Главная / Илм / ИСМОИЛОВ Комилчон Исроилович

ИСМОИЛОВ Комилчон Исроилович

ismoilov-komilchonИСМОИЛОВ Комилчон Исроилович (тав. 01. 12. 1952, ш. Душанбе), духтури кудакон, доктори илми тиб (1994), проф. (2001), Аълочии тандурустии ЧТ. Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1975). Духтури кудакон, мудири шуъбаи беморихои кудакон ва сардухтури Беморхонаи дехотии нохияи Ленин (холо Рудаки; 1975 – 80), ординатори клиники (1980 – 82) ва аспиранти (1982 – 85) Ин-ти тадкикоти илмии педиатрии АИТ ИЧШС (ш. Москва). Ассистенти кафедраи беморихои кудакони № 2 ва хамзамон чонишини декан оиди кор бо донишчуёни хоричии ДДТТ (1985 – 91). Докторанти Ин-ти тадкикоти илмии педиатрии АИТ ФР (ш. Москва; 1991 – 94), мудири шуъбаи гематологияи Беморхонаи клиникии кудаконаи 38-и раёсати 3-юми Вазорати тандурустии Федератсияи Россия (ш. Москва; 1995 – 96), духтури мушовири госпитали кушунхои сархади Федератсияи Россия (1997 – 98). Дотсент (1998 – 99), проф. (1999 – 2004) ва аз авг. с. 2004 мудири кафедраи беморихои кудакони № 2-и ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино. Оид ба чанбахои мухими иллатхои бронху шуш дар кудакон тадкикот анчом додааст. Дар мавзуи «Холати системаи дилу рохи нафас дар кудакони гирифтори лейкоз ва лимфагранулематоз дар давраи илтиём (ремиссия)» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Имкониятхои мувофикшавии системаи дилу рохи нафас дар кудакони гирифтори беморихои онкогематологи дар давраи илтиём» рисолаи доктори дифоъ намудааст.
Ос.: Состояние центральной гемодинамики у детей больных лимфогранулематозом. Мач. «Педиатрия», № 5, Д., 1985; Особенности электрокардиограммы у детей больных острым лейкозом и лимфогранулематозом. Мач. «Вопросы охраны материнства и детства», № 8, Д., 1986; Функция внешнего дыхания и сердечно-сосудистой системы у больных острым лейкозом и лимфогранулематозом. Мач. «Педиатрия», № 2, Д., 1987; Состояние адаптационно-компенсаторных механизмов организма детей, больных острым лейкозом. Мач. «Вопросы охраны материнства и детства», № 3, Д., 1988; Особенности газового гомеостаза и кислотно-основного состояния крови при пневмонии у детей раннего возраста. Мач. «Вестник Авиценны», № 2, Д., 2008; Состояние специфического и неспецифического звеньев иммунитета у больных с наследственными гемолитическими анемиями. Мач. «Вестник Авиценны», № 2, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …