Главная / Гуногун / Хонхои Хуканд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Хонхои Хуканд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Хонии Хуканд дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX сарзамини васеъро ишгол намуд. Шахрхои Хуканд, Намангон, Андичон, Маргелон, Уш (дар водии Фаргона), Тошканд ва Туркистон, нохияхои хозираи Точикистон – Исфара, Конибодом, Ашт, каме дертар Дарвоз, Каротегин ва Помир ба ин хони тобеъ буданд. Бо ин каноат накарда, хонхо барои васеътар гардонидани мулки худ лашкаркаши ва хунрезихои зиёде кардаанд.

Норбутаби панч писар ва панч духтар дошт. Баъд аз вафоти у писараш Олимхон тахтнишин гашт. У зиёда аз дах сол (1800-1810) хукм ронда, дар синни 36-солаги аз тарафи бародараш Умархон катл шуд.

Олимхон барои мустахкам намудани хонии Хуканд баъзе тадбирхо андешид. У икдом кард, ки баъзе урфу одатхоеро, ки ба шариати ислом мувофикат намекунанд, бархам диханд. Чунончи, касоне, ки худро дуруг сайидзода ва ё шайхзода эълон карда буданд, хамаро манъ намуд.

xoni-kukand

Дар Мовароуннахр ва вилоятхои дигар расм буд, ки дар хар чо дарахти азим бошад, он чоро, мазор пиндошта, латта меовехтанд, чарог дар мегиронданд, ва аз он макон ёри металабиданд ва худро дар гумрохи меандохтанд. Бо фармони Олимхон ин кабил дарахтхоро аз беху бунёдаш барканданд.

Чораи навбатии Олимхон нисбат ба гадохо буд. Яъне гадохое, ки бо вучуди давлат доштан гадои мекарданд, хамаро хон чамъ намуда сорбон сохт. Ба хар кадоми онхо як уштур биспурд, ки онхо фарбех кунанд, дар вакти борбари ба корхонаи подшохи хозир созанд.

Аз руи мушохидаи Олимхон дар каламрави у шайхтарошоне буданд, ки худро вали сохта, бардуруг кароматфуруши мекарданд ва мусулмононро мефирефтанд. Хон чумлаи ин кабил одамонро чамъ намуда, имтихон намуд. Онро, ки кораш ба шаръ мувофик буд, ба иззати тамом рухсату ичозат медод. Онро, ки кораш бар хилофи шаръ дармеёфт, ба чандин хори тавба медод.

Аз ин чорачуихо бармеояд, ки Олимхон марди сохибмаърифат буд. Бесабаб нест, ки у пайрави тарикаи чахрия буд ва хар руз баъд аз хуфтан дар касри худ чахр мекард.

Чорахои андешидаи Олимхон сабаби норози гаштани баъзе табакахои ашроф ва сардорони кабилахои бодиянишин гашт. Барои худмухофизати хони мазкур сафи сарбозонро аз хисоби чавонони кухистони – Мастчох, Каротегин ва Дарвоз афзун гардонид. Кисми савораи лашкари Хуканд ба дах хазор расид. Барои ин микдор сарбозро аз хурок ва лавозимоти харби таъмин намудан Олимхон ба тачовузи мулкхои дигар омода гашт. У борхо барои ишголи Хучанд, Уротеппа ва Чиззах лашкар кашидааст.

Амалиёти тачовузкоронаи хони Хуканд ба нафси амири Бухоро мерасид. Байни ин ду давлат барои ишголи мулки Уротеппа задухурдхои бисёре ба миён омаданд.

Чун тасарруфи Уротеппа ба Олимхон муяссар нашуд, кусури онро аз чои дигар баровард. Дар охирхои хукмрониаш Тошканд ва кабилахои казоки хамчавори онро ба каламрави худ дохил кард.

Олимхон дар бобати марказонидани давлат чидду чахди бисере ба харч дод. Вале мухолифати доирахои бонуфузи аъёну ашроф ва рухониёнро бартараф карда натавонист.

Ба гуруххои аз Олимхон норози муяссар гашт, ки суикасд ташкил намуда, хонро ба катл расонанд. Ба чои у бародараш Умархон (1810-1822) ба тахт нишаст. Дар ахди салтанати у сохти маъмурии давлати хони комилан ташаккул ёфт. Умархон ба тарафи шимол лашкар кашида, масохати пахновари даштхои казокнишинро аз бахри Арал то Хафтруд ишгол намуд. Хамин тарик, як кисми кабилахои киргизу казок ба каламрави хони Хуканд дохил гардид. Табакаи ашроф дар солхои хукмронии у ба имтиёзхои пешинаи худ молик гардида, мансабхои олии давлатиро сохиб гаштанд. Умархон борхо барои ишголи Хучанд, Уротеппа ва Чиззах бо хокимони ин мулкхо ва амири Бухоро чангидааст. Хунрези ва катлу горати лашкари Хуканд хаду канор надоштанд. Масалан, соли 1816 Умархон Уротеппаро ишгол намуда, зиёда аз ду хазор касро катл кард. Сездах хазор одамро асир намуда, ба мулки худ овард. Бо кувваи асирони Уротеппаги шахре бо номи Шахри Хон бино карда, садхо таноб замин обёри карда шуд. Дар муддати хафт сол аз руи фармони Умархон асирони мазкур хукуки хона сохтан надоштанд. онхо дар чайлаву чодархо истикомат мекарданд.

Бо рохи катлу горат ва истисмори мардуми зеридаст ба Умархон муяссар мешавад, ки иктидори иктисодии мулки худро ба дарачаи нисбатан баланд бардорад.

Умархон худ шоир буд ва бо тахаллуси Амир шеър мегуфт. Дар солхои хукмронии у дар Хуканд доираи адаби арзи вучуд намуд. Яке аз шоирахои сохибсаликаи ин дойра хамсари Умархон – Мохларойим буд, ки бо тахаллусхои Макнуна, Нодира ва Комила шеър эчод мекард.

Баъд аз вафоти Умархон писари 15-солааш Мухаммадалихон ба тахти Хуканд нишаст. Даставвал у шахсони ба худ номаъкул ва махдудкунандаи амалиёти уро аз дарбор дур кард. Сиёсати падар ва амакашро давом дода, у борхо барои ишголи Кошгар, вилоятхои чануби Казокистон, Уротеппа, Ём ва чойхои дигар лашкар кашид. Каротегин, Кулоб, Дарвоз ва як кисми Бадахшон дар замони хукмронии хони мазкур як муддат тобеи Хуканд гаштанд.

Дар хонии Хуканд ва аморати Бухоро баъди ба сари кудрат омадани Мухаммадалихон вокеахои бисёре рух доданд. Максади хар кадоми онхо ба даст даровардани шахрхои Чиззах, Хучанд ва Уротеппа буд.

Такрибан соли 1828 Мухаммадалихон Уротеппаро забт намуда, ба амир Насрулло созишномаи сулхро пешниход кард. Амири Бухоро ин таклифро кабул намуд. Сулх байни ду давлат аз соли 1830 то соли 1840 устувор нигох дошта шуд.

Аз соли 1840 то соли 1866 байни хонии Хуканд ва аморати Бухоро муборизахои шадид давом карданд. Дар ин муддат шахрхои Хучанд ва Уротеппа хар якуним сол аз дасти хон ба дасти амир мегузаштанд ва баракс.

Яке аз бахонахои вайроншавии сулхи дахсола дар соли 1840 ин ба тарафи амир Насрулло гузаштани бародари Мухаммадалихон – Султон Махмудхон буд. Амир Насрулло уро кабул карда нисбати ин марди аз бародари худ норозигашта мехрубонихо зохир намуд.

Барои доиман дар зери хавф нигох доштани мулкхои зери тасарруфи хони Хуканд буда, амири Бухоро Султон Махмудро хокими Урметан таъин кард. Хони Хуканд ба чанг зидди Бухоро омода гашт. Вале дар назди Уротеппа у шикаст хурда акибнишини намуд. Хучанд ба амири Бухоро бе чанг таслим шуд.

Амир Насрулло аз акиби лашкари Мухаммадалихон сарбози даххазорнафараро бо сафирхо равон кард. Хони Хуканд эхсос намуд, ки кор аз даст рафтааст. Бинобар ин у ба хузури амири Бухоро писарашро бо мухри давлати равон кард. Сафирхои Хуканд ба амир хабар расонданд, ки ин хон ба Насрулло шахрхои Хучанд, Тошканд ва Туркистонро бо хирочи яксолаи давлати ва бочи аз савдогарон чамъовардааш медихад. Илова бар хамаи ин дар хутба номи амир Насрулло гирифта мешавад. хамаи ин гузоришхо маънии аз даст додани истиклолият ва тобеи аморати Бухоро гаштани хонии Хукандро дошт.

Амир Насрулло бо ин гузоришхо каноатманди хосил намуда, бародари Мухаммадалихон – Султон Махмудро хокими Хучанд таъин карда, ба Бухоро баргашт.

Мухаммадалихон руяки ба шартхои Амири Бухоро рози шуда, дар амал бар зидди Бухоро ба чанг омода мегашт. Дар ин кор модараш Мохларойим (Нодира) ба у кумак мерасонд. Ин зан ба Хучанд ба назди писари хурдиаш Султон Махмудхон омада уро барои ошти бо бародараш Мухаммадалихон моил намуд. Созиш намудани ду бародар маънои онро дошт, ки Хучанд аз тасарруфи Бухоро баромада, боз ба хонии Хуканд хамрох шудааст.

Ин хабар Амир Насруллоро ба газаб овард ва у соли 1842 ба самти Хуканд лашкар кашид. Ин навбат пойтахти хонигари шахри Хуканд аз тарафи амир ишгол шуд.

Хони Хуканд Мухаммадалихонро бо писараш, модараш Нодира ва бародараш Султон Махмуд ба катл расонд. Нух мох Хуканд зери идораи дастпарвари Бухоро карор гирифт.

Мухаммадалихон марди золим ва бетараххуме буд. У одамони бегунохро ба катл мерасонд. Чун шухратпарасти фосик умр ба cap мебурд, айшу нуш ва кайфу сафо шугли доимии Мухаммадалихон ба шумор мерафт. Мухаммадалихон кафтарбозиро дуст медошт. Дар хар чое, ки кафтархои бозингар парвариш мешуданд, ба он чо лашкар кашида, сохиби ин парандахо шудан мехост. Бо ин васила хамнишастии у аксар вакт кафтарбозони касби ва авбошони шахри буданд. Рафтори номуносиби хони Хуканд барои ишголи ин мулк, катли Мухаммадалихон ва наздикони у аз тарафи амир Насрулло бахона шуд.

Баъд аз дуним мохи ин вокеа хокимияти Бухоро дар Хуканд аз тарафи сарварони кабилахои киргизу кипчок бо иттифоки мардуми шуришбардоштаи шахри Хуканд сарнагун гашт. Ба сари хокимият чияни Норбутабии Шералихон (1842-1844) омад. У тавонист, ки хокимияти Хукандро бори дигар дар Тошканд, Курама, Хучанд ва чанубии Казокистон баркарор намояд. Дар солхои хукмронии у кабилаи кипчок бо сарварии Мусулмонкул дар мулки Хуканд обру ва нуфуз пайдо намуд. Мубориза барои тахти хони байни ворисони Олимхону Умархон аз як тараф ва кипчокдо аз тарафи дигар, ба хунрезихо оварда, Шералихон катл шуд. Писари у Худоёрхон соли 1844 ба тахти Хуканд сохиб гашт. Вале дар ин сарзамин худсарии кипчокхо ба дарачаи баланд расид. онхо сохибихтиёрона амал намуда, мардуми тахчоии Хукандро аз худ паст шуморида, тахкир мекарданд. Окибат бар зидди Мусулмонкул ва кабилаи кипчок балвои омма бархеста, хокимияти бодиянишинон бархам хурд. Соли 1852 Мусулмонкул катл шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …