Главная / Илм / ИГМО

ИГМО

igmoИГМО (юн. Coma – хоби чукур), кома, мадхушии вазнин, ки дар натичаи зарб хурдани сар, захролудии хучайрахои силсилаи асаби маркази ва ё амрози системаи асаб ба вучуд меояд. Ихтилоли нафаскаши ва гардиши хун метавонанд боиси марги бемор шаванд. Сабабхои пайдоиши И. гуногун аст. Он бештар хангоми ихтилоли шадиди гардиши хун дар майна, диабети канди, беморихои вазнини чигар ва гурдахо, инчунин захролуди аз нушокихои спиртдор, оксиди карбон ва г. ба амал меояд. Бехуши ногахон мавриди нисбатан дуруст будани авзои бемор сар мезанад. Чунин ходиса, мас., хангоми сактаи магзи сар ё якбора кам шудани канди хун ( ниг. Диабети канди) руё медихад. Аксар И. – е, ки чараёни бемории музминро вазнин мегардонад, мас., И. – и диабети, И. – и хунпешоби (ниг. Уремия) тадричан инкишоф меёбад; дар аввал нишонахои иллати асабияи маркази (бехоли, гаранги, хоболуди) зохир мегардад, вале хуш гум намешавад.
Дар вакти И. фавран ёрии тибби зарур аст, зеро кумаки саривактии духтур И.- ро пешгири карда, хаёти беморро начот медихад. Либосхои болои маризро кашида, уро мехобонанд, протези дандонхои сунъи (чудошаванда)-ро аз чояш мегиранд (то ки рохи нафас баста нашавад). Азбаски худи бемор дар холати И. ба саволхо чавоб дода наметавонад, бояд атрофиён ба корманди тиб дар бораи рафтори у пеш аз сар шудани И. накл карда, барои ташхиси бемори ёри расонанд. Нигох доштани хуччатхои бемор – справка аз муассисаи табобати, маълумот дар бораи бемори ва дорухои мавриди истеъмоли у хеле мухим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …