Ихлос

Ихлос

Бо эътикоди тамом барои ризои Худо ибодат карданро « ихлос мегуянд.

Бидон, ки бе ихлос хама ранчу машаккатхое, ки дар тоат кардан мекашанд, бефоида аст, зеро халоикро Худои таъоло ба ибодат кардани бо ихлос фармудааст.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки ихлосро дар аъмол лозим гиред, чун ки халосии банда дар ихлос аст ва агар корхо бо ихлос набошад, он корхо риёианд.

Риё он бошад, ки ба мардумон намояду ба он кор обруе аз мардумон хохад ва ин касро риёкор гуянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки фардои киёмат бандаеро биёранду хамаи некихои вайро хозир кунанд бар мисли куххои дунё, дар номаи аъмоли вай савоб бошад. Малоикахо гуянд: – Илохо, ин банда тоати бисёр дорад, сазовори бихишт аст.

Нидо ояд, ки эй малоикахо, шуморо бар хакикати аъмоли вай огахи нест.

Он гох фармон ояд, ки эй банда, намоз хонди? То туро гуянд, ки марди ибодаткор аст ва ман аз намози ту бениёзам, яъне мухточ ба намози ту нестам.

Закот доди? То гуянд: фалон мард чавонмард аст ва ман мухточ ба моли ту нестам.

Садака доди? То ки туро марди сахи гуянд.

Хамчунин аъмоли бандаро як-як пеш меоваранд ва рад мекунанд, то дар сахифаи вай хеч тоат намонад.

Он гох нидо ояд, ки, эй фариштагони ман, бандаи маро тоат буд, аммо бо тоат ихлос набуд ва тоати бе ихлос назди мо кадр надорад.

Аз хамин чихат Хазрати Имоми Аъзам рахматуллохи алайх мегуяд, ки риё хар вакте ки вокеъ шавад, дар амале аз аъмолхои банда ба дурустие, ки риё ботил ва бекор мегардонад ачри амалро. Чунончи дарахт мавчуд аст, лекин хушк аст. Яъне дар номаи аъмол менависанд, ки фалони ибни фалони хамин амалро ба чо овардааст, лекин савоб надорад.

Амали бесавоб дар хеч мавзеъ ба кор намеояд. Аксарияти амалхои мардуми замони мо хамин тарик риёи мебошанд.

Шумо бародарон ва хохарони азиз, саъю кушиш намоед, ки амалхои худро бо ихлос ба чо оред ва аз риё амалхои худро  дур доред, ки мехнати бефоида мекунед.

Хикоят. Зунуни Мисри мегуяд, ки аломати ихлос се чиз аст. Яке он ки ба таъриф кардани мардум хурсанд нашави. Дуюм он ки аз сарзаниши мардум гам нахури. Сеюм он ки музди тоат ба дунё нахохи, (яъне тоъату ибодатро дар дунё ба пул ё ба чизе иваз накуни). Илохо, хамаро дар амал ихлос  рузи гардон ва аз дузах начот дех.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …