Моддаи 148-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Хукуки шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури
Аз чониби шахсони дар моддахои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда оид ба карорхои парвандахои хукуквайронкунии маъмури, ки эътибори конуни пайдо накардаанд, ба таври зерин шикоят кардан ё эътироз овардан мумкин аст:
– карорхои аз тарафи судя кабулгардида – ба суди болои;
– карорхои аз тарафи макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) кабулгардида – ба макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои ё ба суди нохия (шахр);
- Агар шикоят оид ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури хам ба суд ва хам ба макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои оварда шуда бошад, онро суд барраси менамояд.
- Шикоят аз хусуси карор ё таъинот дар бораи рад кардани огози парвандаи хукуквайронкунии маъмури мутобики коидахои мукаррарнамудаи боби мазкур пешниход карда мешавад.