Главная / Илм / ИСПАРАК

ИСПАРАК

isparakИСПАРАК (Delphinium semibarbatum), асфарак, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 75 см кад мекашад. Пояаш сершох, баргаш дароздумчаи серпарра, рахдор, гулаш зарди баланд, мевааш чоркирра, тухмаш майда, хокистарранг. Май – июн гул карда, июл – авг. мева мебандад. Дар пистазор, алафзор, буттазорхо меруяд. Дар к.-куххои Курама, Мевагул, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Сирдарё ва Точикистони Чануби (дар баландии 600 – 1700 м аз .с.б.) пахн шудааст.
Дар тибби халки аз гули И. чой карда, чун воситаи киччарону пешоброн менушанд. Точикони Каротегину Дарвоз баргу пояи И.-ро чушонда, хангоми дарди гулу гармогарм ба гулу мебанданд. Бо чушоби алафи И. табларза, зуком, сулфакабутак, гулузиндонакро муолича мекунанд, онро чун давои рафъи ташаннуч тавсия медиханд. Чушоби И.-ро бо орди чав омехта, барои муоличаи омосхои гуногун истифода мебаранд, хокистарашро ба хоришаку ушкуфа мемоланд.
Аз И. дорухои «Мелликтин» ва «Делсемин» тайёр карда шудааст. «Мелликтин»-ро барои табобати беморихое, ки боиси баланд гаштани тонуси мушакхо мешаванд, кор мефармоянд. «Делсемин» дар чаррохи истифода мегардад (барои катъи нафаскаши хангоми чаррохи дар сандуки сина).
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …