Главная / Илм / ИБНИ ХИНДУ

ИБНИ ХИНДУ

nophotoИБНИ ХИНДУ (с. тав. номаълум – ваф. 1029), Абулфарач Али ибни Хусайн ибни Хиндуи Багдоди табиб, адиб, хаким, котиб ва шоир. Дар улуми авоил иттилооти бисёр доштааст. И. Х.-ро бархе аз мухаккикон аз ахли Рай донистаанд. Сохиби «Таърихи Табаристон» гуфтааст, ки агарчи ачдоди у куми будаанд, аммо мавлид ва маншаи у Табаристон буд ва оромгоху маркадаш ба Астаробод дар сарое, ки мулки у буда, иттифок афтодааст. И. Х. улуми авоилро дар назди Абулхасани Воили дар Нишопур ва пас аз он дар махзари Абулхайри Хаммор омухта, баъд аз он ки муддате дар Багдод сипари кард, ба Гургон руй овард ва дар он чо дар хизмати Шамсулмаоли Кобус ибни Вашмгир (366 – 403 х.) ва писари у Фалакулмаоли Манучехр (403 – 420 х.) хаёт ба сар мебурд. И. Х. дар ахди Манучехр аз дастгохи у гурехта, ба Нишопур рафт ва пас аз он ба кавли асах с. 420 х. фавт кард. И. Х. китобхои зиёде дар хикмат, тиб ва адаб таълиф кардааст ва девони ашъор ба забони араби дорад. Аз китобхои тиббии у дар сарчашмахо «Мифтоху-т-тиб»-ро ёд кардаанд.
Ад.: Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ч. 5, Лубнон, 2007; Забехуллох Сафо, «Таърихи улуми акли», ч. 1, Техрон, 1331 х. ш.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …