Главная / Гуногун / Хучуми Руссия ба Осиёи миёна

Хучуми Руссия ба Осиёи миёна

Инкишофи минбаъдаи робитахои тичоратию сиёсии Россия бо давлатхои Осиёи Миёна

Чунон ки дар боло кайд карда шуд, хукумати подшохии рус саъй менамуд, ки бо рохи иктисоди ва дипломати мавкеи худро дар Осиёи Миёна мустахкам карда, нуфузи хукмфармои худро дар Бухоро, Хева ва Хуканд пойдор гардонад. Дар охири солхои чилум ва ибтидои солхои панчохуми асри ХIХ кушишхои Британия дар рохи вусъат додани тичорат ва дасисахои сиёсии он Петербургро ба ташвиш андохта, дар вай хавфи чиддии аз даст рафтани бозори осиёи миёнагии молхои рус ва дар худуди чанубии Россия устувор гардидани мавкеи харифони хатарнокро ба вучуд овард. Аз ин ру, хукумати подшохи барои инкишофи минбаъдаи муносибатхо бо давлатхои хонии Осиён Миёна харакат намуда, дар айни замон ба максади баркарор кардани хукм­ронии худ дар он сарзамин икдомоти харби низ ба амал овард.

Дар соли 1847 кушуни хукумати подшохи ба сохилхои бахри Арал расид. Дар ин чо бо унвони Раим истехкоме бино карда шуд, ки баъдхо номи Калъачаи Аралро ба худ гирифт. Ин истехком ва дигар калъахои сохили бахри Арал барои он сохта шуда буданд, ки харакати бемонеаи корвонхои тичорати ба дарунтари Осиёи Миёна таъмин гардад. Дар худи хамин вакт дастаи дигаре, ки аз чониби Сибир ба Осиёи Миёна харакат мекард, ба хафт­руд расид. Ба ин тарика, куввахои харбии хукумати подшохи аэ ду тараф – аз Оренбург ва Омск ба заминхои яйлокии аз казокхо ва киргизхо кашидагирифтаи давлати хонии Хуканд наздик шуданд.

Ишголи калъаи Окмачити Хуканд (истехкоми Перовский, Кизил Урдаи хозира), ки соли 1853 пас аз мухосира ва хамлаи дастаи  чанговарони  рус  тахти   фармондехии  генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский ба вукуъ пайваст, дар рохи харакати минбаъдаи кушунхои хукумати подшохи мархалаи мухимме гардид. хамон сол аввалин рохи обии Россия ба Осиёи Миёна кушода шуд ва киштихои рус ба шино кардан аз бахри Арал ба самти саргахи дарёхои Сир ва Аму шуруъ намуданд. Пас аз ин кад-кади  сохилхои  дарёи  Сир   як  катор  нуктахои  муковимат сохта, хатти истехкомоти Сирдарё ба вучуд оварда шуд. Дар тарафи шаркии Осиёи Миёна хатти истехкомоти Сибир ба он мутобикат менамуд. Ахолии махалли казокхо ва каракалпокхо, ки дучори зулму тааддии давлатхои Хуканд ва Хева гардида буданд, ба кушунхои хукумати подшохии рус фаъолона кумак мерасониданд.

Петербург дар баробари ба  амал овардани икдомоти харби саъю кушишхои худро дар бобати ба василахои дипломати «кушодани» рохи васеи ба Хева ва Бухоро дохил шудани молхои рус низ идома медод. Баъди тамом шудани чанги Крим, ки як муддат диккати доирахои хукмрони империяи Россияро аз Осиёи Миёна дур карда буд, соли 1858  ба аморати Бухоро ва хонии Хева бо сардории полковник Н.П.Игнатев намояндагии дипломати фиристода шуд. Гуфтушуниди ин намояндаги дар давлати хонии Хева ягон натичае надод. Аммо дар аморати Бухоро ба Игнатев муяссар шуд, ки баъзе муваффакиятхо ба даст оварад. Амир Насрулло, ки бо хони Хуканд чанг мекард, бо умеди пуштибони дидан аз давлати Рус хайъати сафоратро ба хуши пазируфт ва барои савдогарони рус имтиёзхои муайяне ваъда дод. Лекин  амали  намудани  мувофикати хосилшуда  нихоят дарача душвор гардид. Худи Игнатев хам фахмид, ки хукуматхои хони (кабл аз хама, хукумати Хева) ба мушохидахои пешина ахамияте намедиханд: дар Хева хатто матни карордодеро, ки дар натичаи ба давлати хони ташриф овардани П. Никифоров ва Г. Данилевский баста шуда буд, ёфта натавонистанд…

Империяи Россия ба хулосае омад, ки барои расидан ба максадхои сиёси ва иктисодии худ дар Осиёи Миёна бояд куввахои мусаллахро ба кор андохт. Ин ният аз он сабаб хам кувват мегирифт, ки пас аз чанги Крим нисбат ба давлатхои тараккикардаи аврупои заифтар будани Россияи подшохи аён гардид ва Осиёи Миёна хамчун бозори каму беш замонатдори молхои саноатии рус дар пеши назари доирахои хукмрон ва сохибкорони мамлакат ахамияти махсусе пайдо намуд. Вачхи охири бо тараккиёти сареи муносибатхои капиталисти дар Россияи нимаи дувуми асри ХIХ, хусусан пас аз бекор кардани хукуки крепостнои хеле сахт алокаманд буд. Корхонахои нави саноати ба вучуд меомаданд. Мухимтарин сохаи саноат – бофандаги, ки бо таъмини пахта вобаста буд, бо суръати тамом вусъат меёфт. Тараккиёти иктисоди ба даст овардани бозорхои нави фуруши мол, манбаъхои нави маводи хом ва василахои нави алокаро талаб мекард.

Илова бар ин, амалиёти фаъолонаи давлати Рус дар Осиёи Миёна на факат хавфи аз тарафи Англия истило шудани ин сарзаминро бартараф мекард, балки, баръакс, Россияро ба худуди мулкхои шаркии Британия наздиктар менамуд. Ба хамин восита Петербург кусури шикасти чанги Кримро гирифтани ва мавкеи худро дар Европа мустахкам кардани буд. Аз ин ру, сар даровардан ба дарунтари Осиёи Миёна бо максад ва манфиатхои хам помешикон ва хам доирахои буржуазии империяи Россия мувофикат мекард.

Мо дар баробари таъкид намудани омезиши сабабхои иктисоди ва сиёсие, ки Петербург дар муайян кардани накшаи фаъолияти худ нисбат ба давлатхои Осиёи Миёна онхоро ба асос мегирифт, мавкеи дарачаи аввал доштани омилхои иктисодиро бояд дар назар дошта бошем[1]. В.И.Ленин дар маколаи «Боз доир ба масъалаи назарияи реализатсия» махз дар давраи баъди ислохот бештар авч гирифтани мустамликакунии кишвархои канориро бесабаб хотирнишон накардааст. У менависад: «Чануб ва чануби шарки кисмати Россияи Европои, Кавказ, Осиёи Миёна, Сибир як навъ мустамликахои капитализми рус мебошанд ва на факат ба кад, балки ба бар ба андозаи бузург таракки ёфтани капитализми русро хам таъмин мекунанд»[2].

Бинобар ин бесабаб нест, ки масъалаи дар Осиёи Миёна устувор гардидани мавкеи империяи Россия таваччухи аз хад зиёди доирахои тичоратию саноатиро ба худ кашида, дар ташкилот ва органхои матбуоти онхо мавкеи мухокимаи пурчушу хуруше гардидааст.

Ишголгарихои мустамликави факат ба хукумати мутлакаи подшохи, помешикхо, дворянинхое, ки дар хизмати граждани ва харби мансабхои калонро сохибанд, ба як тудача капиталистон, фабрикантхо  ва   пудратчихо  фоиданок   аст[3].

Дар солхои шастуми асри ХIХ, ба сабаби он ки дар натичаи сар задани чангхои дохили дар шимол ва чануби Америка ба Европа кашондани пахтаи америкои катъ гардида, бухрони саноати бофандагии Европа ва Россия ба амал омад, истилои Осиёи Миёна хамчун манбаи маводи хоми пахта ахамияти махсус касб намуд. Масалан, то соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 4-5 сум арзиш дошта бошад, нархи он дар соли 1862 ба 7 суму 50 тин ва дар соли 1864 ба 23-24 сум расид.

[1] Ниг.: Халфин Н.А., 1972.

[2] Ленин В.И. Асархо, ч. 4, с. 86.

[3] {амон асар, с. 386.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …