Главная / Илм / Хотирахои компютери фарди

Хотирахои компютери фарди

Фармонхо ва маълумотхое, ки бо системахои компютер тахия мешаванд, дар кисми хотира нигох дошта мешаванд. Хамаи компютерхо чунин хотираро доранд. Чи кадаре, ки хотира бисёр бошад хамон кадар фармонхо ва маълумотхо дар он бисёр нигох дошта мешаванд.

Ченаки хотира бо байтхо хисоб карда мешавад.

166265_1560250641_0

Дар хаёти харрузаамон мо аз ракамхои:

0,1,2,3,4,5,6,7,8,9 истифода мебарем, ки инро системаи хисобкунии дахи меноманд. Компютер ахборро факат дар шакли адади омода  мешавад.  Тамоми  компютерхои фарди дар системаи хисобкунии дуи кор мекунанд, ки он бо 0 ва 1 ифода карда мешавад. ва онхоро бит меноманд. Барои ададро ба системаи хисобкунии дуи ифода намудан чунин амалиёт гузаронида мешавад:

(45)10=(x)2

Вохиди хурдтарини ахбор бит мебошад, ки киматхои ададии 0 ва 1-ро кабул мекунад. Вохиди бузургтари ахбор байт, килобайт, мегабайт, гигабайт, петабайт  ва терабайт  мебошад.

Пас, адади 45 аз системаи хисобкунии дахи дар системаи хисобкунии дуи ба 101101 баробар аст. Хашт бит ба як байт баробар аст. Пас

  • 210 байт баробар ба 1 килобайт,
  • 1 килобайт баробар ба 1024 байт,
  • 1 мегабайт баробар ба 1024 килобайт,
  • 1 гигабайт баробар ба 1024 мегабайт,
  • 1 терабайт баробар ба 1024 гигабайт,
  • 1 петабайт баробар ба 1024 терабайт.

Дар бисёрии компютерхои фардии хозиразамон хотираи дорои на камтар аз 512 мегабайт васл карда шудаанд.

Расми хотираи компютер

Дар бисёри холатхо мо бо компютерхои дорои хотираи 1 гигабайт ва аз он зиёдтар вомехурем.

Кайд кардан зарур аст, ки солхои 2009-2010 бо компютерхое вомехурем, ки хотираашон ба 1-4 гигабайт баробар аст.

Барои бо барномахои бисёр бо суръати баланд кор кардан    бояд компютер хотираи калонтар (зиёдтар) дошта бошад. Ба хотираи компютер  метавонем боз хотира зам намоем, яъне метавонем онро васеъ намоем. Агар зудии хотира хурд бошад, яъне хотираи компютер аз 512 мегабайт камтар бошад,  дар протсессори ин компютерхо амалиётхо сусттар  ичро карда  мешаванд. Шумо мехохед, ки дар вакти кор кардан бо компютер на бо як барнома, балки бо 3-4 барнома кор кунед. Дар ин холат суст ё тез будани хотираи компютер ба Шумо маълум мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …