Главная / Илм / «ИХТИЁРОТИ БАДЕи»

«ИХТИЁРОТИ БАДЕи»

ihtiyoroti-badei«ИХТИЁРОТИ БАДЕи» («Мунтахаби нодирот»), рисолаест дар боби тиб, ки муаллифаш Али ибни Хусайни Ансор муштахар ба Хочи Зайнулаттор буда, ба забони форси навишта шудааст. Соли таълиф номаълум. Китоб муштамил бар ду маколот аст: дар адвияи муфрада ва номхои онхо ва ба лугати хар тоифа ва бадал кардан ва ислох ва манфиату мазаррати он; дар мураккаботи мустаъмал (озмуда). Муаллиф давохоро ба се гурух – наботи, хайвони ва маъдани кисмат мекунад.
Тарики нигох доштан ва тайёр кардани давохоро мусанниф ба панч, вачх таксим кардааст: 1) чамъ овардани ачзои он, дору куфтан, курс сохтан ва дар соя хушк кардан; 2) хилти (омехтани) он дору ё чизе, ки хофизи вай бувад ба хосият, яъне дору бояд дар холате, ки дар пучоки худ бошад, нигох дошта шавад; 3) баъзе адвия дар зарфе бояд нигох дошта шавад, ки сари он танг бошад ва дахони он бо мум махкам шавад, то ки куввати вай аз таъсири хаво кохиш наёбад (мас., мушк, кофур, анбар ва г.); 4) чое, ки адвия нигох дошта мешавад, бояд, ки муътадил дар харорату сарди ва холи аз рутубат бошад, буи бегона ва дуд ба он чо надарояд; 5) давохои гуногунмизочро дар як чо бо хам нигох доштан дуруст нест. Зеро ки онхо ба якдигар таъсир карда, мизоч ва хоссаашон вайрон мешаванд.
Муаллиф дар китоб 2112 ном адвияи муфрадро гирд оварда, ба низоми хуруфоти араби кашидааст. Аз чумлаи ин 1900 даворо шарх додааст. Ва боки, 212 номгуи онхо ба дигар давохои номбурда хавола шудаанд.
Маколаи 2-юм доир ба тартиб додани давохои мураккаб иборат аз чахордах боб аст: 1) муфаррехот; 2) маъчунот; 3) гуворишот; 4) итрифолот; 5) мураббохо; 6) шаробхо; 7) сиканчабинот; 8) лаукот; 9) сафуфот; 10) хабхо; 11) курсхо; 12) иёрачот; 13) шиёфот; 14) тарёкот. Ин хама такр. микдори 300 давои мураккабро ташкил мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …