Главная / Илм / ИБРОХИМ ИБНИ СИНОН

ИБРОХИМ ИБНИ СИНОН

nophotoИБРОХИМ ИБНИ СИНОН (909 – 946), Абуисхок ибни Синон ибни Собит ибни Курраи Харронии Соби, табиб. Дар хусуси ахволи зиндагии И. маълумоти кофи нест. Бино ба ахбори сарчашмахо дар Багдод таваллуд ёфта, дар хамон чо улуми замонаашро омухтааст. Падараш Синон ибни Собит ва бобояш Собит ибни Курра аз чумлаи табибони шинохтаи замони хеш буданд И. нахуст пеши падар ва сипас назди устодони дигар илми тибро аз бар кардааст. Хануз дар овони чавони хамчун табиб сохиби шухрат гашт ва назди халифа обру ёфт. Шохиди ин сухан ахбори «Лугатнома» аст, ки мегуяд: «Вакте Мустакфи Биллох-халифа уро маъмур кард, то тамоми атиббои Багдодро имтихон кунад ва он кас, ки нолоик аст, аз табобат мамнуъ гардад. Иброхим пас аз имтихон аз ифшои рози онон сар боззад ва халифа ин амал ба Абусаиди Ямони, ки хам аз бузургони атиббои он аср буд, вогузор кард». Бино ба маълумоти «Доирату-л-маорифи бузурги исломи» И. 37 сол ва ба кавли «Лугатнома»-и Деххудо 39 – 40 ё 41 сол умр дидааст.
Ад.: Деххудо. Лугатнома, ч. 2, Техрон, 1325; Доирату-л-маорифи бузурги исломи, ч. 2, Техрон, 1374; Донишномаи сомониён, ч. 1, Хучанд, 2008.

Х. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …