Главная / Чамъият / Хукуки падару модари ноболиг

Хукуки падару модари ноболиг

Моддаи 62-и Кодекси Оила. Хукуки падару модари ноболиг

  1. Падару модари ноболиг хукук доранд бо кудак мустакилона зиндаги кунанд ва дар тарбияи у иштирок намоянд.
  2. Падару модари ноболиг, ки акди никох набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кудак хак доранд пас аз расидан ба синни шонздахсолаги мустакилона хукуки падару модарии худро татбик намоянд. То ба синни шонздахсолаги расидани падару модари ноболиг ба кудак васи таъин шуданаш мумкин аст, ки якчоя бо падару модари ноболиг тарбияи кудакро анчом медихад. Ихтилофе, ки байни васии кудак ва падару модари ноболиг ба миён меоянд, аз чониби макоми васояту парастори хал карда мешаванд.

3.Падару модари ноболиг хукук доранд бо асосхои умуми барои эътироф намудани падари ва модарии худ бахс намоянд, инчунин то расидан ба синни шонздах онхо ба тартиби мукаррарнамудаи суди хукуки талаби мукаррар намудани падари ва модариро нисбати фарзандонашон доранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …