Главная / Гуногун / Хучуми артиши Русия ба Осиёи Маркази

Хучуми артиши Русия ба Осиёи Маркази

Бо сабабхои дар боло нишон додашуда соли 1864 хучуми густурдаи артиши Русия ба давлатхои Осиёи Маркази огоз ёфт. Мохи сентябри соли 1864 Чимкент ба госибон таслим шуд. Баъди ин артиши истилогарони Русия ба суи Тошкент рахсипор шуд. Дар охирхои мохи апрели соли 1865 мухофизони калъаи Ниёзбек аз русхо шикаст хурданд. 15 июни соли 1865 артиши Русия яке аз шахрхои калонтарини Осиёи Маркази-Тошкентро хам ба даст даровард. Ин шахр тирамохи соли 1868 ба хайати Русия дохил карда шуд.

Дар миёнахои соли 1865 амири Бухоро Музаффар ба водии Фаргона лашкар кашид. Лашкари Куканд алайхи дастахои артиши аморати Бухоро ба таври бояду шояд муковимат карда натавонист. Ба хамин сабаб амир Музаффар Кукандро бо осони забт карда, хокими собики он Худоёрхони барои золимиаш аз тарафи шуришгарон аз хокимият дур кардашударо дубора ба тахти хонии ин давлат шинонд.

Амир Музаффар аз муваффакияти худ илхом гирифта, сафиронашро ба Тошкент мефиристонад, то ки ба намояндагони Русия расонанд, ки ин шахрро фавран монда раванд. Лекин талаби амир бе чавоб мемонад.

Нерухои харбии русхо дар Осиёи Маркази хамоно истилогарии худро идома медоданд. Губернатори харбии Туркистон М. Г. Черняев моххои январу феврали соли 1866 чандин маротиба ба хучум гузашта, калъаи Чиззахро фатх кардани шуд, вале аз ухдаи ин кор набаромад. Аз ин ру, ба чои М. Г. Черняев губернатори харбии Туркистон Д. И. Романовский таъйин мегардад. 8 майи соли 1866 губернатор, нави харбии Туркистон дар мухорибаи Эрчар ба сипохиёни амир шикаст медихад. Баъди ин Д. И. Романовский муваккатан аз ишголи аморати Бухоро даст кашида, ба тарафи Хучанд харакат кард ва 24 майи соли 1866 ин шахр, 2 октябри хамон сол калъаи Нов ва аз паси он истехкоми Уротеппаро низ ишгол мекунад. Д.И. Романовский танхо баъди ин музаффариятхо нерухои харбии худро ба суи Бухоро равон кард.

5b1fa828370f2c12468b459f

Амир Музаффар бошад, ба чанги зидди Русия кодир набуд. 18 октябри соли 1866 артиши Русия Чиззахро ишгол намуда, мавкеи худро дар хоки Бухоро мустахкам карда, ба хучуми зидди Самарканд омодаги мегирифт.

Хукумати Русия барои музофотхои истилокардаи Осиёи Маркази системаи идоракунии мустамликавии худро ташкил кард. Соли 1867 он Генерал-Губернатории Туркистонро таъсис намуд. Генерал-губернатори аввалини ин мустамликаи Русия К. П. Кауфман таъйин гардид.

Аввалхои соли 1868 Худоёрхон ба карордод дар бораи ба империяи Русия тобеъ будани хонии Куканд имзо гузошт. Худи хамон сол артиши русхо тахти рохбарии К. П. Кауфман дуюмбора ба тарафи Бухоро рахсипор шуданд. Аскарони К. П. Кауфман баъди ишголи Чиззах 2 майи соли 1868 шахри Самаркандро низ ишгол карданд. Акнун навбат ба Бухоро расид. Дар сари рохи он Каттакургон меистод. Амир Музаффар тамоми Нерухои харбии худро дар ин чо ба мукобили артиши Русия гузошт, вале он дар наздикии Зирабулок шикаст хурд. Баъди ин шикасти шармандавор амир Музаффар аввал хост, ки аз амири даст кашад, вале баътар аз ин андешаи худ даст кашида, ба назди генерал К. П. Кауфман элчи (сафир, намоянда) фиристод. Худаш бошад, ба Бухоро рафта, ба чавоби К. П. Кауфман интизор шуд.

Генерал-губернатори Туркистон К. П. Кауфман пешниходи амир Музаффарро оиди сулх кабул кард. Мувофики Созишномаи сулхи Зирабулок аз 23 июни соли 1868 кисми каламрави Бухорои аз тарафи аскарони Русия ишголкарда ба Русия гузашт. Бухоро хукуки бо давлатхои хоричи мустакилона муносибат карданро аз даст дод. Хамин тарик, амири Бухоро ба вассали халкабаргуши империяи Русия табдил ёфт. Агенти Кулли сиёсии Русия аз Когон истода, ба фаъолияти амири Бухоро назорат мекард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …