Главная / Гуногун / Хусули ризк тавассути дуо аз хазонаи гайбии Аллох

Хусули ризк тавассути дуо аз хазонаи гайбии Аллох

Хазрати Абухурайра (раз) ривоят мекунад, ки дар замони Расулуллох (с) шахсе ба назди хонаводааш омад. Вакте ки онхоро дар холати факру тангдасти дид, (ба хотири дуо намудан ба сурати илхоху зори) ба тарафи чангал рафт. Вакте ки хамсари некаш дид, ки шавхараш ба хотири хостан аз Аллох рафт, у хам бар фазлу карами Илохи эътимод намуда, шуруъ ба омодаги намуд, чунончи ба назди осиёи дасти омад ва онро омода намуд, то бинобар хукми Илохи агар аз чое гандуме омад, онро фавран орд намояд.

Хазрати Абухурайра

Сипас танурро хам равшану омода намуд, то дар пухтани нон хеч гуна таъхире беш наояд. Сипас худаш хам зимни дуо намудан гуфт: «Худоё, ба мо ризк иноят фармо». Пас аз он муваччех гардид, ки осиё ба харакат даромада ва маконе ки махсуси ордхо буд, пур аз орд шуда буд. Ва хангоме ки танурро нигох кард, дид ки танур пур аз нон аст.

Пас аз он шавхараш ба манзил омад ва ба хамсараш гуфт:

  • Оё баъд аз рафтани ман дар хона чизе пеш омад?

Зан гуфт:

  • Оре, аз чониби Аллох микдори чизе хосил гардидааст.

Бо шунидани ин сухан ба назди осиё рафт ва аз шиддати шавк як тарафи осиёро баланд карду сахнаро тамошо намуд. Дар рузи дигар вакте мочароро ба Расулуллох (с) арз намуд, Расулуллох (с) фармуд:

– Агар як тарафи он осиёро баланд намекарди ва онро ба холати худаш мегузошти, то киёмат ин осиё барои ту орд берун мекард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …