Главная / Илм / ИНДОВ (ИНДАВ) дар Канзи Шифо (Китоб)

ИНДОВ (ИНДАВ) дар Канзи Шифо (Китоб)

??????????????????????????????????????????

Хислатхои шифобахши гиёхи он: хурдани гиёхи индов гирехи чигар ва сипурзро мекушояд, дарунро пок мекунад, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, мани хосил мекунад, барои мубошарат куввати харакат мебахшад, бодхои баданро тахлил медихад, таомро хазм мегардонад. Агар инро куфта, бо захраи гов хамир карда гузошта банданд, доги захмро аз пуст пок мекуиад. Агар онро ба дили нахор бихуранд, бадбуии зери багалро дафъ мекунад.

Яке аз хислатхои он чунин аст, ки оби гиёхи тари инро гирифта, бо он дарахти анори туршро об диханд, минбаъд анораш ширин мегардад. Агар нахуди хушкро як шабонаруз дар он тар карда, баъд бихуранд, оби маниро тавлид мекунад. Вале хурдани индови сахрои бинобар гарм будани мизочаш дарди сар мекунад, сарро чарх мезанонад, чашмро мекашад ва торик мекунад. Дар ин холат косни, сирко, чилмангуштак (семизут) бихуранд, зарараш ислох мегардад.

Индови сахрои дар равон кардани пешоб ва барангехтани бох, инчунин дар боби ба харакат овардани олати марди назар ба индови бустони кавитар аст. Инчунин шифоияти тухмаш аз барги он зиёдтар ва кавитар аст. Агар тухмашро бо оби гарм биёшоманд, балгамро бо кай дафъ мекунад; бо зардии тухми мурги нимпухта бихуранд, бох ва олати мардиро ба харакат меоварад ва баданро фарбех мекунад.

Онро куфта, ба догхои кунчидак гузошта банданд, онхоро аз пусти руй пок месозад; бо асал хамир карда гузошта банданд, доги сафеди пуст ва нуктахои сафеди пустро дафъ мекунад; бо захраи гов хамир карда гузошта банданд, нохуни таркидаро ислох менамояд. Вале агар инро бисёр хуранд, хунро ба чуш меоварад ва моддахои нодаркорро ба узвхои заифшуда мерезонад. Дар ин холат шири тоза душидаро биёшоманд, безарар мегардад.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз индови бустони то 17-18 грамм ва аз сахроии он то 10-11 грамм аст. Ранги тухми индови бустони, ки зироат мекунанд, зарди тиратоб, яъне чигари аст, бинобар ин онро индови сиёх меноманд. Таъмаш талх. Мизочи тухми индови бустони дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши тухми индов: 10,5 грамм тухми онро куфта, бо оби гарм биёшоманд, кулинч (колит)-ро дафь мекунад, бодхоро пароканда мегардонад, узвхои даруни сина ва шушро аз моддахои нодаркори зарарнок пок месозад; барои дамкутахи, равон намудани хайз, газидани чонварони захрнок, гарм гардонидани меъда ва чигари сард, барангехтани иштихои таом ва куввати пушти камар, хорич гардонидани хамаи кирмхои шикам, берун  овардани хамрохаки (ёраки) тифл хангоми зоидани занхо аз шиками хомила даво мешавад; бачаро дар шиками хомила мекушад ва берун меоварад.

Хар руз 18 грамм тухми онро бо оби гарм, набот ва равгани кунчид биёшоманд, кулинчро ба зуди дафъ мекунад. Тухми индовро куфта, бо асал сиришта лесида бихуранд, иллатхои дамкутахи, сурфа ва дарди пахлуро, ки аз чамъ шудани моддаи гализ (гафс) ба амал омада бошад, шифо мебахшад; агар инро бо зардии тухми мурги нимпухта ва асал даромехта бихуранд, барои дарди узвхои даруни сина, даридан ва чок шудани мушакхо даво мешавад; инчунин моддахоеро, ки аз зарба расидан ба даруни сина рехта бошанд, пок месозад, яъне дафъ мекунад: бо тухми мурги нимпухта бихуранд, бохро багоят кувват мебахшад, холи бади даруни синаро ба ислох меоварад ва узвхои шикастаро пайваст мегардонад. Агар хар руз 7 грамм тухми индовро бо шири буз то дах руз биёшоманд, ба шарте ки гизоро багоят кам хуранд, доги песро аз пусти бадан дафъ мекунад.

Тухми индовро дар зарфе то буяш баромадан битафсонанду баъд бихуранд, исхоли балгами ва харошида шудани рудахоро ба ибро меоварад. Вале хурдани тухми индови зироати ба гурда зарар дорад. Дар ин маврид шакар, набот ва бодиринг бихуранд, зарараш ислох меёбад. Микдори як бор дар як руз хурдан аз тухми индови зироати то 15 грамм аст.

Агар ин тухми индовро куфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро ба зуди тахлил медихад; решхои рутубаташон асалмонанди сар, шукуфаи пуст, кутури решгашта ва газидани чонварони захрнокро даво мешавад; намегузорад, ки муй бирезад; дардхои сар ва суринро дафъ мекунад. Тухми онро куфта, бо орди чав даромехта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, иркуннасо (радикулит), варамхои гарм ва сухтагии оташро ба ибро меоварад; бо об ва намак хамир карда гузошта банданд, пучакхоро мепазонад.

Баргашро куфта муттасил гузошта банданд хам, пучакхоро мепазонад, вале ин назар ба андозаи тухмаш заифтар аст. Шустани сар бо оби барги он чирк ва рутубати часпаки сарро дафъ мекунад, инчунин рехтани муйро манъ менамояд. Агар онро бимоланд, доги сафеди пуст ва песро нафъ дорад. Куфтаи барги онро бо хуни фароштурук сиришта бимоланд, доги сафеди пуст ва дигар догхоро нест мегардонад; бо асал хамир карда бимоланд, нуктахои сафедро аз пусти бадан дафъ менамояд; бо собун хамир карда бимоланд, низ нуктахои сафедро аз пуст пок мекунад; бо зифт (катрон) сиришта бимоланд, дарди сари кухнаро шифо мебахшад; бо куфтаи барги гор (лавровый лист) сиришта бимоланд, дарди кисмхои поёнии бадан ва дарди камарро ба ибро меоварад, дубайларо (куряраро) мекафонад. Агар инро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, захми рудахоро сихат мебахшад, дарди суринро таскин медихад, исхолро мебандад, сустии макъадро дафъ месозад. Инро сухта, ба дудаш бавосирро бидоранд, нафъ дорад. Аз дуди ин чонварони зарарнок мегурезанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …