Главная / Илм / ИЛИН Виталий Сергеевич

ИЛИН Виталий Сергеевич

ilin-vitaliy-sergeevichИЛИН Виталий Сергеевич (тав. 1904), биохимик, доктори илми биология (1943), профессор, узви пайвастаи АИТ ИЧШС. Хатмкардаи Ин-ти тиббии Санкт-Петербург (1927). Ходими илмии лабораторияи патологияи озмоишии Ин-ти давлатии табиатшиносии ба номи Лесгафт (1927 – 30), ассистенти кафедраи биохимияи Ин-ти тарбияи чисмони (1930 – 33), мудири лабораторияи озмоишии Ин-ти хунгузарони (1933 – 34), ассистенти кафедраи биохимияи Ин-ти тиббии 1-уми Санкт-Петербург (1934 – 39). Авг. с. 1940 ба Точикистон даъват карда шуд. С-хои 1940 – 45 мудири кафедраи химияи биологии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино буд. Бахри ташкилу ба рох мондани корхои педагоги ва илмию тадкикотии кафедра кушиши зиёд ба харч додааст. Пажухишхои И. ба физиология, беморихои танзими асабию эндокринии мубодилаи моддахо дар бофтахои мушак ва масоили хунгузарони бахшида шудаанд. С-хои 1941 – 42 хамзамон муовини ректор оид ба кисми илми буд. Яке аз асосгузорони Чамъияти илмии тиббии Точикистон. Барои хизматхояш дар кори тарбияи мутахассисони чавон бо Ифтихорномаи Раёсати Шурои Олии ЧШС Точ. кадр гаштааст. Июли с. 1945 барои рохбари ба шуъбаи биохимияи Ин-ти тибби озмоиши ба Санкт-Петербург даъват карда шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …