Главная / Биология / ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМХО ВА МУХИТИ ЗИСТ

ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМХО ВА МУХИТИ ЗИСТ

Организм бе мухити зист вучуд дошта наметавонад. Аз ин чост, ки инкишофи организм бе мухит ва бидуни омилхои таъсиррасони он гайримумкин аст. Чуноне ки медонем, тухми мург танхо дар харорати муайян инкишаф меёбад, агар харорати мухит муътадил набошад, раванди инкишоф катъ мегардад. Хамчунин барои мавчудоти оби таркиби ионии об мухим аст. Масалан, микдори муайяни оксиген, гази карбонат ва гайрахо.

Таъсири шароити мухитро ба организмхо, ба зинахо чудо мекунанд, чунончи, хадди акал (минимали), хадди аксар (максимали), муътадил (миёна). Дар инкишофи чанин давраи номусоид низ мавчуд аст, ки мавриди он чанин ба таъсири омилхои номатлуб тоб намеорад. Аз хамин сабаб, хар организм дар мухити хоси хамон намуд инкишоф меёбад. Агар шароит тагйир ёбад, инкишоф суст ё катъ мегардад.

priroda

Масалан, барои инкишофи муътадили паррандагон ва ширхурон витамини Д лозим аст. Он дар зери пуст бо таъсири нурхои ултрабунафши офтоб пайдо мешавад ё ба организм хамрохи гизо меояд. Хангоми нарасидани ин витамин устухонхо суст инкишоф меёбанд. (расми 7.11).

Дар раванди танзими фаъолияти организм гадудхои усораи дохили (эндокрини) ахамияти калон доранд.

Чунончи, дар вакти нарасидани гармони гадуди сипаршакл сабзиш суст шуда, дар натича узвхои дигари системаи эндокрини низ пурра инкишоф намеёбанд (расми 7.12).

Агар дар таркиби гизо аминакислотахои ивазношаванда набошад, яъне аминокислотахое, ки дар организми ширхурон ва одам хосил намешавад, пас рушду инкишоф суст ё  батамом катъ мегардад (расми 7.13).

Моддахои бисёр маълуманд, ки бо таъсири онхо инкишофи муътадили чанин халалдор карда мешавад, масалан, консентратсияи намакхо, нурхои рентгени ва гайра.

Таъсири омилхои номусоид дар одам баъзан боиси суст шудани сабзиш ё ба вучуд омадани нукси модарзод мегардад. Ба чунин омилхои зиёновар истифодаи машруботи спиртдор, нашъаманди, тамокукаши, бе назорат истифода бурдани дорухо мансубанд. Машрубот ба фаъолияти муътадили хучайрахо халал расонда, дар натича раванди сабзишу инкишофро ба таъхир меандозад, хучайрахои асабро иллати мегардонад. Боздории сабзиши чанин ба таъсири дуоксид ва оксиди карбон (Со2, Со) вобаста аст, ки он ба бофтахо дохил шудани оксигенро кам менамояд. Тамокукаши бо пайдо шудани мутатсияхои зарарнок боис мегардад, раванди фаъолияти чанинро дар батн вайрон мекунад

Таъсири чизои камсафеда ба инкишофи калламушіо:

А – калламуше, ки чизои он аминокислотаи лизин надорад,

Б – калламуше, ки ба чизои он лизин илова шудааст,

В – калламуше, ки чизои он аминокислотаи валин надорад,

Г – іамон калламуше, ки ба чизои он валин илова шудааст.

Дар таркиби дуди тамоку никотин мавчуд аст, ки хучайрахои асабро захролуд гардонида, боиси пайдоиши бисёр иллатхои чисмони мешавад. Дар хотир доштан лозим аст, ки инкишофи организм пеш аз бордоршави огоз меёбад. Дар давраи кудаки ва синни чавони истеъмол кардани машрубот хеле зарарнок буда, ба гаметахо таъсири номусоид мерасонад.

Аз хамин сабаб, шахсоне, ки ба машрубот ва тамокукаши майл доранд, фарзандони гирифтори беморихои модарзоди ба дунё меоранд. Аз ин чост, ки дар тачрибаи тибби мафхуми махсус бо номи фарзандони шанбеги, яъне кудаке, ки ибтидои он дар холати масти гузоштааст, пахн гардидааст.

Албатта, чунин фикр, ки гуё холати хушёри танхо барои издивоч лозим нодуруст аст. Алкогол захирашавии кобилияти пурраи инсонро суст гардонида, дар холатхои лозими кобилияти эчодкории онро боз медорад. Таъсири омилхои номусоид ба организм муваккати набуда, балки дар тамоми тули хаёт идома меёбад ва бисёр вакт ба инкишофи насл зарар мерасонад. Дар хотир доштан лозим аст, ки ба хамаи тагйироте, ки дар мухит ба амал меояд, ба организмхои зинда таъсир мерасонанд. Масалан, сохти доимии худ, фаъолияти узву бофтахо, холати физики ва химиявии хучайра, махлули бофтахои хун ва гайрахоро

нигох медоранд. Хосияти организмхои зинда, ки дар шароити мухити тагйирёбанда фаъолияти дохили ва хосиятхои асосии сохтори худро нигох медоранд, гомеостаз (аз юнониhomios – якхела ва stasus – холат) номида мешавад. Асоси гомеостаз ба ирсият вобастаги дошта, он дар рафти тахаввулот (эволютсия) накш бастааст. Самараи он дар бисёр холатхо ба мачмуи хиссачахои ирси, яъне генхои организм ва генотип мушаххас алокаманд аст. Гуногуншаклии генотип дар худуди намуд, боиси тафоввути фардхо ва реаксияи онхо ба мухити беруна мегардад.

Мисоли хоси аксуламали умумии организм ба таъсири омилхои мухит – холати стресси мебошад.

Стресс аксуламали организм нисбат ба таъсироти номусоид буда, ба фаолияти хаёт таъсири манфи мерасонад ва боиси ихтилоли гомеостаз мегардад. Дар чунин маврид фаъолияти бисёр унсурхои организм нихоят тезутунд мешавад (асабхо, мушаки узвхои нафаскаши, рагхои дил, гадудхои эндокрини).

Таъгирёбии фаъолияти унсурхои номбурда боиси афзудани кобилияти устувории фардхо нисбати омилхои номуътадил хохад шуд. Сарфи зиёди неруи мухофизатии организм ва афзоиши раванд мубодилаи моддахо аз чумлаи аксуламалхое мебошанд, ки шахсро ба холати стресс меоранд. Барои халли масъалахои мухими хаёт одам бояд худро начот дихад, яъне аз таъсири холатхои стрессовар гурезад ё ба онхо мукобилият нишон дихад. ,

Дар натичаи мехнати вазнин дар шароити иклими кахратун одам хаста шуда, рухияи у ба вазъи стресси меафтад. Баъзе одамони пуртокат дар натичаи таъсири дурударози холати тарсу вахм системаи танзимгар хароб гашта, ба пайдоиши бемори мусоидат мекунад.

Барои халал наёфтани кувваи мухофизатии организм олимони тиб усулхоеро дарёфт намудаанд, ки кобилияти одамро ба мехнат дар мухити гуногун муайян месозад. Хар узв хамон вакт нагз кор мекунад, ки агар барои фаъолияти он шароити мусоид фарохам бошад.

Доимияти сохти хучайрахо, бофтахо ва узвхо ба механизми танзимкунандаи структураи гомеостаз вобаста аст.

Мачмуи равандхое, ки ба баркарор кардани кисмхои осебдида ё вайроншудаи организм равона шудаанд, тачдид (регенератсия) номида мешавад (аз лотинии regeneratio – баркароршави). Ду навъи тачдид вучуд дорад: физиологи ва чуброни. Тачдиди физиологи баркарор шудани микдори хучайрахо ё кисми онхо мебошад. Аз нав баркарор шудани органоидхои хучайра (митахондрия, пластидхо ва гайра)-ро тачдиди дохилихучайрави меноманд.

Тачдиди физиологи хоси хамаи организмхои зинда аст, аммо дар хайвонот ва растанихо он якхела чараён намегирад.

Дар бандпоён тачдиди физиологи ба инкишофи онхо алокаманд аст. Масалан, дар харчангшаклон ва кирминаи хашарот дар давраи тулак скелети беруни, ки онро хитин меноманд, чудо мешавад, зеро гунчоиши хитин барои онхо мувофик нест ва баъди чанд муддат он аз нав месабзад. Дар ширхурон ва одам эпителияи пуст чудо шуда (пустпартои), дар муддати чанд руз аз дигар баркарор мегардад. Хучайрахои эпителии руда бошад, дар муддати 1,5-2 руз пурра аз сари нав иваз мешаванд. Хамчунин, хучайраи эритроситхо низ иваз мешаванд ва давомоти фаъолияти онхо аз чор мох зиёд нест. Организмхои зинда дар табиат баъзан дучори омилхои харобиовар мешавад. Баркарор шудани хучайрахои нобудгашта ё вайрон гардидани томии организмхоро дар натичаи осеб дидан, тачдиди чуброни меноманд. Дар чонварони сохташон содда, масалан, рудаковокхо, кирмхо

ва гайрахо кобилияти баркарор кардани кисмхои гумкарда бо тези сурат мегирад. Чунончи, дар гидра организми том аз хисоби 1/200 кисми он ба вучуд меояд.

Ба хама маълум аст, ки халкакирмхо (кирми лойхурак)кобилияти баланди тачдид дошта, аз як хиссачаи тан баркарор мешаванд. Дар ситорахои бахри (типи сузанпустон) нафакат сузанхои алохида, балки аз хисоби онхо организми солимро сабзондан мумкин аст (расми 7.14). Тачдиди узвхои пурра дар мухрадорон низ дида мешавад. Агар ба калтакалос ягон чонвари дигар тахдид кунад, думашро мепартояд ва ба чои он думи нав пайдо мешавад.

Ин хосияти мутобикат дар натичаи интихоб устувор мегардад, зеро канда шудани дум дар чойхои махсус ба амал меояд. Баъзе мухрахои дум чои махсуси канда шуданро доранд. Яъне сурохие мавчуд аст, ки мухраро ба ду кисм чудо мекунад (онхо бо хам бо ёрии тагояки тунуке пайвастбуда, дар натичаи зуд кат шудани мушакхо дум мешиканад).

Дар обхокихои думдор, аз чумла, самандархо дар чои бурида шудани кисми поён, кисми нав инкишоф ёфта, то дарачае ба пешина монанд мешавад. Организмхои сохташон мураккаб ба монанди ширхурон, аз чумла, одам, кобиляти баркарор сохтани узвхои берунаро гум кардаанд. Тачдид баъди лат хурдан факат бо рохи сихат шудани чарохат мегузарад. Узвхои дарунии онхо бошанд, масалан, чигар,

гурда, шуш дар вакти осеб ёфтан бинобар афзудани хучайрахо андоза ё массаи худро баркарор мекунанд. Гайр аз ин, табаддулоти дохилихучайрави боиси зиёд шудани микдори органоидхо гашта, фаъолияти хучайрахои узвхои мазкурро метезонад. Тачдид нафакат дар мавриди осебхои механики ва захролуди аз моддахои химияви, балки дар натичаи беморихо низ ба амал меояд. Вируси бемории зардпарвин хучайрахои чигарро вайрон мекунад.

Дар вакти шифо ёфтан раванди баркарорсози чараён гирифта, чойи хучайрахои фавтидаро пурра мекунад. Хучайрахои чигар аз таъсири машрубот низ мефавтанд. Дуру дароз ва бисёр истеъмол кардани машрубот хоса барои онхое, ки бемории зардпарвинро аз сар гузаронидаанд, бисёр зиён дорад. Зеро дар чойи хучайрахои фавтидаи чигар бофтаи пайванди инкишоф меёбад. Дар натича вазифаи чигар халалдор шуда, бемории вазнин – серрози чигар пайдо мешавад. Тачдид дар растанихо хам дида мешаванд. Дар вакти шудгори замин решахои гумой ва дигар алафхои бегона бурида ва аз хам чудо мешаванд. Вале баъдтар аз хар кисми решаи буридашуда растании нав меруяд.

Аз як барг растании бегонияро сабзонидан мумкин аст. Хамин тавр, тачдид имкон медихад, ки хайвоноту растанихо ба таъсироти омилхои беруна устувор истода, зинда монанд. Донистани конуниятхои баркароршавии узвхо дар тиб хеле зарур аст. Масалан, вакте ки дар хурок витамини А намерасад, дар бофтахо раванди тачдиди хучайрахо вайрон мешавад. Ба таркиби хурок илова намудани ин витамин боиси баркарор шудани холати муътадили бофтахо мегардад. Барои хамин, духтурон барои тезондани тачдид ва муоличаи беморихои сирояти ва осебхо дорухои табии ва сунъиро истифода мебаранд. Дар натича бемор зуд шифо меёбад. Хамин тавр, бинобар омухтани ходисаи тачдиди биологи имконият пайдо мешавад, ки барои саломатии инсон мубориза барем.

Саволхо барои санчиш:

  1. Кадом омилхои мухити беруна ба инкишофи чанин таъсир мерасонанд?
  2. Мохияти таъсири бади машрубот ва тамокукаши барои инкишофи чанини одам дар чист?
  3. Фаъолияти кадом системахои организм доимияти мухити дарунаро нигох медорад?
  4. Дар натичаи таъсири омилхои номусоиди мухит дар фаъолияти узвхо ва системахои организм чи гуна тагйи- ротхо ба амал меояд?

Истилохот:

  1. Филогенез – инкишофи таърихии гурухи систематики муайяни организмхои зинда.
  2. Монандии чанинхо – ходисае, ки монандии намояндагони гуногуни синфхоро дар худуди тип шаходат медихад.
  3. Тачдиди репоративи – баркарор шудани хучайрахои нобудшуда, ки дар натичаи лат хурдан ё бемори ба амал омадааст.
  4. Тачдиди дохилихучайрави – баркарор ё зиёд шудани сохтори дохили хучайрахо, ки барои паст шудани чуброни фаъолияти кори бофта равона шудааст.
  5. Трансплантатсия – кучонидани бофтахо ё узвхо дар растанихо, хайвонот ва одамон.
  6. Регенератсияи физиологи – аз нав баркарор кардани хучайрахои нобудшуда, ки дар натичаи фаъолияти худи бофтахо ба амал омадаанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …