Главная / Чамъият / Холатхое, ки иштироки судя, дар мурофиаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд

Холатхое, ки иштироки судя, дар мурофиаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд

Моддаи 38-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Холатхое, ки иштироки судя, макомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар мурофиаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) наметавонанд дар мурофиаи хукуквайронкунии маъмури  иштирок намоянд, агар:

– тибки конун барои пешбурд ва баррасии хамин парвандаи хукуквайронкунии маъмури ваколатдор набошанд;

– оид ба хамин парвандаи хукуквайронкунии маъмури чабрдида ё шохид бошанд;

– дар хамин парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба сифати коршинос, мутахассис, тарчумон, шахси холис, прокурор, котиби мачлиси суд ва  химоятгар иштирок карда бошанд;

– худи онхо, хешовандони наздикашон бевосита ё бавосита ба халли парванда манфиатдор бошанд;

– холатхое мавчуд бошанд, ки бегаразии судя, макомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) зери шубха гузоранд.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) вазифадоранд аз иштирок дар парванда даст кашанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …