Главная / Гуногун / Хокимияти “Сегона’’-и олмонимаобхо

Хокимияти “Сегона’’-и олмонимаобхо

Германия мехост, ки Туркияро бар зидди Англия ва Русия истифода барад. Барои хамин сиёсати пешгирифтаи чавонтуркхоро дастгири мекард. Аз хамин сабаб дар доирахои хукмрони Туркия гурухи германимаоб пурзур шудан мегирад. Макоми ин гурух махсусан баъди охири соли 1913 дар Туркия ба дасти “сегона”-и чавонтуркхо гузаштани хокимият – вазири харби Анварпошшо, вазири умури дохила ва раиси Кумитаи Марказии “Иттаход ва Таракки” Талъатпошшо ва вазири бахр ва губернатори Истамбул Чамолпошшои хурд боз хам пурзуртар мешавад.

657_1

Ду нафари аввали “сегона” – Талъатпошо ва махсусан Анварпошшо чонибдори бо рохи Германия рафтани Туркия буданд. Онхо мегуфтанд, ки Туркия бо ёрии Германия метавонад аз режими таслимкорона халос шуда, баъд накшахои пантуркии худро татбик кунад. Бо чидду чахди Анварпошшо соли 1913 генерали немис Лиман фон Сандерс бо супориши махсус ба Туркия ташриф овард. Аз хамин вакт cap карда артиши Туркия ба зери назорати Германия дохил шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …