Главная / Чамъият / Холатхои чавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

Холатхои чавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

Моддаи 190-и Кодекси Мехнат. Холатхои чавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

  1. Ба зиммаи корманд чавобгарии пурраи модди барои зарари ба корфармо расонидашуда дар холатхои зерин вогузор карда мешавад:

– таъмин накардани хифзи молу мулк ва дигар дороихои дар асоси шартномаи хатти оид ба чавобгарии пурраи моддии ба корманд супоридашуда;

– таъмин накардани хифзи молу мулк ва дигар дороихои дар асоси хуччатхои якдафъаги хамчун зерхисоб кабулкардаи корманд;

– расонидани зарар дар холати масти, бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда;

– камомад, касдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, махсулоти нимтайёр, маснуот (махсулот), аз чумла хангоми тайёр кардани онхо, инчунин асбобу анчом, либосхои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда;

– расонидани зарар аз чониби корманд бо кирдорхои гайриконунии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– расонидани зарар хангоми ичро накардани ухдадорихои мехнати;

– касдона фош намудани сирри хизмати ва тичорати, агар шартхои махфуз нигох доштани он дар конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи мехнати пешбини шуда бошанд;

– дар холатхое, ки чавобгарии пурраи зарари хангоми ичрои вазифа расонидашуда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаи корманд гузошта шуда бошад.

  1. Чавобгарии пурраи моддии корманд барои зарари хангоми ичрои вазифа расондашуда дар шартномаи мехнати, ки бо рохбари ташкилот, муовинони у ва сармухосиб баста шудааст, мукаррар карда мешавад.
  2. Чавобгарии моддии корманд хамон вакт имконпазир аст, ки агар зарар бо гунохи у ба корфармо расонида шуда бошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …