Моддаи 243-и Кодекси Мехнат. Хусусиятхои кори вахтави
- Коре, ки бо усули вахтави анчом дода мешавад, шакли махсуси пеш бурдани раванди мехнат буда, берун аз чойи истикомати доимии кормандон ичро карда мешавад ва онхо баъд аз кор барои баргаштан ба чойи доимии истикоматашон имконият надоранд.
- Корфармо ухдадор аст, кормандонеро, ки бо усули вахтави кор мекунанд, хангоми дар махалли кор карор доштанашон бо чойи хоб, хурок, бурдан ба чойи кор ва овардан ба махалли истикомат, инчунин шароити мувофики кор ва истирохат таъмин намояд.
- Корфармо тибки шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи барои будубоши кормандон дар махалли истехсолот (кор) шароит мухайё менамояд.