Главная / Маданият ва санъат / ИСТИЛОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБХО

ИСТИЛОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБХО

ИСТИЛОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБХО ВА ЧОРи НАМУДАНИ ИСЛОМ ВАЗЪИЯТИ СИЁСи ВА ИКТИСОДИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АРАФАИ ХУЧУМИ АРАБХО

Вазъияти сиёси ва иктисодии Осиёи Миёна дар арафаи хучуми арабхо. Хусусан баъди мустахкам шудани онхо да р Эрон, шикасти давлати Сосониён ва тобеони он, тавре буд, ки барои пешрафти арабхо мусоидат менамуд . парокандагии сиёси, пастравии иктисодиёт, шиддат гирифтани зиддиятхо бани давлатхои хурде, ки дар ин минтака вучуд доштанд, низоми доимии онхо имкон намедод, ки иттиходи ба вучуд омада, сади азиме барои гирифтани пеши хучуми арабхо шаванд. Нохияву минтакахои Осиёи Миёна хар кадом мустакил буданд, давлати ягонаи мутамарказе вучуд надошт.

arabskoe-vojsko-v-pohode

Факат дар як сарзамин хозираи Точикистон чандин давлатхои хурд, аз кадилаи далатчахои Устурушан / Уротеппа /, рутам, Баргар / Мастчлху Фалгар /, Чагониён / води Хисор /, Ахорун ва Шумон / дар гарбтари Чагониён /, Ваштгирд/Файзобод, Кофарнихон/, Кубодиён, Хутталон, Рашт /Гарми хозира/, Дарвоз, Вахон, Шугнон, Рушон ва гайра. Хар кадоми ин давлатчахо имкони мустакилан ташкили артиши пуркувват надоштанд. Иттиходе, ки дар мукобили арабхо онхо хар сари вакт ба вучуд меоварданд, заиф буда, бо андаке мушкили ва гузаштхои арабхо ба яке аз онхо парешон мегашт.

Арабхо метавонистанд хар яке аз онхоро бар зидди дигар равона кунанд. Давлатхои нисбатан пуриктидор дар байни онхо Сугд, Хутталон буданд. Осиёи Миёна дорои шахрхои бузург нисбат ба он замон/ ва машхур буд. Аз чумла Бухоро, Самарканд, Тирмиз, Чоч, Тошканд, Марв, Кубодиён, Мунк, Бунджикат наздикии Шахристон ва гайра. Дар онхо маданияти баланд аз чихати инкишофи илму фарханг ва хам модди, касру иморатхо, системаи канализасиони, воситахои обёри ва сардкуни ва гайра вучуд доштанд. Шахрхо такрибан ба се кисмат таксим мешуданд; Шахристон, Работ, Кухандиз, яъне хаволии назди-шахри, гушаю атрофии шахр ва марказ. Дар марказ бинохои маъмури, касри хоким карор дошт.

Уламо, удабо, ашхоси бомаърифат, хунармандони номи дар дарбори шох, амир ё хоким чамъ шуда буданд. Онхо ба кори эчоди машгул буда., аз чихати модди аз тарафи амир ё хоким дастгири меёфтанд. Дар шахрхои Осиёи Миёна хунарманди, тичорат, бофандаги ва дигар касбу кор хеле таракки карда буд. Матоъхои истехсоли Сугд, Хоразм ва дигар махсулоти хунармандию кишоварзи харидорони зиёде дошта, дар дигар кишвархо шухрат доштанд.

Аввалин бархурди мардуми Осиёи Миёна ба арабхо баъди шикасти давлати Сосониён солхои 651-654 сурат гирифтааст. Масалан, аз руи маълумоти сарчашмахо соли 654 арабхо ба Маймурги Сугд хучум мекунанд. Вале тохту тозхои арабхо дар ин давра хусусияти муваккати дошта, задухурдхои чиддии харби набуданд. Аз солхои 673-674 сар карда кушиши арабхо барои гирифтани Осиёи миёна бештар мегардид. Соли 673 арабхо ба Бухоро хучум карда, Ромитанро горат мекунанд ва боз акиб мегарданд.

Такрибан дар хамин солхои 70-ум арабхо ба Хутталон, Сугд хучум мекунанд, баъди дарёфти ганимат боз акиб мегарданд. Аз ибтидои асри VIII арабхо барои истилои пурраи Осиёи Миёна шуруъ менамоянд. Соли 705 Кутайба ибни Муслим ба истилои Мовароуннахр огоз кард. У хамон сол бисёр нохияхои атрофи Балхро тобеъи худ сохта, соли 706 бо кувваи калон дохили Мовароуннахр гардид, Бухороро забт намуда, онро горат намуд. Баъди гирифтани ганимат боз ба акиб баргашт. Соли 709 Кутайба дубора ба Бухоро хучум карда, соли 710 Бухороро тобеи худ сохта, ба Шумон хучум менамояд. Насафу Кеш / Шахри сабз /-ро ишгол менамояд. Тархун / шохи Сугд / бо арабхо муохидаи сулх имзо кард, вале соли 710 шохи нави Сугд Гурон муохидаро бекор месозад. Муборизаи дуру дарози мардуми Исъёни Муканаъ мукобили арабхо манзараи майдони харб Су бар зидди арабхо бо рохбарии Гурак ва Деваштич /фарзанди дигари Тархун / огоз меёбад ба арабхо баъди муборизаи 10-сола муяссар мегардад Самаркандро фатх карда, Сугдро тобеи худ созанд.

Ба зуди муборизаи зидди арабхо дар Сугд, Фаргона дубора авч мегирад. Соли 720 мардуми Сугд бо кумаки туркхо муввакатан бошад хам арабхоро аз Сугд берун мекунанд.

Ба арабхо мардуми Хутталон муковимати чидди нишон доданд. Истилои Хутталон аз соли 725 огоз мешавад. Хокими араб Асад ибни Абдулло баъди Балх ба Хутталон хучум мекунад. Мардуми Хутталон ба муборизаи зидди арабхо бархезанд ва арабхо ноилоч акибнишини мекунанд. Ба ин муносибат Балх бар истехзон арабхо мисрахои зеринро эчод намудаанд:

Аз Хутталон омадия

Бо ру табох омадия

Обора боз омадия 

Дар натича арабхо то соли 737 дигар ба Хутталон хучум намекунанд. Вале баъди гирд овардани кувваи зиёд ба арабхо соли 737 муяссар мешавад, ки Хутталонро фатх кунанд. Гарчи арабхо тамоми Осиёи Миёнаро фатх карда бошанд хам, муборизаи зидди онхо катъ намегардид. Баъзан он хеле кувват гирифта, минтакахои гуногунро аз итоати онхо берун месозад. Дар хар сурат то солхои 40-ум ба арабхо муяссар мегардад, ки Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дароранд. Галабаи арабо сабабхои зиёд дорад. Дар хар сурат он афзалияти харби ва идеологии арабхо ва бартарии дини исломро ба динхои дар ин чо чори нишон медихад. Дар арафаи хучуми арабхо дар Осиёи Миёна давлатхои хурд-хурде буданд, ки бо хам ихтилоф доштанд ва чабхаи ягонаи мубориза бар зидди истилои арабхоро ташкил карда натавонистанд. Парокандаги яке аз сабабхои шикасти онхо шуд.

Мардуми Осиёи Миёна дорои тамаддуни бою гани буданд. Кишоварзии пешрафта, системаи чолиби обёри, шахрхои зебо ва тараккикарда ба шухрати ин диёр афзуда буданд. Саноати меъмори ва тасвири хеле таракки карда буд. Дар ин бора ёдгорихои тоисломии кухи Муг, тасвирхои руи деворхои касрхо ва бинохо шаходат медиханд.

Мардуми ин чо асосан ба оини зардушти эътикодманд буданд. Дигар динхо, аз чумла насронию буддои низ таъсири муайяне доштанд. Дохил шудани Осиёи Миёна ба хилофат, кабули дини ислом алокаи ин чоро бо кишвару тамаддунхои гуногун таквият бахшид, то хадде низоъхои дохилиро аз байн бурд, шароити мусоид барои пешрафти тамаддун ба вучуд овард.

Мардуми Осиёи Миёна чун дигар кишвархои дохили хилофат аз мубориза барои озодии кишварашон даст накашиданд. Хилофатро муборизахои сахти сиёсии хам байни гуруххои мухталифи арабхо, хам чангхои озодихохи фаро гирифт. Аз бузургтарин харакате, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон рух дод ва боиси аз байн рафтани сулолаи Умавиён гардид, харакати озодихохона бо сардории Абу Муслими Хуросони буд. Харакати мазкур кариб тамоми хилофатро фаро гирифт ва соли 750 ба дигар шудани сулолаи хукмрон дар хилофат, яъне ба хукмронии сулолаи нав Аббосиён овард. Дигар шудани сулола вазъиятро чандон тагйир надод, норозигии омма аз хукмронон кам намегардид, ваъдахои рохбарони шуриш ичро нашуд, хатто рохбари вокеии ин харакат-Абу Муслимро Аббосиён ба катл расониданд.

Дар натича муборизаи мардум бар зидди хилофат дар шаклхои нав давом ёфт. Яке аз хамин гуна шуришхои оммави ва хеле пуркувват шуриши Муканнаъ ё худ харакати сафедчомагон буд. Рохбари шуриш косиб Муканнаъ собик яке аз сарлашкарони Абу Муслим соли 776 мардумро ба муборизаи зидди хилофати Аббосиён ва дастнишондагони онхо даъват намуд. Даъвати уро мардум, хусусан ахолии Сугд дастгири кард. Ба кавли Наршахи, яке аз муаррихони машхури он давр, ба Муканнаъ муяссар гардид, ки кувваи зиёде гирд оварад. Маркази шуриш Наршах, яке аз махалхои назди Бухоро буд. Дар чандин задухурдхое, ки байни кушунхои хилофат ва шуришгарон Рух дод, ба шуришгарон муяссар шуд, ки ба куввахои хилофат зарба зананд. Баъди 4 соли мубориза ва чамъ овардани лашкари зиёд ба арабхо муяссар гардид, ки шуришро пахш кунанд.

Хамин тавр, то нимахои асри ХIII ислом дар саросари Осиёи Миёна пахн гарид. То ислом дар ин чо асосан ба оини зардушти, маздакия гаравида буданд. Арабхо тамоми чорахоро барои таргиби дини ислом диданд. Аз чумла, хатто дар Бухоро дар хонахо чой гирифта, ба мардум тоату ибодат меомузонданд, баъди кабули исломаз додани чизя озод мегарданд ва гайра.

Бо вучуди ин динхои махаллиро манъ накарда буданд. Мардум метавонист дар дини худ боки монад ва чизя супорад. Пайравони динхои гайри исломро зимми мегуфтанд. Ислом аз хар чихат ба динхои махалли афзалият доштва ин наметавонист таваччухи мардумро чалб накунад.Ин афзалият онхоро водор месохт,ки ба ислом бигараванд ва аз динхои тоисломи муддати зиёде дар Осиёи Миёна таъсиру нуфузи худро нигох доштанд. Дар хар сурат ислом дар Осиёи Миёна комилан пируз гашта, дини мардуми ин минтака гардид.

Супориш ва саволхо.

  1. Чаро мардуми Осиёи Миёна ба лашкари Араб мукобилат карда натавонис?
  2. Кадом нишонахои дини Зардуштия дар рузгори имрузаи мардуми мо боки монданд? 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …