Главная / Маданият ва санъат / ИБТИДОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИНИИ МУХАММАД /с/

ИБТИДОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИНИИ МУХАММАД /с/

Таърих шаходат медихад, ки дар чазираи Арабистон сесаду шаст кабилаи умр ба Сар мебурданд. Хар кабила ба худ сардоре дошт. Аъзоёни сарватманди кабила, мувофики сарват ба мартабае сохиб мегардиданд, шугли асосии онхо чорводори буд, аммо гоххо аз рохзани хам руй намегардонданд. Кабилахое, ки тавонотар буданд, чарогоххои дигар кабилахоро зуран сохиб мешуданд ё чорво1ни онхоро мерабуданд. Ин амалхоро сабаби чангу хунрезихо мегаштанд. Дар байни кабилахои араб, киморбози, шаробнуши ривоч дошт. Агар дар оила фарзанди  аввал духтар таввалуд мешуд, мегуфтанд, ки духтар ба оила бадбахти меоварад ва баъзан он тифли бегунохро зинда ба гур мекарданд.

xarita-arabho

Арабхо будпараст буданд ва хар кабила бути худро дошт, ба у иботад мекарданд. Бутхои хамаи кабилахо дар хонаи Каъба нигохдошта мешуданд. Мохи рамазон, ки мохи мукаддас хисоб мешуд, тамоми низоъхо байни кабилахо бас карда мешуданд. Ин мох давраи ибодат дониста мешуд. Кабилахо бутхои худро аз Каъба мегирифтандва дар назди онхо сачда мекарданд, ба онхо курбонихо меоварданд.

Мухммад бисёр андешахо мекард, ки чи тавр бут, ки худи одамон аз санг ё чуб метарошиданд, метавонад бо кору такдири одамон таъсир расонад. Вай мушохида мекард, хангоме фарзандонаш яке паи дигар вафот мекарданд, Хадича соатхо ба бут сачда карда зорию илтичо мекард, ки писаронаш дар Амон нигох дорад. Аммо бо вучуди он хар ду писараш нобуд гардид. Мухаммад ба будпарастии занаш монеъ намешуд, аммо худаш ба онхо эътикод надошт.

Мухаммад дар чустучуи хакикат буд. Вай бо ахкоми динхои яхудиёну масехиён шинос шуда, онхоро тахлил менамуд, аммо онхо хам уро конеъ карда наметавонистанд. Вай медонист, ки мардум аз рохи рост берун шуданду зиндагии маънавии онхо ба воситаи бутпарасти аз фасоду чохилият начот намеёбад.

Мухаммад хар сол мохи рамазон ба гори Хиро рафта, дар он чо муддате монда, ба зикру ибодат машгул мегашт. Вакте Мухаммад чил-сола шуд, монанди харсола ба гори Хуро, ки дар наздикии Макка вокеъ буд, барои ибодат рафт. Як шаб, ки дар гор хобида буд, фариштае пеши вай омад ва гуфт: “Ба номи парвардигори ту, ки инсонро офариду ба у чизхоеро омухт, ки намедонист. Эй Мухаммад, ту расули худои ва ман хам фариштаи у Чабраил”. Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки дар хоб шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.

У рох и хонаашро пеш гирифта ва ходисаро ба Хадича хикоя кард. Занаш уро ором карду хобонид ва ба назди писари амакаш Варка, ки одами донишманд буд, рафта вокеаро накл кард. Варка хикояи Хадичаро шунида, гуфт, ки агар ин тавр ходиса руй дода бошад, пас Мухаммад чун Мусо пайгамбар аст. Он фаришта ба Мусо хам нозил шуда буд. Пас, Мухаммад пайгамбар асту сохиби шариату конун хохад гардид.

Пас аз ин ходиса вахй ба Пайгамбар /с/ мунтазам нозил мегашт ва ба ин тарик китоби Куръон фарохам меомад ва дини нав – дини ислом ташаккул меёфт. Мухаммад ба мукобили бутпарасти муборизаро огоз кард. Вай мардумро даъват мекард, ки ба худои ягона “Аллох таъоло” имон биёранд, мусулмон шаванд, аз парастиши бутхо даст кашанд.

Мухаммад мардумро ба покизаги, худотарси ва хушахлокию корхои нек даъват мекард. Зино, одамкуши, дуздию горатгари, шаробнушию киморбозиро мувофики талаботи ислом, манъ мекард.

Ин талабхо ба мардум маъкул буд ва гурухе аз онхо дини исломро кабул карданд. Лекин баъзе мансабдорони Макка аз он метарсиданд, ки агар хама ин динро кабул намоянд ва тарафдори Мухаммад шаванд, онхо аз мансабу даромадхои худ махрум мегарданд. Аз ин хотир онхо одамонро ба мукобили Мухаммад бармеангехтанд. Онхо ба Мухаммад ва пайравони у ба катл тахдид мекарданд, онхоро тахкир мекарданд.

Мансабдорони Макка медонистанд, ки Мухаммад аз авлоди муътабар аст ва агар у ба катл расонида шавад, авлоди у барои касосгири бармехезад. Аз чунин сурат гирифтани кор онхо метарсиданд.

Аммо пайравони сершумори Мухаммад чунин амниятро надоштанд. Ин сабаб шуд, ки пайравони у, ки дини исломро кабул карда буданд, ба Хабашистон хичрат кунанд. Таърихшиносон менависанд, вакте ки мухочирон ба Хабаш расиданд, подшохи Хабашистон -Начоти аз онхо аз дин пурсид, писари амаки Мухаммад Чаъфар чунин чавоб дод: “Мо дар зулмоти чахлу нодони фуру рафта бутхоро парастиш мекардем. Мо аз хавою хавас пайрави карда, гайр аз зури, побанди хеч конуне набудем. Дар ин миёна худованд шахсеро аз байни мо баргузид, ки аз кавми мост. Бар замми ин насабаш хам олист ва аз сабаби сифатхон наку, муддатхост, ки мавриди кабули омма буда, хама уро икрому эхтиром менамоянд. Ин Пайгамбар ба мо омухт, ки худои ягонаро бипарастем, хуруфоти падарони

худро тарк гуем, аз парастиши санамхо дури чуем, аз аъмоли бад бипархезем, садокату дустиро пешаи худ созем, ахду паймони худро вайрон накунем, падару модарро модарро дорем гирем хамсоя неки кунем, аз дастдарози ба номуси занон ва хурдани моли ятимон худдори намоем. У намозу рузаву закотро вочиб кард. Мо хастем, ки нубуввати уро тасдик, ва таълимоти мазхабию ахлокие, ки аз чониби худо овардааст, хамаашро кабул кардем”.

Мухаммад аз тахдидхои душманонаш натарсида, таргиботи оятхои Куръонроидома медод.

Супориш ва саволхо

  1. Маънои вахи – ро шарх дихед?
  2. Чаро Мухаммад худро пайгамбар эълон намуд?
  3. Чаро мансабдорони Макка аз пайгамбарии Мухаммад норози буданд ва уро таъкиб мекарданд?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …