саѓира, ту кисти?

– Ман? – тааччуб кард Калбуз. – Ман одам.

– Мебинам, ки одами. Дар ин чо чи кор мекуни? Аз афташ ягон касди бад дори. Дузди чи бало!

– Гумони бад накунед, амак, – бо табассум гуфт у. – Ман кор мекобам.

– Чи хунар дори?

– Хунари муштзани.

– Муштзани?! – хандид масхараомез Вазир.

– Нахандед, – гуфт у. – Муштам филро меафтонад.

– Наход? – Вазир ба андеша рафт ва сипас уро хамчун нигахбон ба кор гирифт.

Калбуз дили духтари сабукпои Вазирро ёфту бо у хонадор гардид. Ва сохиби мансаб шуд. Орзуяш хамин буд. Акнун бо викор, сараш ба осмон, фукаш чухт, ѓолибона кадам мемонд.

Баъдтар овоза пахн кард, ки чияни фалон мешавад. Бисёрихо бовар карданд. Охир, хеши фалон набошад, сохиби мансаб мешавад? У бошад, руз то руз аз худ мерафт. Шоир бехуда нагуфта будааст: “Ё раб, мабод, ки гадо муътабар шавад, Чун муътабар шавад, зи Худо бехабар шавад”.

Хамин худобехабариаш бародарашро курбон кард.

 

*      *      *

 

Хафт руз пеш бародараш Кулух ба идорааш омад. Ёрдамчии Раис шубха накард, зеро онхо монанд буданд. Баракс хурсанд шуд.

– О-о… фарзанди падар! Чи хуб! Бехуда намегуянд, ки касе бародар надорад, дар руи замин болу пар надорад.

Ва уро ба хузури Раис даровард.

– Бародар, чи хол дори?

Раис дар ѓазаб шуда, хун ба сараш зад.

– Ту кисти? Чаро омади? Чи мехохи?

Бародар ибтидо бовар накард. Хаёл кард, ки шухи мекунад.

– Додари азиз… ин… манам…

– Манам, манам! Ман туро намешиносам!

– Чи-и?! – вай аз тааччуб моту мабхут шуд. Тушаи дар миёнбанд печонида аз дасташ афтид. Ранг аз руяш париду чехрааш хокистари гардид. Акли худро аз даст дод. Дигар чи гуфтану чи пурсиданро намедонист.

Раис суи ёрдамчи бо карохат нигариста дод зад:

– Бадзот! Хар касу нокасро ба назди ман даровардан мегири?! Уро бадар кун ва нагузор, ки дубора кадамашро ба ин даргох гузорад.

Кариб буд, ки дили Кулух аз ѓаму андух торс кафад. Вай бехудона чанде гашту худро дар назди майхона дид ва ба он чо даромад. Барои аз яъсу навмеди халос шудан арак нушида маст шуд. Дар кучаи марказии нохия мерседеси шишахояш сип-сиёх уро зад. Дар руи рох чон дод. Ба Раис зуд ин хабари нохуш расид.

– Э, вой-е! Наход ки рост?!. Чи-и-и?!. Ронанда гурехт?! Ба кучо гурехт?! Чаро гурехт?! Кобед!.. Ёбед уро! Ёбед!!!

Вай хамаи корхоро як су гузошта, ба нохия шитобид. То у расид, ки ронандаро дошта оварданд. Раис рузи сиёхро ба сари у гардон кард.

– Ту, ту?! Ту котил! Ту азизи маро кушти! Ман дар бисотам як бародар доштам! Вай бародар не, бароям падар буд! Ту миёни маро шикасти! Ман туро худам мекушам, пуст меканам!

Ронанда аз тарс меларзид.

– Гап зан, гап зан!

– Айби ман не… Вай… вай маст буд…

Вай мушт руи миз фуроварда, дод зад:

– Дахонатро пуш! Сагбача! Дар махбас мепуси! Фахмиди?!

Замин якбора пеши назари ронанда давр заду зери пояш фуру рехт. Дилаш сахт зад, руи харак нишаст афгору бемадор.

– Очачон-е! – фарёд кашид.

– Э бар падари очаат лаънат! Занед палидро, занед уро!

Ва милисахо уро заданд. Ва боз заданд. Бозу боз… Нимкушта карданд.

– Падар дори?

Базур сар чунбонд.

– Равед, падарашро биёред! – ба милисахо амр кард Раис.

Ба ин хочат намонд. Вай бо пои худаш омад.

– Ассалом, ака, – назди Раис чоркад шуд.

– Ака нагуй! – дод зад Раис. – Як ака доштам куштед!

– Ака…

– Боз ака мегуи?! Дигар номи акара ба забонат нагир!

Падари ронанда сокит монд.

– Гап зан, чи мехохи? Барои чи омади? Номат чи?

– Номам Боймат. Хамон чувонимарг писари ман аст. Дар бисотам як писар дорам.

– Мемури тарбия куни?!

Ин суханхо чун намак бар чарохати тозааш расиданд.

– Ха, айби ман, камакак эрка кардам…

– Камакак не, аз хад гузаронди, ки дар хакки ман чабр кард. Акнун чонаш дар дасти Конун.

– Мефахмам, Конун зур аст. Лекин хазор зур бошад хам, он дар дасти шумо аст.

– Ман худам Конун хастам!

– Рост, рост. Шумо Конун хастед. Барои хамин омадам ки бо шумо маслихат кунам.

– Тезтар маслихат кун! – токати Раис ток шуда бо кахру ѓазаб ба Боймат ру овард. – Ман вакт надорам. Вакти ман киммат аст. Мефахми?!

– Мефахмам, маслихат ба шумо, чи ки гуед.

– Чи мехохи, ки…

– Ха, гуед, гушам ба шумо, – бетокат шуд Боймат.

– Ба ман чони писарат лозим.

Боймат як кад парида, безобита шуд.

– Чони писарам?

– Ха, магар намедони, ки хун ба хун гуфтаанд. Ман мардам, ору номус дорам. Агар касос нагирам, авлодам ба ман механданд.

Дили Боймат торик, сип-сиёх шуд. Вай фахмид, ки чон, хаёту мамоти яккаписараш сари киле овезон аст. Тарсу изтироб вучудашро фаро гирифт. Халкаш кок шуд.

– Мумкин аст об нушам? – ба тунги об, ки руи миз меистод, ишора кард.

– Ту чи, ташна монди?

– Ха.

– Хайр, майлаш, бинуш!

Сари миз омада ба истакон об рехту харисона ва бо ташначони нушид.

– Боз якто мумкин?

– Нуш!

Боз як истакон об нушид ва истаконро ба чояш гузошта нафасашро рост кард. Катрахои араки пешонаашро пок кард. Сипас ба Раис руй оварда, бо илтичо гуфт:

– Чони уро чи кор мекунед? Чонашро ба ман фурушед.

– Ба ту фурушам? – бо шунидани ин гап кариб изхори шодмони намуд Раис, вале дархол худро ба даст гирифт, чидди шуд. – Оё зурат мерасад?

– Чи кадар мехохед? Бигуед.

– Чи кадар медихи?

Боймат саросема даст ба чайбаш бурда, аз он бастаеро баровард.

– Ана мархамат хисоб кунед.

– Точики аст ё доллар?

– Ха, доллар, доллар. Холо ки бо точики гап мезанад.

– Рост. Чи кадар аст?

– Се хазор доллар.

– Чи-и?! Се хазор? Чи ту маро масхара мекуни? Бародари ман барои ту мошини “Некси”-и шалак аст?! Дах хазор доллар! Як тин кам не!

– Хуб шудааст, корро хобонед, мондагиашро худи хозир рафта меорам.

– Кавл медихи?

– Ха, мо мард, ака.

Раис часади Кулухро ба хонааш не, ба шахр овард. Хабари харом мурдани Кулух фавран ба хама маълум шуд. Хама дар дили худ шоди мекарданд, аммо ба сухан гуфтан чуръат надоштанд. Танхо “Баъд аз ин бояд ба худ биёяд” гуфта умед мекарданд. Аммо умедашон меваи ботил ба бор овард. Раис хатто мурдаи бародарашро хам ба фоидаи худ истифода бурд. Чанозаи бошукухе барпо кард. Лифофаборон шуд. Хар касе, ки меомад, уро ба оѓуш мегирифт ва лифофаро ба баѓалаш метикконд.

 

*      *      *

 

– Ана Раиси танзими расму оинхои нохия омад. Ба Раис коѓазеро дод. Аз афташ чазо медихад, чарима мебандад.

– Хести, ки хоби! Ба Раис лифофа дод.

– Чи хел лифофа?

– Конверт.

– Ха-а. Шояд дар дохили он карори чазо бошад?

– Гапатро бин-а! Дар он пул аст, пул.

Бале, Ализода ба Раис лифофаи пулдор дода:

– Ин аз коллективи мо, – гуфт.

Лифофа тунук буд. Раис абру чин кард.

– Боз хастем-ку.

Ин замон ба хавли Вазири собик, марди кадпасти шикамкалон ворид гашт. Пеш хама “Раисчон!” гуфта, наздаш дукат мешуданд, чунбад, “Лаббай!” мегуфтанд. Акнун хеч кас ба у эътибор намедод. Вай тамоман карахт шуда буд. Ба назараш чунин намуд, ки хоб мебинад,

Баногох паро-пар шуд. Хама шогирдон ва ёрони у суи рохи калон, ба истикболи Вазири нав шитофтанд. Вазири нав як марди сиёхчурдаи кадпастаке буд. Чехраи безебу чашмони танг-танге дошт. Бо шукуху салобати хосае солорона кадам мениход. Аз кудрату тавоноии хеш халоват мебурд. Нигохи тунду маънидорашро ба руи одамон медухт. Нигохи Вазири нав чун корд ба вучуди Вазири собик халид. Салом надод, оѓуш накушод. Таври хамешаги ханда бар лаб “Устод!” гуён чоркад нашуд. Осмон гуё ба сари Вазири собик фуру рафт. Бехолу бемадор шуд, хун дар руяш намонд. Чунин менамуд, ки ана хозир меафтад. Охе кашиду ба умед интизор шуд, ки кай уро таклиф мекунанд. Охирин умеди Вазир барбод рафт. Фахмид: он чи ногузир буд, ба амал омад. Он чи ки бо вазифа омада буд, бо он рафт. У аз хичолат базур сар бардошта, ба яке аз хизматгоррон руй овард:

– Ман ба кадом тараф гузарам?

Уро ба чои бемансабон хидоят намуданд. Рафта нишаст. Таомул вайрон шуд. Касе аз у чизе напурсид. У хам чзе гуфта натавонист. Забонаш гуё ба комаш часпида буд. Даструмол аз киса бароварда, араки пншонаашро пок кард. Мардум ош хурда, чой нушида, дуою фотиха хонда аз чойхояшон хестанд. Вай танхо монд. Холо ба у ош наоварда буданд. Як каси дигарро интизор буданд. Ва хамин тавр нишастан гирифт. Шамоли сард гушу руи уро харошида мегузашт. Сараш аз дард мекафид. Дар назараш тамоми мавчудоти атроф бечон менамуд, хатто худаш хам. Дар бораи як чиз фикр мекард: вазифа. Вазифае, ки ин хама иззату эхтиромро ба у баргардонад. Ва аз ин сагбачахо никорашро гирад.

Ин лахза Вазири нав берун омад ва нигохи онхо ба якдигар бархурда, гуё дар як нукта садама овард.

“Эх, фалаки мансабпарвар!”

Кахру ѓазабаш аз нав ба чуш омад. Ба сару руяш гуё хун зада, оташинтар гашт. Ва нохост дарк намуд, ки мемирад! Бе вазифа бо ранчу азоб, бо машаккат мемирад!

“Эй Худо, дар руи замин ман хам хастам, охир!..”

Хаво сардтар шуда, хабари барф меовард. Маърака идома дошт. Иддае аз “хешу табор” дар хизмат, иддае ѓамзада, хомуш, сархам.

Гох-гох садои мулло сукунатро мешикаст.

“Ауззу биллохи минашшайтони рачим… Одами хуб буд, бихишти… Охираташ обод бод! Омин!”

Боз сукунат.

Баногох сукути атрофро зоѓи сарсахте бархам зад. Чанд нафар аз паси зоѓ шуданд. Як марди лоѓари рангпаридае ки шохиди ин хама кору бор буд, лабашро бурмакунон  бо худ гуфт:

– Ачиб, вазифа ин кадар зур будаст-е!..

Аз харфи он мард мисли ин ки як дунё ѓусса руи дили Аскар рехт. Марги падар ёдаш омад. Акнун дастони у сахт меларзиданд. Аз хунуки не, аз тарсу вахм не, баръакс, аз зурии нафрат. Ба хона омад. Биби умед аз ош канда, хоб рафта буд. Дар хона дили Аскар лахзае осудаги наёфт. Берун баромад. Дар хавли наѓунчид. Куча низ барояш танг буд. Бо хазору як хаёли наву ношинос гашту гашт… Ва боз ба хона баргашт. Акнун у мебоист ягон кори ѓайри чашмдоште мекард. Башаст аз чояш бархост.

– Ман меравам, худи хозир ин масъаларо хал мекунам!

– Аскар, ист, ист! Чи мехохи? Кучо мерави? – бетокатона пурсид модар

– Ба хукумат меравам

– Аклатро-ку нахурдаи?

– Аклам дар чояш, карорам катъи!

– Ба хеч кучо намерави! Охир ту холо кудаки.

– Ман медонам чи гуфтанамро, – Аскар беш аз пеш меларзид.

– Барои худат дарди сар нахар. Хамаашон сару тах як карбосанд.

– Конун чи мешавад, конун?

– Конун?! – лабонашро бурма кард модар. – Магар холо Конун амал мекунад?

– Барои он амал намекунад, ки дуруяги мекунем, муросо менамоем. Инаш Раис, ваяш Вазир…

– Хайр, писарам, ѓам махур, хамааш хуб мешавад, – уро тасалли додан мехост модар. .

Аммо ин суханон баръакс ѓашашро овард.

– Кай хуб мешавад?

– Хамон рузе, ки аз вазифа парид.

У суи модар нигохи ачибе партофт:

– Бузак намур, ки бахор меояд.

Изтироби шадиде дили модарро фаро гирифт. Бо мансабдоре сар ба сар шудан кори Рустами Достон буд. Хатто сараш чарх зад.

– Писарам…

– Суханамро набуред! Касам ба номи Худо хурда мегуям, ки то Раис чазо нагирад, аз поён то боло ягон идора намемонад, ки наравам!

Шучоати писар ба модар таъсир кард. Вай ба худ омад ва бо эхтиром ба писараш нигарист ва аз пешонааш бусид.

29 марти соли 2009

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …