Главная / Гуногун / ИМОМИ АЪЗАМ ХОМИИ ЗАБОНИ ФОРСИ-ТОЧИКИ

ИМОМИ АЪЗАМ ХОМИИ ЗАБОНИ ФОРСИ-ТОЧИКИ

Ин нукта мусаллам ба таъкид аст, ки Имоми Аъзам Абуханифа /р/ аввалин факех ва хомиест, ки забони шаккарини «форсии точики ва ё дариро дар катори забони бою гании араби-забони дину ойин ва коргузори хонд», кайдхои эроншиноси маъруф, шаркшиноси номдори рус профессори Донишгохи Санкт-Петербург зиндаёд академик В.В.Бартолъд, 34,174-178).

Мавлави Хикматуллох ибни Фатхуллохи Одилободи, Имоми Аъзам Абуханифаро-Абул  миллат номидааст (ин зимни баёни кунияти шарифи у гуфта шудааст).

Имом Абуханифа /р/ забони точики, яъне форси ва густариши онро басо содикона ба рох монда, ба ин васила забони аждодии худро дар катори забони араби, забони илму хикмат ва дину давлат эълон кардааст.

Бинобар ишорати мухаккикон, Имом Абуханифа /р/ дар он замонхои хеле тезу тунди густариш ва интишори дини Ислом ва чорикунии забони араби тавонист, ки забони точикии форсиро пой бар чо карор бидихад.

Аввалан ин ки у, яъне, Имом Абуханифа /р/ забони точикии форсиро забони дуюми дин, баъд аз забони араби эълом дошт. Сониян тафсири Куръон ва хондани намозро бо забони точики-

форси ичозат дод. Аввалин тафсирхои Куръон, аз он замон аст (мисли тафсири Табари, баъдан тафсири кучаки Куръон, аз чониби Шайхурраис Абуалии Сино) ва гайра.

Дар замони салтанати фархангдори Сомониён, (ба хусус дар даврони Исмоили Сомони рахамуллох-С.Б.Б) забони форси, дар баробари забони араби, забони илму адаб, нигориш ва низ давлатдори буд.

 Дар хаёти мадании асри IХ-Х чараёни «шуубия», хеле равшану возех дар адабиёт зухур карда буд. Ба зури интишор додани расму ойин ва забону фарханги араби, босуръат идома дошт. Арабикунони хануз, аз замони тавсия ёфтани Ислом, дар мамолики берун аз Маккаю Мадина огоз гардида буд.

Дар он даврони пурталотуми асри хеш, Имом Абуханифа /р/ тавонист, ки шучоатмандона карзи миллияти хешро, дар назди ахли точику форс адо намояд ва коимияти забони точики-форсиро нигох дорад.

Махз ба ин хотир буд, ки дар кишвархои точикигуй, яъне форснишини билоди исломи, ба хусус дар Мовароуннахру Хуросон ва кисмате аз марзи Эрон мазхаби ханафи, ки муассиси он Имом Абуханифа /р/ аст, хеле густариш ёфт. Хонадони Оли Сомон мазхаби ханафиро, ки муассисаш олиму хаким ва факеху имоми кабир Абуханифаи Форси буд, хуш пазируфтанд. Абухафси Кабир ва Абухафси Сагир-падару писар, ки бузургтарин фукахойи ханафимазхаби Осиёи Маркази, дар ахди Сомони буданд, дар назди шогирдони Имом Абуханифа /р/ ба хусус дар назди Имом Мухаммад /р/ илми фикх омухтаанд (барои маълумоти муфассал оиди хаёт ва фаъолияти ин ду бузургфакех ва мушовирони маънавии давлати Сомониён метавонед ба китобхои «Таърихи Бухоро»-и Наршахи ва «Салоти Масъуди»-и Мавлави Шайх Масъуди Самарканди ва китоби-бадеи-таърихии устоди насри худогохии милли-Мухаммадзамони Солех, бо номи «Девори Хуросон» ва чанде дигар мурочиат намоед.

Устод Н.Неъматов-муаррихи шинохтаи точик, дар китобашон «Давлати Сомониён» тазаккур дода, ки дар Осиёи Миёнаи давраи Сомониён, ба таври расми, мазхаби ханафи кабул шуда буд.

«Имом Абуханифа Нуъмон ибни Собит ибни Кайс ибни Марзбон ибни Зути ибни Мох ибни Сосон ибни Анушервон менависад муаррихи муосири Эрон, нахустин факехе аст, ки адои намоз, сигахои шаръи ва хатто тарчума ва тафсири Куръонро ба забони форсии дари раво донист (чунки Расули гироми-саллаллоху ъалайхи васаллам ин забон, яъне, забони кавми Салмони Форсиро ва мардуми онро ба гояти тамом эхтиром мекарданд ва медонистанд, ки махз кавми Салмони Форси иршодкунандагони дину маърифат ва кувватдихандагони дини бархакки Исломанд-С.Б.Б). Чуноне ки мебинем, нахустин осори забони точики ё форсии дари, тарчума ва тафсирхо аз «Куръон», ба он забон аст. Агар порсии дари, яъне точики забони мусалмонони Эрон (ва соири аквоми Эрони-С.Б.Б) намешуд ва фукахои бузурге чун Абуханифа /р/ ба чоиишин сохтани он забон, дар намоз ва сигахои шаръи фатво намедоданд ва Абунасри Машкон-мунши ва дабири дарбори Газнави онро забони китоби девони давлатии Эрон намесохт, харгиз он забон наметавонист, дар Эрони Кабир – Ориёно (ва тамоми билоди Эронзамин; Балху Бохтар, Хуросон, Мовароуннахр ва гайра-С.Б.Б) пойдор бимонад ва балки монанди дигар мамолики фатхшуда, чун Шому Миср ва шимоли Африко, ба тадрич забони милли, аз байн рафта ва забони араби чои онро мегирифт. 85, 1252-1253.

Хулоса имруз, ки чомеаи мо ва аглаби мамолики чахонро бухрони шадиди маънави ва фуруравии сатхи ахлокии мардум зухур кардаву ба тадрич афзудани каллоби, чинояткори ва нашъаманди, фохиши, рибоъхури ва катлу горат, фиркабозихои дини фаро гирифтааст, танхо омузиши афкори    пешкадам,     маслихатомезу    пурхикмат    ва    чомеасози гузаштагонамон, ба мисли пири ахли такво, факехи бузург ва инсони комилу ормони-Хазрати Имоми Аъзами суфии Куфии Кобули /р/ барин кубарои азимушшаън метавонад, ки моро дар партави Куръон ва Хадис ва чомеаи моро аз ин вартаи махшави берун орад ва бо «боли дигарон» «паридан»-ро хотима дихад. Устод Мухаммад Икбол хуб гуфтааст, ки:

Дар чахон болу пари хеш кушодан омуз,

Ки паридан натавон, бо пару боли дигарон.

Бехуда устод Рудаки хам нагуфтааст, ки:

Бирав, зи тачрибаи рузгор бахра бигир,

Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд.

Имоми Аъзам Абуханифа /р/ муассиси яке аз бузургтарин, пахншудатарин ва одилтарину софтарин мазхаби равияи суннии дини Ислом–мазхаби ханафия аст, ки пойизи соли 1999  мусалмонони олам ва ахли пешкадами башарият (октябри соли 1999 дар пойтахти кишвар дар собик донишкадаи исломии Имом Тирмизии Точикистон, ба хотири бузургдошти Имоми Аъзам конфронси илми доир гардида буд) 1300 солагии ин донойи роз ва абадмарди таърихи башарият ва дини мубини Ислом ва илму хикмат ва маърйфати башарро чашн гирифта буданд. Ва хушбахтона, бо икдомоти хайри Чаноби оли, мухтарам Президенти кишварамон Эмомали Рахмон «Соли 2009-Соли байналмилалии бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардид. Осори илми ва хикмати волои афкори Хазрати Имоми Аъзам /р/ бештар дар сохаи илми фикх хукук ва масоили акоид, нигошта шуда, ки дар ин рузхо дархури чомеаи мо ва рахнамои мову шумост.

Осору афкори фикхии Имоми Аъзам Абуханифа /р/ дар замонаш шухрати оламгир дошт ва имруз хам акидахои прогрессиви ва одилонаву башардустонаи ин марди чахони хираду хикмат кадри худро гум накардаву нахохад кард. Балки чун хуршед медурахшаду башариятро ба суи рохи рост, яъне, ба рохи Худо ва расулони у ва ба хусус ба рохи шариъати гуррои Хазрати Мухаммад /с/ ва ёрони гиромии у /с/ хидоят мекунад. То имруз афкори Имоми Аъзам Абуханифа /р/-ро олимони зиёде аз кабили Шайх Шахобиддин Ахмад ибни Хачари Ал-Маккии «Ал-хайрот-ал-хисон фи-манокиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абуханифа Ан-Нуъмон» ба форси «Манокиби Имоми Аъзам» Ал-Азхар, Лубнон чопи 1377х Мухаммад Абузахра «Абуханифа хаётуху ва осоруху», Кохира-1977  Иноятуллохи Иблог, «Имоми Аъзам Абуханифа ва афкори у»; Боголюбов А.С., «Этика правовие воззрения Абуханифа ан-Нумон, Полестинский Сборник 1987 М.; Фикх-ал-Кози Абуабдуллох Хусайн ибни Алии Саймири «Ахбор Абуханифа ва асхобихи», Бейрут-Лубнон, 1976; Мухаммадсабури Бухори «Имоми Аъзам ва мазхаби у» Бухоро соли 1997, М.Бухори «Акоиди Имоми Аъзам дар партави Куръон ва Суннат» Бухоро 1998, С.Б.Бузургмехр «Хазрати Имоми Аъзам» мачал., “Точикистон” N3-4. 1998: Бегичон Рустамзода “Имоми Аъзам (Абуханифа) кист”. Душанбе 1999, Б. Рустамзода. Акидахои фикхии Абуханифа  (Имоми Аъзам), Душанбе 1999, 42 с. С.С.Бузургмехр «Ахвол ва афкори Хазрати Имоми Аъзам (р)» Душанбе-«Нодир», с.2000, М. Химматзода «Зиндаги ва осори Имом Абуханифа, Хучанд – 2004, Шиблии Нуъмони «Хаёти Имоми Аъзам»; китоби хозир «Ахвол ва осори Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа» (чопи дувуми тахрир ва такмилёфта аз Сайид Бурхониддини Бузургмехр – Душанбе, «Мавлави» – 2008  ва гайра мавриди пажухиши амик карор додаанд. Ин аст бузурги, такво мартаба, макому манзалат ва маъруфияти Имоми Аъзам /р/ рохнамову чароги пурнури умматони Хазрати Расули акрам Мухаммад /с/.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …