Моддаи 77-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Хукуки шикоят кардан аз чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури
- Шахсе, ки нисбати у чорахои таъмини пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гаштааст, хукук дорад дар бораи онхо ба суд ё макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои шикоят намояд.
- Бо талаби шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки ба у фавран нусхаи протоколхо ва дигар маводи дахлдор, ки барои таъмини хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахси нисбаташ чорахои таъминкунандаи пешбурди ин парванда татбикгардида зарур мебошанд, супорида мешаванд.
- Вобаста ба натичаи баррасии шикоят дар бораи конеъ гардонидан ё рад кардани шикоят карор кабул карда мешавад.
- Шикоят овардан аз хусуси чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои барои шикоят нисбат ба татбики ин чорахо ба суд мамониат намекунад.
- Зараре, ки дар натичаи амалхои гайриконунии шахси мансабдор расонида шудааст, бояд мутобики коидахои мукаррарнамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон руёнида шавад.