Моддаи 59-и Кодекси Андоз. Ичрои ухдадорихои андоз
- Ичрои ухдадорихои андоз, новобаста ба мавчудияти маблагхои пули дар суратхисобхои бонки ва дигар молу мулки андозсупоранда хатми буда, аз пардохти маблаги андозхои пардохтшаванда, чаримахо ва фоизхои хисобшуда дар мухлатхои мукарраргардида иборат мебошад.
- Ичрои ухдадории андоз аз чониби андозсупоранда мустакилона амаликарда мешавад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад. Дар холатхои муайяннамудаи конунгузории андоз ичрои ухдадории андоз метавонад ба зиммаи агенти андоз ё дигар шахси ухдадор гузошта шавад. Бо карори макомоти дахлдори давлати вохидхои сохтории он метавонанд ухдадории пардохти андозхоро мустакилона ичро намоянд.Дар холате, ки дар шахр (нохия) ду ва зиёда вохидхои алохидаи як шахси хукуки мавчуд бошанд, ичрои ухдадорихои андоз пас аз чониби шахси хукуки огох сохтани макомоти андоз аз чониби шахси хукуки метавонад ба яке аз онхо вогузор карда шавад.
- Ухдадории андоз бояд аз чониби андозсупоранда тибки тартиб ва дар мухлатхое, ки конунгузории андози Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ба ичро расонида шавад.
- Андозсупоранда хукук дорад ухдадории андозро пеш аз мухлат ичро намояд.
- Хангоми пардохти андозхо дар хуччатхои пардохти аз чониби пулфиристонанда насаб, ном, ва номи падар (дар холати мавчуд будан) ё номи андозсупоранда, раками мушаххаси вай, номгуи андози пардохтшаванда ва давраи андоз нишон дода мешаванд.
- Ухдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз, ки агенти андоз ичро менамояд, аз рузи нигох доштан ва ба бучет пардохт намудани андоз ичрошуда хисобида мешавад.
- Ухдадории андоз оид ба пардохти андозхо, чаримахо ва (ё) фоизхо метавонад бо рохи бахисобгирии андоз тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи 69 Кодекси мазкур ичро карда шавад. Дар холати напардохтан ё пардохти нопурраи андозхо дар мухлатхои мукарраршуда ситонидани андоз бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анчом дода мешавад.
- Дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ухдадори оид ба хисоб кардани маблаги намудхои алохидаи андозхо метавонад ба макомоти андоз ва макомоти ваколатдор вогузор карда шавад.
- Мухлатхои ичрои ухдадории андоз бо Кодекси мазкур мукаррар карда мешаванд. Хамзамон чараёни мухлати мукаррарнамудаи Кодекси мазкур аз рузи минбаъдаи баъд аз фаро расидани ходисаи вокеи ё амали хукуки, ки огози мухлати ичрои ухдадории андоз бо он муайян шудааст, огоз мешавад. Мухлат дар фарчоми рузи охирини давраи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ба охир мерасад. Агар рузи охирини мухлат ба рузи гайрикори рост ояд, пас мухлат дар фарчоми рузи минбаъдаи кори ба охир мерасад.
- Ухдадории андози шахси хукуки дар холатхои муайяннамудаи Кодекси мазкур бояд аз чониби вохиди алохидаи вай ичро карда шавад.
- Ичрои ухдадорихои андоз дар холати муфлисшавии андозсупоранда мутобики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон ва конунгузори дар бораи муфлисшави амали карда мешавад.